Соли ҷорӣ аз ҳар чиптаи фурӯхташудаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ду сомонӣ ба суратҳисоби Фонди хайриявии он гузаронида мешавад.
- Маблағҳои ҷамъшуда барои кумак ба кӯдакони то 12 — сола харҷ мегардад, ки мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб мебошанд. Соли 2016 ба оилаҳои камбизоат, кӯдакони ятиму бепарастор ва мактаб – интернатҳо 763,4 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд, — гуфт директори генералии ҷамъияти мазкур Хайрулло Раҳимов дар нишасти матбуотие, ки 23 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Алҳол ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» ба шаҳрҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон ва хатсайрҳои дохилӣ парвоз анҷом медиҳанд. Вобаста ба пайдошавии имкониятҳо ва талабот соли ҷорӣ ҷуғрофияи парвозҳо васеъ мегардад. Соли гузашта 325 341 мусофир интиқол шудааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 12 812 нафар зиёд аст. Даромади умумии ҶСК «Тоҷик Эйр» назар ба як соли пеш 13 фоиз афзоиш ёфт.
Синни миёнаи кормандон 38-39-ро ташкил намуда, дар ҶСК «Тоҷик Эйр» намояндагони 12 миллат фаъолият доранд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»