РОҒУН. ( Ҳокими Сафар) Дар китобхонаи шаҳрии Сарипулак ба ифтихори 16-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он фаъолзанон, омӯзгорону хонандагон ва аҳли қалам ширкат варзиданд. Конфронсро китобдор Шоира Алимуҳаммадова ифтитоҳ карда, аз нақши онҳое, ки дар кори барқарор кардани сулҳу оромии кишвар хизмат кардаанд, ёдовар шуд. Сипас чанде аз ҳозирон, минҷумла толибилмон, шеърҳои шоирони муосири тоҷикро дар васфи иттиҳоду ягонагӣ, сулҳу ваҳдат қироат карданд.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон