Паём оинаеро шабеҳ аст, ки ҳолати воқеиро инъикос менамояд

№8 (3645) 26.01.2017

DSC_1909Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои муҳими рӯз, аз қабили мушкилиҳо дар фаъолияти бонкҳо ва дар робита ба ин, зарурати андешидани чораҳои фаврӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои амонатгузорон, ҳолатҳои зиёди ҷой доштани санҷишҳои бемавриди соҳибкорон, ҳамчунин, мавҷудияти баъзе монеаҳои сунъии  маъмурӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст.

Сарвари давлат рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкориро яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ маънидод карда, тақвияти  шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, содагардонии расмиёти бақайд­гирии соҳибкорӣ ва ба танзим даровардани  фаъолияти иҷозатдиҳиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим арзёбӣ намуданд. Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ аз 1 январи соли 2017 аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 50 фоиз озод кардани воридоти ҳама намуди автомашинаҳои нав, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ ва аз пардохти андоз аз фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ то панҷ сол аз иқдоми ­воқеии Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар ин самт башорат медиҳад.

Моҳият ва нақши Паёми Пешвои миллат дар такомули ҳама соҳа муассир буда, оинаеро шабеҳ аст, ки ҳолати воқеии ҷомеаро инъикос менамояд. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуд, ки хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуш, ки ба он кишвар ва гурӯҳҳои алоҳида «равған мерезанд», аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат, дар муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи зиёди хориҷӣ, муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ дар як давраи кӯтоҳи таърих на ба ҳар миллат муяссар мегардад. Хушбахтона, халқи тоҷик, бо сарварии Пешвои хеш ба ин дастоварди беназир ноил шуд ва инак, барои рушди минбаъда саъй дорад. Тавре Сарвари давлат ёдовар шуданд, ҳоло захираву имконият ва саъю талош баҳри иҷрои се ҳадафи стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар шудааст. Амалисозии барномаҳои ба ин се ҳадаф нигаронидашуда имкон дод, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзуда, то чор баробар зиёд гардад. Он нукта низ зикр шуд, ки «танҳо дар 15 соли охир даромади Буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандоз­ҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 даромади пулии аҳолӣ 27,2 миллиард сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2015 – ум 8,1 фоиз зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд».

Ҳар нуктаи Паёми Сарвари давлат таҳрикбахши ташаббусҳои наву созанда ба нафъи Ватан аст. Бунёди низоми ягонаи энергетикии кишвар, ба кор андохтани зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав, эъмори беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи 11,4 миллиард сомонӣ аз ҷумлаи дастовардҳои шоёни замони Истиқлолият маҳсуб меёбанд. «Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем», — таъкид намуданд Пешвои миллат. — «Соли 2016 барои мардуми тоҷик, дар ҳақиқат, соли таърихӣ ва бобарор ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад. Яъне, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шуда, иҷрои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва иҷтимоӣ тибқи ҳадафҳои афзалиятнок таъмин мегардад». Ин хулосаи Сарвари давлат водор месозад, ки фаъолиятро тавсеа бахшида, рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдонии хеш — саҳмгузорӣ дар ободии Ватанро ба ҷо орем.

Дар Паём ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ супориш дода шуд, ки зиёд намудани майдони заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшаванда, иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020» — ро таъмин намояд. Ҳангоми таҳлили ин масъала Пешвои миллат изҳори нигаронӣ намуданд, ки зери таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла вобаста ба вазъи бозори фурӯши нахи пахта, майдони кишти чигит нисбат ба солҳои гузашта кам шуда, боиси коҳиш ёфтани фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва ҳаҷми содироти он гардидааст. Бинобар ин, кумита вазифадор гардидааст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақа, барои мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавас­мандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешад. Дар робита ба ин, нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ ва тибқи он аз ҳисоби мабл­ағҳое, ки ба суратҳисоби махсуси кумита ворид мегарданд, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат то панҷ гектар боғу токзор бунёд ва то даҳ гектар заминҳои партов ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд.

Риояи талаботи қонунгузории замин, муборизаи оштинопазир бо омилҳои коррупсионӣ дар мадди назар хоҳад буд. Вобаста ба нуктаҳои Паём тадбирҳои ҷиддӣ андешида, барои иҷрои саривақтии онҳо аз тамоми имкон самаранок истифода хоҳем кард.

 Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон