Ҳаҷми хизматрасонии алоқа бо дарназардошти саҳми операторони хусусӣ, соли 2016-ум 2847, 9 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015-ум 4,8% зиёд мебошад.
Ин давра дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ ба 8 миллиону 681 ҳазору 92 нафар расидааст, ки 4 миллиону 416 ҳазору 578 нафарашон фаъол буданд. Муштариёни умумии алоқаи маҳаллӣ 430 ҳазору 504 нафарро ташкил доданд, ки 145 ҳазору 633 нафар фаъоланд. Дар давоми сол аз шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, дар якҷоягӣ бо интернети мобилӣ ва маҳаллӣ, 2 миллиону 632 ҳазору 230 нафар истифода бурдаанд. Айни замон дар кишвар 471 шуъбаи алоқаи почтаи КВД «Почтаи Тоҷик» бо 940 корманд ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ин бора муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.
Шарофат Абдулвоҳидова, «Садои мардум»