Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Игор Шувалов

№9-10(3646-3647) 31.01.2017

32429074711_30ea8a8ece_o27 январи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шуваловро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овард, ба ­ҳузур пазируфтанд.

Дар суҳбат натиҷаҳои кори Комиссияи муштарак ва масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти натиҷаҳои кори Комиссияи муштаракро барои пешбурди минбаъдаи ҳамдастии ду кишвар дар маҷмӯи ҳамкориҳо таъкид намуданд.

Қайд гардид, ки соли равон Тоҷикистон ва Россия 25-солагии роҳандозии робитаҳои дипломатиро ҷашн мегиранд ва тайи ин давра масоили таҳкиму ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ — Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса доштанд ва хоҳанд дошт.

Сарвари давлат бо  ишора ба зумрае аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, аҳамияти идомаи ҳамкории ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии онҳо бо дарназардошти ниёзмандиҳои воқеӣ ва имкониятҳои мавҷуда таъкид намуданд.

Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла дар ояндаи наздик омода сохтану ба имзо расонидани бастаи нави созишномаҳо, ки ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Президенти Тоҷикистон, инчунин, ба зарурати роҳҳои қобили қабули тарафайни ҳалли масъалаҳое, ки дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ба вуҷуд омада, барои шаҳрвандон мушкилот эҷод мекунанд ва боиси доғдор шудани шарокати стратегии ҳар ду давлат мегарданд, ишора намуданд.

Дар партави таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавиву фарҳангии мардуми ҳар ду кишвар, Президенти Тоҷикистон аҳамияти робитаҳои фарҳангиву гуманитариро махсусан қайд намуданд.

Дар ин замина ва бо дарназардошти ҳавасмандии зиёди шаҳрвандони Тоҷикис­тон ҷиҳати ба даст овардани маълумоти оливу миёна ба забони русӣ, аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани квотаҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия, аз рӯи касбу ихтисос­ҳои мувофиқ ба талаботи рӯз, ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Дар баробари ин, таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо кадрҳои педагогии рус, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ низ ҳамчун масъа­лаҳои мубрами рӯз қайд гардиданд.

Тарафҳо изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои кори Комиссияи муштарак ба сифатнокии маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия таъсири мусбат хоҳанд расонид.

www.president.tj