25 январи соли 2017 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо директори Барнома оид ба ғанигардонии маҳсулоти ғизоии Аҳдномаи глобалӣ оид ба беҳсозии ғизо Грег Гаррет мулоқот намуд.
- Таъмину ҳифзи амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба он ноил шудан Давлат ва Ҳукумати кишвар захираву имконият ва саъю талоши худро сафарбар намудааст, — изҳор дошт Хайринисо Юсуфӣ.
- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳалли ин масъала силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» ва ғайра қабул намудааст. Айни замон лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст ва мавриди омӯзиш қарор дорад, — афзуд Хайринисо Юсуфӣ.
Хайринисо Юсуфӣ, ҳамчунин, аз ҳамкорӣ бо шарикони рушд ёдовар шуда, аз ҷумла, иброз дошт, ки ҳоло дар кишвар якчанд лоиҳа оид ба беҳтаргардонии ғизо ва солимии аҳолӣ самаранок амалӣ мешаванд. Ҳамкориҳо бо шарикони рушд оид ба пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғанигардонии орди гандумӣ», таҳияи Нақшаи амал оид ба омодагӣ ва баррасии таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории бо микронутриентҳо бойгардонидашуда» идома дорад ва умед аст, ки дар оянда он боз ҳам самаранок хоҳад шуд.
Ҷаноби Грег Гаррет ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон барои пазироии самимӣ миннатдорӣ баён намуда, аз ҳамкории судманди тайи солҳои охир суратгирифта изҳори қаноатмандӣ кард.
- Барои инсон гуногунии ғизо хеле муҳим аст, зеро истеъмоли хӯроки серғизои дорои витаминҳои гуногун касро сиҳату саломат нигоҳ медорад, қобилияти фикр рондану ба кори вазнини ҷисмонӣ тоб оварданро баланд мекунад, — изҳор намуд ҷаноби Грег Гаррет.
Номбурда дар кишварҳои рӯ ба рушд пеш гирифтани ғанигардонии маҳсулоти хӯроквориро яке аз омилҳои муҳими ноил шудан ба ин ҳадаф номид. Ӯ гуфт, ки Барнома оид ба ғанигардонии маҳсулоти ғизоии Аҳдномаи глобалӣ оид ба беҳсозии ғизо минбаъд низ ҳамкориҳоро дар амри мусоидат ба ҳалли масъалаи беҳгардонии ғизо ва солимии аҳолӣ идома хоҳад дод.
Абдумаҷид Муродов, «Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ