Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 ҷиҳати бартараф кардани мухолифат ва номутобиқатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 160 лоиҳаи қонун, созишномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ дод.
Директори марказ, профессор Маҳмад Раҳимзода иброз намуд, ки соли 2016 аз ҷониби кормандони он 15 китоб, рисолаҳои илмию тафсирҳо, 150 мақолаи илмию таҳлилӣ ба чоп расид. Аз ҷумла, «Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги тоҷикӣ ба русии истилоҳоти ҳуқуқ», «Такмили ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият» аз он ҷумлаанд.
Инчунин, ба марказ 250 муроҷиат ворид ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» баррасию ба муаллифон ҷавоб гардонида шуд.
Чанде пеш бо мақсади омода намудани аспирантон байни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубии Федератсияи Россия созишнома имзо гардид.
90 фоизи кормандони марказро мутахассисони ҷавони соҳаи ҳуқуқ ташкил дода, 15 нафар соҳиби унвони номзад ва доктори илм мебошанд. 5 нафар унвонҷӯ рисолаҳои илмии худро омода кардаанд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»