Зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зикр намуд, ки соли 2016 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 145 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ содир шудааст, ки 57 адади он ба Вазорати корҳои дохилӣ, 20 — Вазорати адлия, 15 — Кумитаи андоз, 12 — Вазорати мудофиа, 15 — КДАМ, 6 — Гвардияи миллӣ, 11 — ҳокимияти судӣ, 2 — мақомоти прокуратура, 3 — Агентии назорати маводи нашъаовар ва 4 адад ба Хадамоти гумрук рост меояд.
Агентӣ, — гуфт ӯ, — соли гузашта 209 ҷиноятро дар самти ғайриқонунӣ ҷудо намудан, истифода ва фурӯхтани замин аз тарафи шахсони мансабдор ва дигар субъектҳои ваколатдор ошкор кардааст.
Тибқи омори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Вазорати маориф ва илми кишвар бо сохторҳои зертобеаш соли 2016 -ум 90 ҷинояти коррупсионӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ -103, вазоратҳои нақлиёт — 24, кишоварзӣ — 13, энергетика ва захираҳои об — 11, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — 8, саноат ва технологияҳои нав — 7, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ — 31, ҳифзи муҳити зист — 5, кумитаҳои телевизион ва радио — 1, меъморӣ ва сохтмон — 1, Агентии стандартизатсия, сертификатсия, метрология ва нозироти савдо 6 ҷиноят содир гаштааст. Ҳамчунин, дар ҷамъиятҳои саҳомӣ — 266, соҳибкорони инфиродӣ — 302, бонкҳо — 328 ва идораву корхонаҳои дигар 320 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷиноятҳои ошкоргардида 171 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»