Сенздаҳуми июни соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шуруъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад.
Салимзода Шерхони ОДИНА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Мунтазам такмил додани қонунгузории амалкунанда дар самти мубориза бо коррупсия иқдоми пайгирона дар роҳи пурзӯр намудани мубориза алайҳи бесарусомонӣ, талаю тороҷи моликияти давлатию ҷамъиятӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо маҳсуб меёбад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур, пеш аз ҳама, ба мақсади таъмини иҷрои супоришу дастурҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти мубориза бо коррупсия дода мешаванд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Ҳамзамон дар раванди ислоҳоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мо бояд ба он кӯшиш намоем, ки шаффофияти фаъолияти онҳоро таъмин карда, дар як вақт мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаро тақвият бахшем.
Ин гуфтаҳо исботи бевоситаи ибораи «халқ барои давлат набуда, давлат барои халқ аст» мебошад.
Ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳамчун яке аз сохторҳои идоракунии давлат рӯз аз рӯз мустаҳкам мегардад.
Баробар ба ин, дар фаъолияти ин мақомот, аз ҷумла вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ камбудию қонунвайронкуниҳое ҷой доранд, ки кори бомарому мунтазами дастгоҳи давлатиро халалдор мекунанд.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» низ бо назардошти гуфтаҳои боло, бо мақсади таҷдиди назар намудани ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ таҳия гардидааст.
Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки ба мақсади таъмини амалии принсипи демократии баробарии ҳама дар назди қонун қисмҳои 2, 3 моддаи 15-уми қонуни конститутсионии мазкур, яъне ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ аз матни амалкунанда хориҷ карда шавад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур оид ба таҷдиди назар намудан дар масъалаи ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки баъзан боиси сӯистифода аз мансаб ва коррупсия мегардад, ба мақсади фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод шудааст.
Дар баробари ин, зикр кардан бамаврид аст, ки моддаи 17-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк кафолат дода, қабули ин лоиҳаи пешниҳодшуда қадами наве ба воқеан амалӣ шудани меъёрҳои конститутсионӣ мебошад. Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳуқуқи дахлнопазирӣ надоранд.
Бо ворид намудани ин тағйиру иловаҳо ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пурра барҳам нахӯрда, баъзе имтиёзҳо дар шакли дигар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия» боқӣ мемонад, зеро дар ин ҳолат на ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва на ҳама шахсони мансабдори онҳо метавонанд ба ҳабс гирифтан ва дигар хел маҳдуд намудани ҳуқуқҳои вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ба амал бароранд. Тибқи тағйироте, ки ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод шудаанд, минбаъд ин амалҳо аз тарафи прокурорҳо ва судҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.
Дар ин замина, мувофиқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколатҳои худ назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон татбиқ намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз вазифаҳои асосии ин мақомот мебошад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти прокуратура кӯшиши худро ба он равона менамоянд, ки ба поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои ягон вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ роҳ дода нашавад.
Тағйироти ба моддаи 20-уми қонуни конститутсионии мазкур пешниҳодшуда бо мақсади ба танзим даровардани масъалаи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, инчунин судяҳо, прокурорҳо ва аз байн бурдани мухолифати байни қонунгузории амалкунанда пешниҳод шудааст. Мувофиқи ин тағйирот, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоям ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Назрулло Ҷонов дода мешавад.
Назрулло ҶОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур аз нав дида баромадани дахлнопазирии вакили Маҷлиси вакилони халқи маҳаллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, аниқ намудани тартиби ҳалли масъалаҳои кадрҳо ва бартараф намудани мухолифатҳо байни санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2013 №1848 лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур барои омода намудани хулоса ба Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, ду таклиф пешниҳод кард, ки дар рафти ҷаласа аз тарафи намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва кумитаи масъул дастгирӣ наёфт.
Бистуми майи соли 2013 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.
Инчунин пешниҳод карда шуд, ки зарурати илова намудани эзоҳ ба моддаи 20-уми қонуни конститутсионии амалкунанда таҷдиди назар гардад.
Масъала таври якҷоя бо гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба лоиҳа тағйирот ворид карда шуд.
Дар натиҷа қисми 2-юми моддаи 1-уми лоиҳа дар таҳрири нав ифода карда шуд. Сархатҳои нуздаҳум ва бистум аз қисми якуми моддаи 20-уми қонуни амалкунанда хориҷ карда, мазмуни онҳо, инчунин муқаррароти қисми 2-юми лоиҳаи қонуни аввала дар матни моддаи нав 201 ифода карда шуданд.
Тибқи тартиби дар он пешниҳодшуда, роҳбарони он сохторҳое, ки аз буҷети маҳаллии дахлдор маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии хаттии роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд.
Роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказӣ, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз тарафи роҳбарони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, қарорҳои қабулшуда барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод карда мешаванд.
Чунин тартибот барои сохторҳои маҳаллии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ, инчунин судяҳо, прокурорҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онҳо тартиби дигарро муайян намудааст, татбиқ намегардад.
Инчунин дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур чунин пешниҳод шудааст: «Тартиби баррасии масъалаҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
Тағйироти мазкур ваколатҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳоро дар ҳалли масъалаҳои кадрӣ пурзӯр намуда, ҳамзамон масъулияти онҳоро барои тайёр ва интихоб намудани роҳбарони сохторҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баланд мебардорад.
Тағйироти пешниҳодшуда бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа карда шуд.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро дастгирӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» сухан ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дода мешавад.
Салимзода Шерхони ОДИНА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Пӯшида нест, ки коррупсия ба яке аз омилҳои муҳими эҷодкунандаи монеа ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд табдил ёфта, мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлатӣ эътироф гардидааст.
Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб Президенти кишвар дар Паёмҳои ҳарсолаи худ самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатиро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян менамояд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2010 «Дар бораи тадбирҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи чорабиниҳо «Оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010 тасдиқ карда шудааст, баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар ин самт нигаронида шудаанд.
Таҷдиди назар намудани масъалаи ҳуқуқи дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки баъзан боиси сӯистифода аз мансаб ва коррупсия гардида истодааст, давоми мантиқии чораҳои мубориза бо қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ буда, дар ин раванд боиси то ҳадди муайян паст шудани сатҳи коррупсия мегардад.
Матни амалкунандаи моддаҳои 21, 22 ва 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия» то як андоза хилофи муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк буда, қабули ин лоиҳаи пешниҳодшуда қадами наве ба воқеан амалӣ шудани меъёрҳои конститутсионӣ мебошад.
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳуқуқи дахлнопазирӣ надоранд, зеро дар амалия ҳолатҳое ҳастанд, ки бинобар мураккаб будани тартиби ба ҷавобгарӣ кашидани вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, онҳо аз кирдорҳои содирнамудаашон аз ҷавобгарӣ дар канор мемонанд, ки бо ин амал принсипҳои ногузирии ҷазо ва баробарии ҳама дар назди қонун халалдор мегарданд.
Дар таҳрири пешниҳодшудаи моддаи 22-юми қонун муқаррар шудааст, ки парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ нисбати вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва прокурори қаламрави дахлдор ё прокурори болоӣ оғоз карда мешавад. Инчунин танҳо бо розигии Прокурори генералӣ, муовинони ӯ, прокурори вилоят, шаҳри Душанбе ва нақлиёти Тоҷикистон бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе чораҳои пешгирӣ дар шакли ҳабси пешакӣ, ҳабси хонагӣ, ҳабси молу мулк ё анҷом додани ҳаракатҳои тафтишотии ҳабси муросилот, гӯш ё сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ татбиқ карда мешавад. Яъне, прокурорҳо ва судҳои шаҳру ноҳияҳо чунин ваклотҳоро надоранд.
Дар таҳрири пешниҳодшуда асосҳо ва тартиби ба ҷавобгарӣ кашидани вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ба мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо пурра ва саҳеҳу оммафаҳм оварда шудааст.
Бо ворид намудани ин тағйирот на ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва на ҳама шахсони мансабдори онҳо метавонанд нисбати вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намоянд ва ё дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ ва тадбирҳое, ки ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд мекунанд (ба мисли ба ҳабс гирифтан, ҳабси хонагӣ, гӯш ва сабти гуфтугӯи телефонӣ ва ғайраҳо), амалӣ намоянд, зеро минбаъд ин амалҳо бо қарори прокурорҳо ва судҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд. Яъне, вазъи ҳимояи ҳуқуқии онҳо пурра барҳам нахӯрда, тартиби амалишавии онҳо тарзи дигарро мегирад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Бибидавлат Авзалшоева дода мешавад.
Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таҷдиди назар намудани муқаррароти қонун вобаста ба дахлнопазирии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, моддаҳои 21 ва 23 аз қонуни мазкур хориҷ карда, моддаи 22 дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Ин тағйирот имкон медиҳад, ки дар мавриди ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст доштани вакилони маҳаллӣ масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидан ва татбиқ намудани дигар чорабиниҳои муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ дар рафти таъқиби ҷиноӣ бемамоният ҳал карда шавад.
Мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2013 №1855 кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хулосаҳои худро ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод намуданд, инчунин аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ дода шуд.
Субъектҳои зикргардида лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон нуҳ пешниҳоду таклиф иброз намуданд, ки ҳамаи онҳо аз тарафи кумитаи масъул қабул гардиданд.
20 майи соли 2013 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, дастгирӣ ёфт.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар қисми дуюми моддаи 1 калимаҳои «телефонӣ нисбати» ба калимаи «телефонии» мваз карда шуда, дар матни русии ҳамин қисм калимаҳои «в отношении» хориҷ карда шаванд, зеро дар он ҷо хатои имлоӣ ба назар мерасад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафаров дода мешавад.
Олимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирини арҷманд!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиди Ёқубзод, Олимҷон Сафаров, Маҳмадамин Ҳисориев, Сафаралӣ Гулов ва Маҳмадраҳим Каримов пешниҳод шудааст, манзур мегардад. Лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад ва барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ин минтақаҳо, нигоҳ доштан, оқилонаву самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ, таъмини амнияти экологию озуқаворӣ дар минтақаҳои кӯҳие, ки дар баландии зиёда аз 2000 метр ҷойгир шудаанд, равона гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷавобгӯйи талаботи боби XIII «Рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ»-и Конвенсияи СММ оид ба муҳити зист ва Рушди устувор мебошад, ки дар он, аз ҷумла чунин зикр гардидааст: «Минтақаҳои кӯҳӣ ин сарват ва боигарии азими миллии ҳар як мамлакат мебошад».
Минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин манбаи обу энергия ва маъдан, гуногунии биологӣ, маҳсулоти ҷангал, маҳалли пешрафти кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дар баробари ин, ба мавзеъҳои истироҳат, саёҳат ва зиёрат мансуб мебошанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2012 №1093 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур фаъолона иштирок намуда, хулосаҳои худро пешниҳод карданд.
Пешниҳод гардида буд, ки бо назардошти он ки лоиҳаи қонуни мазкур дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор мавриди таҳия қарор дорад, барои мутобиқ намудани он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва ба дигар қонунҳои соҳавии амалкунанда гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2012 №1277 гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор таъсис ёфт.
Дар ин давра аъзои гурӯҳи корӣ дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намуда, таклифҳои хешро пешниҳод намуданд.
Дар натиҷаи баррасӣ, аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва гурӯҳи корӣ 143 таклифу пешниҳод ворид гардид, ки аксарияти онҳо аз ҷониби кумитаи масъул пазируфта шуданд.
Кумитаи масъул 28 май дар ҷаласаи худ ва 29 майи соли 2013 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ мавриди муҳокима қарор дод.
Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлилҳо матни лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти таклифу пешниҳодҳо такмил ёфта, аз 4 бобу 20 моддаи пешниҳодгардида ба 3 бобу 15 модда табдил ёфт.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуҳуров Шукурҷон Зуҳурович такмил дода шуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Бо мақсади мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нигаҳдорӣ, самараноку оқилона истифода кардани сарватҳои табиии дар минтақаҳои кӯҳӣ мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони минтақаҳои кӯҳии кишвар ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод шудааст.
Тавре аз Паёми Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, бо мақсади таъмини рушди устувору баробарвазни ҳама мавзеъҳои кишвар аз ин баъд ноҳияҳои мамлакат дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва сохторҳои дигари Ҳукумат барномаҳои рушди худро омода карда, бо тартиби мавҷуда тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
Вобаста ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси минтақаҳои кӯҳӣ, шароити зисти мардум дар онҳо, иштироки корхонаҳои калони дар ин минтақаҳо фаъолияткунанда дар рушди онҳо ва ғайра зарурати қабули ин лоиҳа ба миён омадааст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ якҷоя бо шарикони рушд ҳоло Стратегияи нави миллии рушд барои давраи то соли 2030-ро омода менамояд ва мо дар ин стратегия рушди баробари ҳамаи мавзеъҳо, аз он ҷумла минтақаҳои кӯҳиро, ба инобат хоҳем гирифт.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шодӣ Шабдолов дода мешавад.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Лоиҳаи қонуни мазкур шакли ба ҳам мувофиқашудаи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» ва «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» мебошад, ки тобистони соли 2011 аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.С.Давлатов, Ф.Шоиддинов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Катаев., Ш.Шабдолов ва Ш.Самадов пешниҳод шуда буд.
31 декабри соли 2012 лоиҳаи қонунро Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба кумитаҳо, комиссияҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳоло аз фишори шадиди буҳрони энергетикӣ бо сабабҳои маълум набаромадааст, ки ин омил боиси асосии камчинии барқ дар кишвар мебошад.
Мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нави энергетикӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои обӣ, аловӣ ва ғайра низ ин мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро ҳал карда наметавонад. Ҳар қадар корхонаҳои нави энергетикӣ зиёд сохта шаванд, бо чунин сатҳи комилан ғайри қобили қабули исрофкории энергия дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, дар биноҳои манзили коммуналӣ, иморатҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин карда наметавонем.
Ҳоло Тоҷикистон ба ҳар як ҳазор доллари Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) нисбат ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон чандин маротиба зиёдтар энергия масраф мекунад.
Дар чунин ҳолат кишвари мо дар ояндаи наздик ҳам асосан давлати содиркунандаи ашёи хом ва воридкунандаи маҳсулоти саноатию ғайрисаноатӣ аз кишварҳои хориҷӣ боқӣ хоҳад монд.
Баҳри ҳалли ин мушкилот лоиҳаи қонуни мазкур дар шакли комилан такмилёфта мавриди баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур вобаста ба роҳҳои ҳалли мушкилоти раҳойӣ ёфтан аз буҳрони энергетикӣ ва аз байн бурдани камчинии барқу маводи сӯхт нисбат ба қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» густурдатар мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ду шакли паст кардани масрафи ғайриистеҳсолии энергияи барқу гармиро муайян менамояд. Ҳамзамон он риояи ҳатмии меъёрҳои муқарраршудаи масрафи энергияро дар иқтисодиёт ва аз тарафи дигар, истифодаи техникаю технологияи самаранокро дар ҷараёни истеҳсолот ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ дар бар мегирад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия» имкониятҳои васеътари дастрас шудан ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар ҳама соҳаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро муайян менамояд.
Ҳамчунин боби махсус барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бахшида шудааст.
Бояд зикр намоем, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур барои таъмини иттилоотии чорабиниҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, ки онро олимон, мутахассисони босалоҳият ва умуман намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон солҳост интизоранд, боби алоҳида — Боби V бахшида шудааст.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳатҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ, роҳҳои пешгирии исрофкорӣ дар ҷараёни истифодаи энергия ва захираҳои энергетикӣ мушаххас гардидааст.
Ҷиҳати бисёр муҳими лоиҳаи қонуни мазкур Боби Х- Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, маҳсуб меёбад.
Таъсис ёфтани ин фонд мушкилоти ҳалношудаи сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои хурдро аз байн мебарад, чунки то ҳоло арзиши аслии энергияе, ки дар ин неругоҳҳо истеҳсол мешавад, нисбат ба арзиши аслии энергияи системаи энергетикии ШСХК «Барқи Тоҷик» 10-20 баробар гаронтар аст.
Фонд ин фарқиятро ҷуброн менамояд ва шароити мусоидро барои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ муҳайё месозад.
Дар маҷмуъ, лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба қонуни амалкунандаи «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» мукаммалтар ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи бозори энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Хоҳишмандам, ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини аввали вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов дода мешавад.
Пулод МУҲИДДИНОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» рӯзи 30 марти соли 2013 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ карда шуд.
Аз тарафи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни мазкур якчанд таклиф пешниҳод шуда буд, ки онҳо дар мувофиқа бо субъектони ташаббуси қонунгузор ба лоиҳа ворид гардиданд.
Бояд зикр кард, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия», ки соли 2002 қабул гардида буд, бо мурури замон тағйиру иловаҳо ворид мекардем, чунки дар назди бахши энергетика Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи асосӣ –таъмини истиқлолияти энергетикиро монда буданд. Яке аз вазифаҳои асосии соҳаи энергетика- сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия мебошад, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии онро, инчунин тартиби истифодаи сарфаҷӯёнаи захираҳо ва маҳсулоти сӯзишворию энергетикиро муайян менамояд. Қонуни мазкур нисбати ҳама объектҳои гражданӣ, саноатӣ, коммуналӣ ва мудофиа, инчунин системаи таъмини об, сарфи назар аз шакли моликияташон, татбиқ мегардад.
Дар боби I қонуни мазкур «Муқаррароти умумӣ» мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, доираи амали қонуни мазкур, принсипҳои танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия пешбинӣ гардидаанд.
Боби II лоиҳаи қонуни мазкур салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергияро мушаххас менамояд.
Дар боби III масъалаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия, таъмини самаранокии энергия дар соҳаҳои гуногун муқаррар шудааст.
Боби IV ба масъалаҳои экспертизаи давлатии энергетикӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва боби V ба таъмини иттилоотии чорабиниҳо дар соҳаи мазкур равона гаштааст.
Бобҳои VII ва VIII масъалаҳои назорати давлатӣ, инчунин масъалаҳои стандартизатсия, сертификатсия ва метрология дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергияро дар бар мегирад. Ҷоиз ба зикр аст, ки назорати давлатӣ дар ҷараёни ҳама корҳое, ки бо иктишофу истихроҷ, коркард, мубодила, интиқол, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ алоқаманданд, гузаронида мешаванд.
Боби IX қонуни мазкур механизмҳои иқтисодӣ ва молиявии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергияро дар бар мегирад.
Бояд зикр намуд, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур дар боби X омадааст, ки фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бо мақсади дастгирии давлатии соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ки ин барои расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат такони ҷиддӣ мегардад.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
Шакарбек САМАДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли гузашта дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: «Бо мақсади таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон, яъне ноилшавӣ ба истиқлолияти энергетикӣ, дар баробари дигар тадбирҳои таъминкунандаи рушди соҳа татбиқи маҷмуи ислоҳоти иқтисодиву сохтории соҳа пешбинӣ шудааст.
Дар ин ҷода баланд бардоштани қобилияти рақобати комплекси сӯзишворию энергетикӣ аз пешбурди фаъолонаи сиёсати сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани энергия, инчунин кам кардани талафоти он вобаста мебошад.»
Ин ҷо мехостам диққати шуморо ба ин нукта ҷалб намоям. Дар суханҳои Сарвари давлат ин се мафҳум: сарфаҷӯӣ, самаранокӣ ва кам кардани талафоти энергия беҳуда якҷоя наомадааст, зеро ин мафҳумҳо ба ҳамдигар зич алоқаманд буда, аз ҳамдигар вобастагии калон доранд.
Оид ба сарфаҷӯии энергия ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, гарчанде ки 1 кВт/соат неруи барқ 1 тин арзиш дошт, лекин фарҳанги истифодаи неруи барқ чунин ба роҳ монда шуда буд, ки мардум онро хеле сарфакорона истифода мебурданд ва ҳатто ягон нуқтаи равшанидиҳандаро беҳуда пайваст намекарданд. Ҳоло бошад, гарчанде дар мавсими тирамоҳу зимистон танқисии неруи барқ эҳсос мегардад, дар зимистон ҳатто дар деҳот тамоми нуқтаҳои равшанидиҳанда чӣ назди дарвоза, чӣ таги айвон, чӣ ошхона, чӣ даҳлез ва чӣ оғилу коҳдон шабу рӯз фурӯзон аст, яъне сарфакорӣ фаромӯш шудааст.
Оид ба самаранок истифодабарии неруи барқ гумон мекунам, ки танҳо ёдрас шудани иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2009 дар бораи гузаштан ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф кифоя мебошад. Мо ҳама шоҳиди онем, ки пас аз ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф гузаштан дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1 млрд. кВт /соат неруи барқ сарфа шуда, соати интиқоли барқ ба аҳолӣ дар фасли зимистон зиёд шуд.
Оид ба кам кардани талафоти неруи барқ бошад, он, албатта, сабабҳои субъективӣ ва объективӣ дорад. Мо хуб медонем, ки мамлакатҳои пешрафтаи Ғарб ҳоло талафоти неруи барқро то 8- 10 фоиз кам кардаанд. Ин нишондиҳанда, албатта, маблағи зиёдро талаб мекунад ва бинобар ҳамин дар лоиҳа боби алоҳида, яъне боби X таъсиси Фонди рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия пешбинӣ шудааст, ки барои ба мақсадҳои дар боло зикргардида ноил гаштан сарчашма хоҳад шуд.
Афзалияти дигари лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз қонуни амалкунанда дар он аст, ки дар лоиҳаи қонун боби V «Таъмини иттилоотии чорабиниҳо дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» пешниҳод шуда, тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеиро бо маълумотҳои соҳа сари вақт таъмин хоҳад кард.
Тавре Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштанд, барои пурра ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» зарур аст ва қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида қадами устувор ба сӯйи истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия»-ро дастгирӣ намуда, барои ҳар чӣ зудтар ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштан саҳмгузор бошед.
Маҳмадшариф ҲАҚДОДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ду омили муфиди истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ мебошад, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон васеъ истифода бурда мешавад. Гузаштан ба низоми сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дорад. Яъне, ин ҳаракат ба сӯйи таъмини рушди устувор аст, ки яке аз самтҳои он «иқтисодиёти сабз» ё «рушди сабз» мебошад.
«Рушди сабз» дар таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди устувор ин сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ҳамчун таҷрибаи амалии пешқадам мебошад.
Дар натиҷаи самаранок истифода бурдани энергия нишондодҳои иқтисодӣ беҳтар мешаванд, ки он боиси баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум мегардад. Бубинед, гузаштан ба фурӯзонакҳои каммасраф дар ҷумҳурӣ имконият дод, ки то 1 млрд. кВт/соат барқ сарфа шавад.
Аҳамияти экологии сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар натиҷаи самаранокии энергия, яъне кам истифода бурдани энергия аз ҷониби истеъмолкунандагон ва саҳм гузоштан ба кам шудани партовҳо дар гармшавии иқлим мебошад.
Зарурати истифодаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ва ҷорӣ намудани он дар ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2009 дар баромади Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Копенгаген пешниҳод гардида буд.
Гузаштан ба низоми сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ба афзоиш ёфтани аҳолӣ, гармшавии иқлим, кам шудани захираҳои сӯзишвории истихроҷӣ ва зарурати истифодаи васеи намудҳои алтернативии сӯзишворӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия вобастагӣ дорад.
Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бойи манбаъҳои барқароршавандаи энергия буда, энергияи об метавонад кишвар ва минтақаро бо энергияи арзону аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намояд.
Барои васеъ гардидани корҳо дар самти сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия бояд ҳар як муассиса, ташкилот, корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҳар як оила ва ҳар шахс бояд реҷаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дошта бошад.
Дар ин сурат мо метавонем ба натиҷаҳои матлуби иқтисодӣ, баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум ва муҳити зисти солим ноил гардем.
Аз ин лиҳоз, қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия» саривақтӣ ва қобили дастгирӣ мебошад.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ