Бо мақсади ташвиқу тарғиби таҳсили духтарон, дастгирии духтарони лаёқатманд ва ҳавасмандгардонии онҳо имсол 25 нафар ба гирифтани идрорпулии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шуданд. Ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа ва кашфи истеъдодҳои ҷавон дар назди кумита «Мактаби духтарони сарвар» таъсис дода шуд, ки онро аллакай 76 нафар хатм намуданд, — гуфт раиси кумитаи мазкур Идигул Қосимзода зимни нишасти матбуотӣ.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» аз 264 лоиҳаи пешниҳодгардида 80 лоиҳа мақсаднок арзёбӣ гардида, ғолибон соҳиби гранти президентӣ дар соли 2016 гардиданд. Баҳри баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии занон ва духтарони деҳот дар якҷоягӣ бо Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон суҳбати мизи мудаввар дар мавзӯи «Роҳҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ дар беҳбуд гардонидани имкониятҳои иқтисодии занон дар деҳот» баргузор шуд. Фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҷилваи ҳусн», «Сад ранги чакан» ва фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд — 2016» бо мақсади ташвиқу тарғиби либоси миллӣ гузаронида шуданд. Чанде пеш лоиҳаи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатаманд барои солҳои 2017-2022» барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ фиристода шуд. Идигул Қосимзода аз иштироки занон дар фаъолияти мақомоти марказӣ ва иҷроия изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки аз 19007 нафар хизматчии давлатӣ дар ҷумҳурӣ 22 дарсад ё 4171 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки бекор кардани акди никоҳ 8891 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 535 ҳолат зиёд мебошад.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»