ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Наимҷон Назирӣ яке аз адибони сермаҳсули муосири тоҷик буда, пайваста дар омӯзиш ва авҷи эҷод қарор дорад. Ӯ дар тӯли зиёда аз ними асри фаъолияти эҷодиаш ба хонандагони тоҷик 30 маҷмуаи ашъорро тақдим намудааст. Номбурда давоми панҷ соли охир панҷ маҷмуаи ашъори тозаро мунташир сохта, дастраси ҳаводорони шеър намуд. Инак, маҷмуаи нави ашъори Наимҷон Назирӣ таҳти унвони «Ашки шодӣ» дастраси хонандагон гардид. Он асосан аз дубайтиҳо ва абёте, ки то ҳол ба табъ нарасидаанд, иборат буда, дар он бахту саодат, дӯстию рафоқат, ишқу муҳаббат ва шукӯҳу шаҳомати Тоҷикистони азиз ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон