- Дар таълимгоҳ се факултет ва 7 кафедра фаъолият дошта, чанде пеш шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ барои хонандагони синфҳои 7-11 ташкил ёфт, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ 23 январи соли 2017 ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода.
Муассиса баҳри омодасозии мутахассисон аз рӯйи 26 ихтисос фаъолият ба роҳ мондааст.
Бояд зикр намуд, ки дар донишкада мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ихтисосҳои замонавӣ ба ҳисоб мераванд, хеле кам мебошанд. Ба ин нигоҳ накарда, раванди таълим беҳтар шуда истодааст. Ҳоло се донишҷӯи донишкада ба гирифтани стипендияи президентӣ мушарраф шудаанд.
- Нисбат ба соли гузашта маоши омӯзгорон ду — се баробар баланд шуда, бо дастрас намудани маблағҳои иловагӣ хубтар намудани фаъолияти парки технологӣ ва зиёдтар намудани музди меҳнати омӯзгорон дар назар аст, — гуфт дар хотима Ҷамшед Ғанизода.
Шарофат Абдулвоҳидова, «Садои мардум»