КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо иқдоми омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №54 ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Конибодом ин мактаб ба номи яке аз афроди шинохтаи ҷумҳурӣ, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, академик Иброҳим Обидов номгузорӣ шуд. Доктори илми таърих, профессор, академики Академияи илмҳои педагогии СССР Иброҳим Обидов дар рушди илми тоҷик ва таърихи кишвар хизмати босазо кардааст. Вай яке аз муҳаққиқони варзидаи соҳаи педагогикаи замони шӯравӣ ба ҳисоб рафта, муаллифи зиёда аз 20 монография ва бештар аз 500 рисолаву мақолаҳои илмист.
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон