ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади густариши фарҳанги сиёсӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ доир намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзиширо ба нақша гирифтааст. Дар ин робита давоми моҳи июни соли равон баргузории машварату семинар, мизҳои мудаввар дар муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои низомӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷавонони даврони истиқлолият», озмунҳои гуногун миёни наврасону ҷавонон ва чорабиниҳои варзиширо оид ба тенниси рӯйи миз, волейбол, намудҳои сеҳарба, гӯштии юнониву румӣ, барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон