Чанде пеш бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» (ВАО) дар мавзӯи «Инъикоси мавзӯи истифодаи захоири об ва масоили тарғиби он дар ВАО» ҷамъомад баргузор гардид.
Директори Академияи ВАО Зиннатулло Исмоилзода гуфт, ки ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар масъалаи об дар сатҳи ҷаҳон қабул гардид, танҳо бо ҳадафи муаррифии кишвар набуда, балки фаротар аз он аст. Директори Институти масъалаҳои об, энергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Зайналобиддин Кобулиев мушкилоти вобаста ба обро шарҳ дода, зикр кард, ки иқдомҳои рӯи дастгирифтаи Тоҷикистон ба манфиати минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонист.
Инчунин, баъди маърӯзаи ходими калони илмии институти зикршуда Ҳусайн Аброров, корманди ҳамин институт Анвар Қодиров ва коршиноси масъалаҳои экологӣ Ҳасан Асоев оид ба нозукиҳои инъикоси масъалаҳои вобаста ба об дар ВАО миёни коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоҳизаронӣ сурат гирифт.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум»