ЁВОН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар 112 гектар замин парвариши пахта бо усули нави зери плёнка ба роҳ монда шудааст. Ин навъи парвариши пахта дар вилояти Хатлон таҷрибаи нав буда, он дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хитойӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин усули парвариши пахта имкон медиҳад, ки аз ҳар як гектар бештар аз 60 сентнер ҳосил ғундошта шавад. Ҳамчунин кишти зери плёнка имкон медиҳад, ки ҳар қатра об сарфакорона истифода гардад. Ёвон яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори вилояту ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, соли равон майдони умумии кишти ин зироат 12 ҳазору 300 гектарро ташкил медиҳад.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон