Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Шиаоу Жао

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013

Шиаоу Жао

Сенздаҳуми июни соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Шиаоу Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон наздики 1 миллиард доллари амрикоӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грант ва кӯмаки техникӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло бо маблағи 600 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк, ки аксари кулли он грант мебошад, дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, молияи давлатӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор татбиқ мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки Осиёии Рушд барои дастгирӣ аз рушди иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки дигар низ, аз ҷумла барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва таъмини амнияти энергетикӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои маблағгузории таҳияи лоиҳаи сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки Бонки Осиёии Рушд аз сохтмони ин роҳ низ дастгирӣ хоҳад кард. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба кашидани хатти интиқоли неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ — «CASA-1000» ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.

www.prezident.tj