Шумораи омӯзгорону кормандони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит 202 нафарро ташкил дода, он соли 2016 қабули довталабонро дар асоси пешниҳоди хулосаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд.
-Теъдоди донишҷӯёни ба имтиҳонҳо ҳозирнашуда ва хориҷшуда нисбат ба соли 2015 хеле кам шудааст. Яке аз нишондиҳандаҳои назарраси сессияҳои зимистона ва тобистонаи соли 2016 зиёд шудани балли миёнаи донишҷӯён мебошад, — гуфт 20- уми январи соли равон дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Тоҷиддин Асомуддинзода.
Дар китобхонаи донишкада 11255 адад китоб ба забонҳои форсӣ- тоҷикӣ, арабӣ, ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ, туркӣ ва урду мавҷуд аст. Танҳо дар соли 2016 раёсати донишкада бо пешниҳоди кафедраҳо 601 нусха китобҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ ва бадеӣ харида, ба фонди китобхона ворид намуд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи илмии ҳайати устодони донишкада 18 нафар омӯзгор аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Бо ташаббуси устодон соли гузашта 22 китобу дастури таълимӣ нашр гардид.
- Робитаи донишкада бо дигар муассисаҳои таълимии олии ҷумҳурӣ, махсусан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Баъзе аз хатмкардагони донишкада барои идомаи таҳсил дар сатҳи магистр ва аспирантура ба дигар донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат мераванд. Бо макотиби олии динии берун аз ҷумҳурӣ робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ дорем, вале бобати табодули устодону донишҷӯён алҳол қарордоди ҳамкорӣ набастаем, — иброз дошт Тоҷиддин Асомуддинзода.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз рӯи панҷ ихтисос мувофиқи зинаи бакалавр мутахассис тайёр мекунад.Ҳар як дастпарвари Донишкадаи исломӣ соҳиби ду ихтисос мешавад, ки ин барои дарёфти ҷойи кор имкони бештар медиҳад.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»