ДУШАНБЕ. (Х. АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум) Рӯзи 9-уми июни соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ маълум гардид, ки Абдусалом Раҷабов, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Тоштеппаи ноҳияи Шаҳринав, соли 2010 бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд, ки ноболиғ Абдуҷаббор Муҳаммадҷони панҷсоларо аз кӯчаи Испечак-2-и пойтахт бо худ бурдааст. Номбурда рӯзи 8-уми июни соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ноболиғон Хусрав Орифҷонови 9-сола, Фаррухҷон Орифҷонови 10-сола ва Фозилҷон Буриеви 11-соларо бо баҳонаи чидани гелос ба бовариашон даромада, бо ҳамроҳии худ гирифта, ба ноҳияи Бохтар бурдааст. Худи ҳамон рӯз кормандони милитсия ноболиғони мазкурро пайдо карданд.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон