ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳар сол ба донишҷӯёни бепарастор, маъюбон ва аз оилаҳои камбизоат ёрии молиявӣ расонида мешавад. Дар ин донишгоҳ 28 нафар ятимон, 24 нафар маъюбон ва 268 нафар донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат таҳсил мекунанд. Ин дафъа маблағи ба чунин донишҷӯён аз ҷониби донишгоҳ ҳамчун ёрии моддӣ расонида, беш аз 51 ҳазор сомониро ташкил дод.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон