Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Мубориза алайҳи терроризм тақвият меёбад

№71 (3056) 13.06.2013

DSC_0253

Дувоздаҳуми июни соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид. 

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 30 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Ҳоло дар толор 30 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба иҷлосия даъват шудаанд, дар толор ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тавре иттилоъ доред, тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1460 аз 8 июни соли 2013, Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июни соли ҷорӣ даъват карда шуда, масъалаҳои дар он баррасишаванда иборат аз 7 қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар робита ба ин, мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад.)

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст Котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Оид ба ин масъала ба таваҷҷуҳи шумо матни лоиҳаи қарори зерин пешниҳод мешавад:

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Котиботи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

DSC_0203

Раиси Котибот:

Ҷалилов Анвар Расулович

Аъзои Котибот:

Валиев Султон

Кенжекулова Ҷамила Сатибалдиевна.

РАИС:Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Чӣ гуна таклифҳо доред?

Бо назардошти пешниҳодатон лоиҳаи Қарори ироагардидаро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ, ки ба ҳайати Котибот интихоб шудаанд, хоҳишмандам ба ҷойҳои кориашон гузаранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  №1460  аз  8 июни соли 2013 «Дар бораи даъвати Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум масъалаҳои зерин пешниҳод гардидаанд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»

6. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ».

Бо иҷозати шумо лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум», ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1460 аз 8 июни соли 2013 мураттаб гардидааст, ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор бо дарбаргирии масъалаҳои зикргардида қабул шуд.  

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» шуруъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Тағоев Саймурод дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0189Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 апрели соли 2013 қабул намудааст.

Тағйирёбии вазъи сиёсӣ — иҷтимоӣ, иҷтисодию молиявӣ, низоми фаъолияти иҷтисодии хориҷӣ ва савдои беруна, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ҳамчунин қабули қонунҳои нав зарурати такмили Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро, ки аз соли 1995 амал менамояд, ба миён гузошт.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи танзими асъор ва назорати асъор муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 4 боб ва 24 модда иборат мебошад. Дар боби 1-уми он муқаррароти умумӣ ва мафҳумҳои асосӣ дарҷ гардидааст.

Масъалаҳои танзими асъор, вазифаҳо ва принсипҳои танзими асъор, мақомоти танзими асъор ва салоҳияти онҳо, тартиби иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои асъорӣ, тартиби анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ марбут ба ҳаракати сармоя дар боби 2 нишон дода шудааст.

Боби 3 масъалаҳои назорати асъорро дар бар мегирад.  Дар ин боб мақсад ва вазифаҳои назорати асъор, мақомот ва агентони назорати асъор ва салоҳияти онҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо пурра дарҷ гардидааст.

Боби 4 масъалаҳои тартиби махсуси анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро дар бар мегирад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёров Бахтиёр Таварович дода мешавад. Марҳамат.

DSC_0243Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар ҷаласаи худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима намуд. Қонуни зикргардида бо тартиби ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон Н.Ғафорова, А.Азимов ва С.Холов пешниҳод гардида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2013 онро қабул намудааст.

Қабули қонуни мазкур ба такмили қонунгузории мамлакат, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Дар бораи силоҳ» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ нигаронида шудааст. Ҳамчунин ҳадаф мукаммал намудани таркиби ҷинояти маблағгузории кирдори хусусияти террористидошта ва пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ буда, баҳри иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) равона гардидааст.

Ҳамин тавр, тағйироти пешниҳодшуда ба қисмҳои дахлдори моддаҳои 1792, 180, 1842, 1843, 262 ва 402 Кодекси ҷиноятӣ ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар ҳолати вазнинкунанда содир кардани ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ ва сулҳу амнияти инсоният пешбинӣ менамояд. Илова бар он, ин қонун мафҳум ва механизми ҳуқуқӣ-ҷиноятии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, чораҳои зидди маблағгузории терроризм ва мусодираи чунин даромадҳоро мукаммал менамояд.

Тағйироти дигари воридшаванда ба 45 моддаи Кодекси ҷиноятӣ хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, дар онҳо калимаи «яроқ», «яроқи» ва «яроқнок» мутобиқан ба калимаҳои «силоҳ», «силоҳи» ва «мусаллаҳ» иваз карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон), қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

DSC_0236

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар ҷаласаи худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ кард. Қонуни зикргардида бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур ба ғайр аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани муқаррароти Кодекс ба меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин аз иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) иборат мебошад.

Дар асоси тағйиру иловаҳои ба қисми дахлдори моддаи 48-уми Кодекс пешниҳодшуда, минбаъд ҷаримаро ҳамчун ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳое, ки бевосита дар Қисми махсуси Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд, таъин намудан мумкин аст.

Моддаи 57-уми Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ифода гардида, ба таври мушаххас мусодираи молу мулк, яъне дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани онро, ба танзим медарорад.

Аз ҷумла мувофиқи банди в) қисми 1 моддаи 57 Кодекс, мусодираи молу мулк ин дар асоси ҳукми айбдоркунанда маҷбуран ба таври ройгон гирифтан ва ба моликияти давлат гузаронидани маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулке, ки барои маблағгузории терроризм, гурӯҳи муташаккил, воҳиди мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) истифода мешаванд ё пешбинӣ шудаанд, мебошад.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ дар санксияҳои дар моддаи 262 барои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда пешбинигардида пурзӯр карда шудааст.

Акнун барои ҷиноятҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 262-юми Кодекси ҷиноятӣ пешбинишуда ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайянро муқаррар мекунад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» шуруъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар ҷаласаи худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм» мавриди баррасӣ қарор дод. Ин қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) иборат мебошад.

Мувофиқи илова ба қонуни номбурда, меъёрҳои нави танзимкунандаи фаъолияти дастаҷамъонаи мақомоти марбутаи давлатӣ ҷиҳати тақвият бахшидан ба иҷрои уҳдадориҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм пешбинӣ гардидааст.

Бо ин мақсад, ба қонуни амалкунанда моддаи 141  илова карда шудааст, ки тибқи он «бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравии доимоамалкунанда таъсис дода мешавад, ки ҳайат ва Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд».

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр Худоёров: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар ҷаласаи худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм» муҳокима кард. Ин қонун бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории ҷумҳурӣ ва иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) иборат мебошад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба моддаҳои 5, 7 ва 8 қонуни амалкунанда уҳдадориҳо ва доираи ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, васеъ менамояд. Аз ҷумла назорати иҷрои уҳдадориҳои андоз ба зиммаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»  мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар ҷаласаи худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» баррасӣ кард. Қонуни зикргардида бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 марти соли 2013 қабул намудааст.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба васеъ намудани доираи чораҳои пешгирии фаъолияти террористӣ иборат мебошад. Ҳамчунин иловаи зикргардида баҳри иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) равона гардидааст.

Ба қисми якуми моддаи 15-уми қонуни амалкунанда сархати нав илова карда шудааст, ки минбаъд мувофиқи он «бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва ё бо дарки он ки ин маблағҳо барои амалӣ кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд», манъ мебошад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.  

РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи охирини рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»  пешниҳод мешавад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.

Бахтиёр ХУДОЁРОВ: — Муҳтарам Раис! Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният дар ҷаласаи худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» мавриди муҳокима қарор дод. Қонуни номбурда бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2013 қабул намудааст.

Қонуни мазкур баҳри такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) равона гардидааст.

Тағйироту иловаҳои ба моддаҳои 5 ва 10 қонуни амалкунанда воридгардида ба назорати иловагӣ вобаста ба фаъолияти нотариалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм вобаста мебошад. Минбаъд нотариусони давлатӣ дар бораи амалиётҳои нотариалии баҷоовардашуда ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида маълумот (ҳуҷҷатҳо) медиҳанд.

Тибқи иловаи ба моддаи 28-уми қонуни мазкур воридкардашуда, нотариуси давлатӣ уҳдадор аст дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок ва амалиёти ба маблағи баробар ба 500 000 сомонӣ ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 500 000 сомонӣ ё зиёда аз он ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳад.

Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Раиси Котибот ягон чӣ гуфтанӣ ҳастед? Нест.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ташаккур мегӯям.

Бо ҳамин Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  садо медиҳад.)

 

Ҷумъахон НАБОТОВ,

Абдулмаҷид МУРОДОВ,

Аъзам МӮСОЕВ,

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ