Сиюми январи соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баъди тасдиқи рӯзнома оид ба масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсиси намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова ва оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот мухтасар маълумот доданд.
Сипас, масъалаҳо «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озод намудани Давлатзода Д. А. аз вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани Ҳамрализода Ф. М. ба вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ ва ба Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Масъалаи «Дар хусуси Созишномаи Париж ба Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Ҳамин тариқ, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили дар боло зикршуда, инчунин, баъди баррасӣ роҷеъ ба масъалаҳои зерин — «Оид ба ҷамъбасти кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳои дахлдор қабул кард.
Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ