Муҳокимаи парламентӣ

Шаҳри Ваҳдат: пешравӣ ҳаст, норасойиҳо низ ҷой доранд

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013


Ёзда
ҳуми июни соли 2013 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов муҳокимаи ошкорои  парламентӣ дар мавзуи «Оид ба иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат дар 4 моҳи соли 2013» доир гардид.

Дар муҳокима намояндагони вазорату идораҳо, раисони кумита ва  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок доштанд.

DSC_2484Баъд аз тасдиқи рӯзномаи  ҷаласа раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва  худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов аз хусуси масъалаи баррасишуда сухан карда, аз ҷумла гуфт:

- Буҷети давлатӣ заминаи моддии соҳибихтиёрии давлат ва эътимодмандии шаҳрвандони он ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, эътибору иқтидори ҳокимияти давлатӣ ва некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ ба дуруст таҳия гардидан ва сари вақту пурра иҷро шудани он вобаста аст.

Мусаллам аст, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ манбаи асосии таъминкунандаи ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии кишвар буҷети давлатӣ мебошад ва дар ин замина вазифаи тамоми мақомоти аз ҳисоби буҷет маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд.

Яке аз усулҳои таъсирбахши амалигардонии чунин назорат, баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи масъала тавассути муҳокимаҳои парламентӣ ҳисобида мешавад, ки мувофиқи моддаи 60-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи назорати рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ» анҷом дода мешаванд.

Маҷлиси намояндагон таҷрибаи кофии баргузории муҳокимаҳои парламентиро андӯхтааст, вале то имрӯз дар ин ҷаласаҳо фаъолияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба нақшаи муҳокимаҳои парламентӣ барои соли 2013 масъала «Оид ба иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат дар 4 моҳи соли 2013»-ро пешниҳод намуд, ки аз тарафи Шӯрои Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёфт, имрӯз баррасӣ мешавад.

Муҳим ва саривақтӣ будани баррасии масъалаи зикргардида аз нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Чуноне дар Паём таъкид шудааст: «Бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ тараққӣ додани шаҳру ноҳияҳо яке аз роҳҳои муайянкунандаи сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад».

Мақсади асосии ҷаласаи имрӯза дар баробари зикр намудани кору чорабиниҳои анҷомдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт, инчунин муҳокимаи ошкорои камбудию норасоиҳо, омилҳое, ки садди роҳи иҷрои босифати буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд ва дарёфти роҳҳои бартараф кардани онҳо ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи мо, чунин муносибат ба пешрафти иқтисодиёти шаҳр ва ниҳоят, иқтисодиёти мамлакат, ғанигардии буҷети давлатӣ таъсири мусбат хоҳад расонид, зеро чунин натиҷагирӣ ба таҳлилу таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда, ки айни замон амалӣ мегардад, мусоидат карда метавонад.

Қобили зикр аст, ки ин аввалин муҳокимаи парламентӣ мебошад, ки дар он иҷрои буҷети маҳаллии яке аз минтақаҳои калонтарин ва сераҳолии ҷумҳурӣ — шаҳри Ваҳдат баррасӣ мегардад.

Дар шаҳри Ваҳдат 190 муассиса ва ташкилоти буҷетӣ, 42 корхонаи саноатӣ, 229 ҷамъияти саҳомӣ ва дорои масъулияти маҳдуди гуногун, 6 ташкилоти бонкӣ, 3973 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва 39 хоҷагии деҳқонии коллективӣ фаъолият мекунанд.

Буҷети шаҳри Ваҳдат барои соли 2013 аз рӯйи даромад ва хароҷот ба маблағи 74130,4 ҳазор сомонӣ ва маблағи нақди гардони хазинавии буҷети шаҳр то 1 январи соли 2014 ба андозаи 5347,17 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шуд. Ин маблағ нисбат ба  нақшаи аниқшудаи соли 2012 ба андозаи 9046,97 ҳазор сомонӣ ё 13,9 фоиз зиёд буда, 50188,26 ҳазор сомонӣ ё 67,7 фоизи буҷети шаҳрро фонди музди меҳнати муассисаҳои буҷетии шаҳр ташкил медиҳад.

Қисми даромади буҷети ҷории шаҳр аз рӯйи сарчашмаҳои воридотӣ чунин аст: андоз аз даромад — 16,5 фоиз, андоз аз фоида — 11,08 фоиз, андоз аз молу мулки ғайриманқул — 6,24 фоиз, андоз аз арзиши иловашуда — 30,5 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард — 10,24 фоиз, низоми соддакардашудаи андозбандӣ — 11,18 фоиз, аксизҳо — 0,1 фоиз, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт — 6,23 фоиз, андозҳо барои захираҳои табиӣ — 1,1 фоиз, боҷи давлатӣ — 2,99 фоиз ва воридоти дигари ғайриандозӣ — 1,88 фоизи буҷети тасдиқшударо ташкил медиҳанд.

Натиҷаи ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат нишон медиҳад, ки дар 4 моҳи соли ҷорӣ, сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ, қисми даромади буҷети давлатии шаҳр 116 фоиз иҷро гардидааст, ки он дар нақшаи тасдиқшуда 32,4 млн. сомонӣ буда, дар асл 37,4 млн. сомониро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшуда 10,3 млн. сомонӣ буда, дар асл 12,2 млн. сомониро ташкил дода, 119 фоиз иҷро шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, ҳамагӣ 85 фоиз иҷро шудааст. Тибқи буҷети тасдиқшуда он 27,5 млн. сомониро ташкил медиҳад, вале дар асл 23,5 млн. сомонӣ хароҷот шудааст.

Дар шаҳри Ваҳдат 8 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 56,2 млн.сомонӣ ё 12,5 млн. доллари ИМА амалӣ мегардад. Ин маблағ дар доираи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионии давлатӣ, пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани некуаҳволии мардум, сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, таҷдиди роҳҳо, барқарорсозии низоми обёрӣ ва системаи кадастри замин барои устувории соҳаи хоҷагии кишоварзӣ ва рушди деҳот равона шудааст.

Таҳлили пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр нишон дод, ки барои пардохти музди меҳнат дар давраи 4 моҳи аввали соли 2013 маблағи 18719,95 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл ба андозаи 17464,3 ҳазор сомонӣ пардохта шудааст, ки ин 93 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла маблағгузории ин моддаи буҷет дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба андозаи 80 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — 84 фоиз, соҳаи маориф — 91 фоиз, соҳаи нигоҳдории тандурустӣ — 100 фоиз, соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -97 фоиз, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ — 103 фоиз, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ — 99 фоиз ва барои соҳаи кишоварзӣ дар ҳаҷми 84 фоиз таъмин шудааст.

Сабаби пурра иҷро нагардидани нақшаи маблағгузории пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, мавҷуд будани ҷойҳои кори холӣ, варақаҳои корношоямӣ ва сари вақт пардохт нашудани музди меҳнат ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадани кормандон мебошанд.

Мувофиқи ҳисобот, то 1 январи соли 2013 қарзи музди меҳнат дар назди ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 1095,76 ҳазор сомониро ташкил дода, дар давраи 4 моҳи соли ҷорӣ он пурра ҳисобӣ шудааст. Таҳлил нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани қарздории мазкур харҷи маблағи нақди гардони хазинавии буҷети шаҳр (2430,8 ҳазор сомонӣ) барои таъмиру сохтмон ва дигар чорабиниҳои шаҳр дар семоҳаи чоруми соли гузашта мебошад. Дар натиҷаи ба мақсадҳои дигар равон намудани маблағи нақди гардони хазинавии буҷети шаҳр маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет то 1 январи соли 2013 таъмин нашуда, боиси пайдо шудани қарзи музди меҳнат дар 15 ташкилоту муассисаи буҷетӣ ба маблағи 1095,76 ҳазор сомонӣ ва қарзи суғуртаи иҷтимоӣ ба маблағи 404,0 ҳазор сомонӣ гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки то 1 майи соли 2013 музди меҳнат, ҳиссаҷудокунӣ ба фонди нафақа ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет пурра пардохт шуда, қарздорӣ аз рӯйи онҳо дар шаҳри Ваҳдат вуҷуд надорад.

Тибқи ҳисобот, қарздории ташкилоту муассисаҳо аз рӯйи пардохти андоз дар назди буҷет то 1 майи соли ҷорӣ 5,0 млн. сомониро ташкил дода, назар ба 1 январи соли ҷорӣ ба маблағи 2,7 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Санҷиш нишон дод, ки яке аз сабабҳои афзоиши бақияи андоз дар ин давра аз ҷониби Кумитаи андоз гузаронидани Корхонаи фаръии сохтмонии «Роҳсоз»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз қайди Нозироти андозсупорандагони калон ба рӯйхати андозсупорандагони Нозироти андози шаҳри Ваҳдат бо маблағи қарзи андозҳо -2231,8 ҳазор сомонӣ дар моҳи апрели соли 2013 мебошад.

Сабаби дигари афзоиши бақияи андоз дар ин давра сари вақт пардохт накардани бақияи андоз ва маблағи андозҳои ҷорӣ аз ҷониби якчанд корхонаю ширкатҳо мебошад.

Аз ҷумла қарздории ҶДММ «ШТ Сайёд» аз ҳисоби бақияи андоз аз 348,2 ҳазор сомонӣ то 1 январи соли 2013 ба андозаи 478,4 ҳазор сомонӣ то 1 майи соли 2013 афзоиш ёфтааст. Ба ҳамин монанд, қарздории ҶДММ «Замонат» аз 117,6 ҳазор сомонӣ то 123,7 ҳазор сомонӣ, ҶСК «Намуна» аз 90,1 ҳазор сомонӣ то 93,3 ҳазор сомонӣ, Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ аз 63,9 ҳазор сомонӣ то 138,7 ҳазор сомонӣ, хоҷагии коллективии «Заргар» аз 76,7 ҳазор сомонӣ то 89,4 ҳазор сомонӣ ва қарздории мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз 20,17 ҳазор сомонӣ то ба 75,5 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Мувофиқи маълумоти Нозироти андози шаҳр ҷиҳати рӯёнидани бақияи андоз дар давраи 4 моҳи соли ҷорӣ ба 48 нафар андозсупоранда огоҳинома ва аз ин ба 38 нафар он огоҳиномаи такрорӣ ирсол карда шудааст. Нисбат ба 5 нафар андозсупорандаи дигар қарорҳои Раиси Кумитаи андоз «Дар бораи ситонидани маблағи қарзи андоз аз ҳисоби суратҳисоби андозсупоранда» ба маблағи умумии 463,0 ҳазор сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб маблағи 319,26 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид  шудааст. Инчунин барои сари вақт пардохт накардани маблағи қарзи андози иҷтимоӣ, дар асоси Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар андозсупоранда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 14,4 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин шудааст.

Тибқи ҳисоботҳо, дар давраи 4 моҳи соли 2013 аз буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат барои сохтмони асосӣ ва аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаи кишоварзии шаҳри Ваҳдат хароҷоти маблағ пешбинӣ нашудааст.

DSC_2436

Сараудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Ваҳдат дар давраи 4 моҳи соли 2013 як қатор камбудию норасоиҳоро ошкор намуданд, аз ҷумла:

- нодуруст ба нақша гирифтани қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр дар давраи марҳилавӣ, ки мисоли ин дар баробари барзиёд пешбинӣ кардани нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳр нисбат ба нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр ба маблағи 5419,9 ҳазор сомонӣ муайян накардани манбаи пӯшонидани қарз дар ҳисоботҳо;

- бар хилофи Дастурамал «Дар бораи тартиби ташаккул ва тақсими даромад ва хароҷоти буҷет дар рафти иҷрои буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо» (№162 аз 29 декабри  соли 2004) ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат «Дар бораи қабули буҷети шаҳри Ваҳдат барои соли 2012» (№83 аз 27 декабри соли 2011) маблағи нақди гардони хазинавии буҷети шаҳр, ки то 1 январи соли 2013 ба маблағи 2430,8 ҳазор сомонӣ муайян гардида буд, дар охири соли 2012 дар асоси қарорҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои корҳои сохтмониву таъмирӣ ва дигар чорабиниҳо харҷ шудааст;

- бо мақсади сифатнок нишон додани иҷрои буҷети шаҳр аз рӯйи намуди андозҳо, дар ду ҳолат бе ягон асоси воқеӣ мувофиқи хулосаҳои Нозироти андози шаҳри Ваҳдат дар ҳисоботҳои иҷрои қисми даромади буҷет воридоти аслии андоз аз даромад ва андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 744,05 ҳазор сомонӣ кам нишон дода, аз ин ҳисоб нақшаи иҷронашудаи 4 намуди дигари андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ зиёд нишон дода шудааст;

- дар ҳисобот оид ба пардохти 20 фоизи андоз аз арзиши иловашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ, иҷрои ин намуди андоз ба маблағи 262,7 ҳазор сомонӣ барзиёд нишон дода шудааст;

- бар хилофи «Тартиби намунавии ташкил ва истифодаи маблағи фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 №602 тасдиқ шудааст, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо аз ҳисоби Фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба маблағи 77487 сомонӣ муайян карда шуд.

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти корҳо дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, хусусан дар соҳаи маориф ва тандурустӣ рӯзи 23 майи соли 2013 вакилон- аъзои кумита ба шаҳри Ваҳдат сафар намуданд. Маълум шуд, ки дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат кори зиёд ба анҷом расонида шудааст.

Мактабҳои шаҳр пурра аз таъмир бароварда, барои толибилмон шароити хуби таълимӣ муҳайё мебошад. Дар соҳаи тандурустӣ бошад, шуъбаҳои беморхонаи марказӣ таъмир шуда, ҳуҷраҳои беморон тоза ва беморон бо шароити хуби табобат таъмин мебошанд. Бояд махсус зикр намоем, ки дар атрофи беморхонаи марказӣ ва омӯзишгоҳи тиббӣ вобаста ба тибби оилавӣ як шарҳрчаи тиббӣ, аз ҷумла дармонгоҳ, ташхисгоҳ ва якчанд шуъбаҳои тибби оилавӣ дар як майдон сохта шуда, барои истифода ба сокинони шаҳру деҳот пешкаш шудааст. Доир ба соҳаи фарҳанг низ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бетараф намондааст. Ҳоло дар маркази шаҳр сохтмони як маҷмааи фарҳангӣ дар марҳилаи баитмомрасӣ қарор дорад. Ин бинои замонавӣ хонаи иттифоқи нависандагон, китобхонаи марказӣ ва якчанд идораҳои фарҳангии шаҳрро дар бар мегирад, ки бо услуби меъмории ҳозиразамон бунёд ёфта, маркази шаҳрро зебо мегардонад.

Дар баробари пешравиҳо, дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ норасоиҳо низ ҷой доранд, ки ислоҳи онҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ғайриимкон буда, дастгирии вазорату кумитаҳои дахлдорро тақозо мекунад. Масалан, дар се деҳаи дурдаст ҳоло ҳам мактаббачагон дар вагонҳо ё хонаҳои истиқоматӣ дарс мехонанд. Толори варзишгоҳҳои мактабҳои рақами 2,6,7,8,9,138 ва 139 таъмирталабанд. Як қатор мактабҳои шаҳр то ҳол варзишгоҳ надоранд.

Марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Бакарон, Навобод, Баҳористон, Арбоб, Сангпар, Хергатарош, Деҳқонобод, Чиртак, Ширинчашма ва Сӯфиён таъмирталаб мебошанд. Таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалия куҳнаю фарсуда шуда, нақлиёти хизматӣ ва тиббию амбулаторӣ умуман вуҷуд надорад.

Қисме аз сокинони шаҳри Ваҳдат, ки дар биноҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

DSC_2449Раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин дар муҳокимаи ошкорои парламентӣ суханронӣ карда, аз ҷумла чунин гуфт:

-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ», дастуру супоришҳо ва амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ замина мегузоранд, чораҳои зарурӣ меандешад.

Андешидани чораҳои судманд ҷиҳати амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба кор андохтани корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр мусоидат намуд.

Ҳаҷми умумии даромадҳои буҷетӣ дар ҳафт соли охир аз 5 миллиону 888 ҳазор сомонӣ ба 60 миллиону 420 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2005- ум 54 миллиону 532 ҳазор сомонӣ ё 10,3 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, бо дарназардошти андози иҷтимоӣ, 27 миллиону 633 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2005-ум  21 миллиону 367 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дарёфти сарчашмаҳои андоз ба афзудани буҷети шаҳр мусоидат намуда, ҳаҷми кӯмакпулиҳо (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ аз 42,9 фоизи соли 2005, соли 2012 ба сифр расонида шуд ва шаҳри Ваҳдат аз маблағҳои субвенсионӣ баромада, ба буҷети ҷумҳуриявӣ 3,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ намуд.

Пайваста бо афзоиши ҳаҷми буҷети шаҳр қисми хароҷоти буҷети шаҳр зиёд гардида, соли 2012-ум 83 фоизи он ба соҳаи иҷтимоӣ равона  шудааст. Агар соли 2005 ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ 8 миллиону 872 ҳазор сомониро ташкил карда бошад, пас ин рақам соли 2012-ум нисбат ба соли 2005-ум 6,1 баробар ё ба маблағи 44 миллиону 622 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла маблағгузориҳо дар соҳаи маориф 5,8, тандурустӣ 7,4, ҳифзи иҷтимоӣ 6,4 ва фарҳанг 6 баробар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин аз соли 2005  то соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, кӯмакпулӣ, идрорпулӣ (стипендия) ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна 6,2 баробар зиёд гардид.

Ҷамъбасти вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар чор моҳи соли 2013 нишон дод, ки қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 25 миллиону 235 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки баробари 114 фоизи нақша буда,  нисбат ба нақша 3 миллиону 133 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 599 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Даромадҳои ҷумҳуриявӣ, бо  дарназардошти андози иҷтимоӣ, ба ҷойи 10 миллиону 295 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 12 миллиону 211 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс нисбат ба нақша 1 миллиону 216 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 433 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Андешидани чораҳои амалӣ имкон дод, ки 11 намуди андозҳои маҳаллӣ аз 100 то 130 фоиз иҷро гардад. Ҷамъи даромадҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз рӯйи воридоти манбаъҳои даромад 37 миллиону 451 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 116 фоизи нақшаи чормоҳа буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 миллиону 91 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Сабаби афзоиши бақияпулиҳои андоз дар он аст, ки тибқи Фармони раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи фаръии сохтмонии «Роҳсоз»-и Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» моҳи апрели соли 2013 аз Нозироти андозсупорандагони калон ба Нозироти андози шаҳри Ваҳдат бо маблағи қарзии 2 миллиону 232 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст ва аз тарафи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати пардохти қарзи мазкур чораандешӣ нашудааст.

Бинобар ин, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати пардохти бақияпулиҳои андоз, ки ба корхонаю ташкилотҳои зертобеи вазорату идораҳои болоӣ дахл доранд, мусоидат намоянд.

Мутобиқи ҳисоботи оморӣ,  ба ҳолати 1 апрели соли равон шумораи умумии нафақагирон 20 ҳазору 91 нафарро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа ба 166 сомонӣ баробар мебошад. Бо мақсади таъмини нафақаи нафақагирон дар чор моҳи соли ҷорӣ нақшаи андози иҷтимоӣ 8 миллиону 648 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ки баробари 29 фоизи нақшаи солона мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷоти баҳисобгирифтаи ташкилоту муассисаҳо, дар чор моҳи соли равон ба маблағи 10 миллиону 336 ҳазор сомонӣ таъмин гардидааст, ки ба 119 фоизи нақшаи чормоҳа баробар аст.

Иҷрои қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар чор моҳи соли 2013-уми 23 миллиону 525 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3 миллиону 997 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 25 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Таҳлили қисми хароҷоти буҷети шаҳр дар чор моҳи соли ҷорӣ нишон дод, ки 90 фоизи он ба соҳаи иҷтимоӣ равона шудааст. Соҳаи маориф ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеа барои ноил гардидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад 66 фоизи хароҷоти буҷети шаҳр барои фаъолияти 16 кӯдакистон, 144 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, маркази таълим ва касбинтихобкунӣ, маркази технологияи информатсионии назди шуъбаи маориф маблағгузорӣ шудааст.

Каму зиёд гардидани фоизи нақшаҳои хароҷотӣ ва умуман маблағгузорӣ нашудан дар баъзе гурӯҳбандиҳои иқтисодии секторҳои алоҳида дар он аст, ки қисми даромади буҷет нисбат ба қисми хароҷот кам ба нақша гирифта шудааст. Сабабаш дар он аст, ки корхонаҳои саноатии шаҳр, ки зиёда аз 60 фоизи буҷети маҳаллиро дар давоми сол ташкил медиҳанд, бинобар бо барқи доимӣ таъмин набудан дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 мунтазам фаъолият накарданд, ки ба зиёдшавии қисми даромади буҷети шаҳр дар чормоҳаи аввали соли 2013 таъсири манфии худро расонид. Инчунин манбаъҳои хароҷот хусусан дар вақти ба рухсатии меҳнатӣ рафтани кормандони соҳаи маориф дар семоҳаи дуюм бо пуррагӣ пешниҳод мегардад, ки ин ба афзоиши нақшаи қисми хароҷот оварда мерасонад.

Тазаккур бояд дод, ки дар баробари пешравиҳо дар соҳаи мазкур   мушкилиҳо низ мавҷуданд. Масъалаи бо кадрҳои омӯзгории соҳибихтисос таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ мушкилоти асосии кормандони соҳа ба шумор меравад. Дар соли хониши 2012-2013 бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист 119 нафар мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир мешуданд, мутаассифона, аз ин шумора то имрӯз ҳамагӣ 93 нафар ба ҷои кор ҳозир шуданд, ки 78 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 11 нафар мутахассисони ҷавон берун аз шаҳри Ваҳдат ба кору фаъолият машғуланд, 15 нафарашон бо сабабҳои номаълум ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони ҷавон дар се соли охир ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №197 аз 3 майи соли 2006 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» 145 нафар мутахассисони ҷавонро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намуд.

Қисми хароҷот дар чор моҳи соли равон дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 5 миллиону 755 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки иҷрои он дар ин давра 5 миллиону 586 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки баробари 97 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Музди меҳнати кормандони соҳа бо дарназардошти фонди ҳифзи иҷтимоӣ 5 миллиону 426 ҳазор сомонӣ пурра пардохт шудааст, ки баробари 100 фоизи нақша мебошад.

Маблағгузориҳои соҳаи тандурустӣ 23 фоизи қисми хароҷоти буҷети шаҳрро ташкил медиҳад. Бояд зикр кард, ки солҳои охир аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва маблағҳои муассиса се маркази саломатии деҳот, 12 бунгоҳи саломатӣ дар деҳот сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин шаш шуъбаи тиббӣ, се маркази саломатӣ дар деҳот, як бунгоҳи тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда, маркази таълимии клиникии тибби оилавӣ, мактаби модарон ва таҳлилгоҳи клиникавӣ таъсис шуд.

Дар натиҷаи дигаргун шудани шакли хоҷагидорӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамкориҳои байни корхонаҳо қатъ гардиданд, ки ба пешравии соҳаи оби нӯшокӣ таъсири манфӣ мерасонад. Яке аз омилҳои асосии пастравии соҳа мавҷуд набудани шароит, ба итмом расидани муҳлати истифодабарӣ ва корношоям гаштани воситаҳои асосии истеҳсолӣ мебошад. Вазъи иншооти обтаъминкунӣ, ки дар шаҳр 26 ададро ташкил медиҳанд, дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин набуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нестанд. Ба воситаи насосҳо фишори лозимӣ ба вуҷуд наомада, об аз қабати дуюм ба ошёнаҳои баланд намебарояд ва қисми зиёди он беҳуда талаф меёбад. Қубурҳои обгузар, бинобар солҳои тӯлонӣ (дар 30 соли охир) аз таъмир нагузаштан, фарсудаю корношоям гаштаанд. Аз 58 километр қубурҳои мавҷуда 29 километри он корношоям аст. Инчунин аҳолии маркази шаҳри Ваҳдат  афзоиш ёфта, соли 2012 нисбат ба соли 2005-ум 15 фоиз афзоиш ёфтааст, ки бинобар фарсуда будани қубурҳо, қисми аҳолиро бо оби нӯшокӣ таъмин кардан ғайриимкон буда, аз обҳои зеризаминӣ ва каналу ҷӯйборҳо истифода мешавад, ки ин ба сар задани касалиҳои сирояткунанда боис мегардад.

Бинобар татбиқи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 таҳти №514 тасдиқ гардидааст ва тибқи нишондодҳои он 70 фоизи маблағгузорӣ   аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст, аз вакилони муҳтарами Маҷлиси намояндагон хоҳишмандам, ки ҷиҳати маблағгузории соҳаи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдор барои корҳои сохтмонию таъмирии соҳаи обтаъминкуниии шаҳри Ваҳдат мусоидат намоянд.

Баъди шунидани гузориш ва ахбори раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов ва раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Амирбек Маҳмадалиев, Сафаралӣ Гулов, Бадриддин Садриддинов, Мақсуда Саматова, Сайфулло Гиёев ва Эшбурӣ Эсанқулов оид ба масъалаи муҳокимашуда саволҳо дода, ҷавобҳои  қаноатбахш гирифтанд.

Раисони кумитаҳо Хайринисо Юсуфӣ, Саиди Ёқубзод, вакилон Махфират Хидирова, Сафаралӣ Гулов, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримов суханронӣ карда, фикру андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар хотима мутобиқи банди 277- уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо ва эродҳо, аз рӯйи масъалаи муҳокимашуда қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ