Дар шароити имрӯза, ки талабот ба кадрҳои соҳибкасб дар бозори меҳнат зиёд мешавад, таҳсилоти ибтидоии касбӣ яке аз зинаҳои асосии тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш зимни суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар ва таҳлилу баррасии тамоми паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти онҳо ба масъалаи илмазхудкунӣ ва касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Дар робита хабарнигорамон бо директори Литсейи касбии техникии № 30- юми шаҳри Душанбе Сафаралӣ Нозимов ҳамсуҳбат шуд.
-Дар Литсейи касбии техникии № 30- юми шаҳри Душанбе барои омода намудани ҷавонони соҳибкасб чӣ гуна тадбирҳо амалӣ мешаванд?
-Дар Литсейи касбии техникии № 30- юми шаҳри Душанбе 529 нафар наврасону ҷавонон дар шуъбаи рӯзона ва 289 нафар дар шуъбаи ғойибона барои аз худ намудани касбу ҳунар, аз ҷумла челонгари таъмири автомобил, кафшергари газию барқӣ, кандакорӣ дар чӯб, гачкори ҷузъҳои меъморӣ, дуредгарӣ, омӯзиши асосҳои компютерӣ саъю талош мекунанд. Барои хонандагон шароити хуби омӯзиш, ки асоси он устохонаҳои челонгарӣ мебошад, муҳайё гардидааст. Дар литсей барои ҳама ихтисосҳо устохонаҳои муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми зарурӣ фаъолият мекунад.
-Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ вазифадор шудаанд, ки ташкили гурӯҳҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддатро дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ намоянд. Дар ин самт кадом корҳо анҷом ёфтааст?
-Мақсад аз дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама таъмини бозори меҳнати ватанию хориҷӣ бо мутахассисони касбӣ ва дар ин замина соҳибкасб шудани наврасону ҷавонон ва шаҳрвандони калонсол мебошад. Ҳамзамон ин дастур моро ҳидоят менамояд, ки таълим ва бозомӯзии касбии шаҳрвандони бешуғл ва калонсолро дар литсейҳо бо ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба талаботи бозори меҳнат амалӣ намоем. Ин аст, ки дар литсей курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи ихтисосҳои кафшергари барқию газӣ, хиштчин, рангуборчӣ, дуредгар, омӯзиши асосҳои компютерӣ амал дошта, дар семоҳаи аввали соли 2013- ум 84 нафар курсҳои семоҳаро хатм намуданд. Ҳоло дар се гурӯҳ боз 81 нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон ҷалб шудаанд, ки қисми зиёдашонро духтарон ташкил медиҳанд ва рӯзҳои наздик курсҳои мазкурро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ мегарданд. Ҷиҳати татбиқи амалии фармоиши мазкур, ба мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Айнӣ ва Восеъ бо мактуб муроҷиат намудем ва айни ҳол дар чанд мактабҳои ноҳияҳои зикргардида курсҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд.
- Яке аз тадбирҳои беҳтар шудани раванди таълиму соҳибкасб гардидани наврасону ҷавонон ҳамкориҳо бо шарики ҳамкор (сарпарастон) ва ташкилотҳои беруна буда, барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ шароит муҳайё мегардад…
-Воқеан ҳам ҳамкориҳо бо шарики ҳамкор (сарпарастон) ва ташкилотҳои беруна дар пешрафти кору фаъолияти литсейҳо манфиатбахш буда, ҳамзамон барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ шароит муҳайё мегардад. Дар ин самт фаъолияти литсей хуб аст. Бо мақсади рушди низоми миллии таҳсилоти касбии бисёрзинагӣ, ки бевосита ба сифати кадрҳои соҳибихтисос, қонеъ гардонидани талаботи шахс дар ҷомеа мусоидат мекунад, бо қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2- юми ноябри соли 2007 № 529 «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015» саривақтӣ буд. Вазифаҳои асосии Барнома пеш аз ҳама таъмин ва дастрас гардонидани таҳсилоти босифат барои ҳама табақаҳои аҳолӣ дар асоси демократикунонии минбаъдаи идоракунии маориф, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқии низоми миллии таҳсилоти касбӣ, таҷдиди низоми таҳсилот, ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот мебошад.
Дар заминаи татбиқи амалии Барномаи мазкур вазифаи асосии низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ қонеъ намудани талаботи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар тайёр намудани кадрҳои соҳибкасби коргарӣ барои бозори дохиливу хориҷӣ ба шумор меравад. Яъне, мутахассисони дорои маълумоти ибтидоии касбӣ дар бунёди иншоот, роҳсозӣ, бино нақши худро мегузоранд, ҳар гуна таҷҳизоти саноатӣ месозанд, ба мардум хизматрасониро амалӣ менамоянд ва маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунанд. Раванди ҳама гуна азнавсозию таҷҳизонидани истеҳсолот ва хизматрасониҳо аз ҷониби мутахассисони таҳсилоти ибтидоии касбӣ тақозои онро дорад, ки шогирдони литсейҳо бояд дорои тафаккури техникӣ ва маданияти баланд дар раванди навгонӣ, маҳорат ва бештар аз худ намудани технологияи муосир бошанд.
Шарики ҳамкор (ташкилоти заминавӣ) дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба баланд бардоштани сифати дониш ва малакаҳои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ, ки ба вазъу ҳолати базаи моддӣ – техникӣ алоқамандӣ дорад, мусоидат мекунад. Пеш аз ҳама корфармоён дар самти Шарики ҳамкор (ташкилоти заминавӣ) зарурати бо имконияти молиявию моддӣ технологияи муосирро таҷҳизонида, таъмини ашёи хом ва маводи заруриро дастрас менамоянд.
Шарики ҳамкор (ташкилоти заминавӣ) дар Литсейи касбии техникии № 30- юми шаҳри Душанбе низ хуб ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади иҷрои талаботи Низомномаи Шарики ҳамкор ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ Созишномаи ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор», шартномаҳои ҳамкорӣ бо ҶСК «Артеко» барои ихтисоси кандакорӣ дар чӯб, ҶСНК «Саманд» барои ихтисоси дуредгар, ҶСП «Сомон – таҷҳизот» барои ихтисоси таъмири автомобил, ҶДММ «Кнауф Маркетинг Душанбе» оид ба масолеҳи гарминигоҳдорӣ, ки наврасону ҷавонон дар раванди таълим дар литсей ва калонсолон дар омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯйи ихтисосҳои хиштчин, дуредгар, рангуборчӣ ва кафшергари газию барқӣ ҷалб гардидаанд, соҳиби касбу ҳунар мешаванд. Имрӯз баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мутахассисони оянда дар заминаи шиносойӣ бо дастовардҳои нави илмии соҳа, роҳу усулҳои нави таълимӣ аз фаъолияти литсейҳои касбӣ дар самти ҳамкории созанда бо Шарики ҳамкор (ташкилоти заминавӣ) вобастагӣ дораду ба иҷрои амалии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015» мусоидат хоҳад кард .
-Боз кадом омилҳо метавонад зинаи таҳсилоти ибтидоии касбиро такон диҳаду мутахассисони соҳибкасб дар бозори меҳнат ҷойи худро ёбанд ва ба ҳама гуна рақобат устувор бошанд?
-Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, сарфи назар аз он ки дар кадом сатҳ фаъолият намояд, корфармоён- идораҳои давлатӣ, ҳокимияти маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва Агентии давлатии ҳифзӣ иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ шарикони асосии иҷтимоии МТИК мебошанд. Ҳамаи онҳо танҳо як мақсад доранд, яъне қонеъ намудани талаботи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар масъалаи тайёр намудани мутахассисони касбии коргарӣ барои бозори меҳнат, ки ба рушди иқтисодии кишвар алоқаманд аст.
Соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба хатмкунандагони МТИК эҳтиёҷ дошта, рушду такомули ҳаёти имрӯзаву оянда аз бисёр ҷиҳат ба мутахассисони касбии коргарӣ алоқамандии зич дорад. Вобаста ба талаботи бозори меҳнат, мутахассисони коргариро тавре тайёр намудан лозим аст, ки соҳиби малакаи хуб, дониши васеъ, касбу ҳунари азхуднамударо бо таҷрибаи андӯхта дар таҷрибаи истеҳсолӣ такмил дода, ба ҳама гуна рақобати бозор тобовар бошанд. Таҳлилҳои рушди бозори меҳнат собит намуд, ки пешрафти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар давлатҳои Олмон, Канада, Ҷопон, Норвегия, Шветсия ва Федератсияи Россия, ки диққати асосиро ба раванди таълим, гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ дар сатҳи давлатӣ равона сохтаанд, ба муваффақиятҳои назаррас дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани кадрҳои коргарӣ ноил гардидаанд. Бозори меҳнатро аслан хатмкунандагони МТИК ба вуҷуд меоранду онро пур мекунанд, вале маърифати имрӯзаи корфармоён як тарафи масъала бошад, тарафи дигари масъала сатҳу шароити кор дар корхонаву ташкилот ва ё муассисаҳо низ хеле муҳим аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои коргарии баландихтисос эҳтиёҷманд буда, тайёр кардани мутахассисони бозоргир вазифаи литсейҳо мебошад. Бояд бо дарки баланди масъулият ва эҳсоси ватандӯстӣ аз имконияти мавҷуда истифода намуда, кадрҳои коргарии донандаи касбиро тайёр намоем, ки дар рушду нумуи иқтисодиёти кишвар ва ободонии он саҳм дошта, дар бозори меҳнат ҷойи худро ёфта тавонанд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»