Ҳар даҳ сония дар дунё бар асари истеъмоли тамоку як нафар ба ҳалокат мерасад. Ин нукта чанде пеш дар гузориши Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таъкид ёфт. Мувофиқи гузориши мазкур, истеъмоли тамоку дуюмин сабаби маъмулии фавти одамон пас аз садамаҳои нақлиётӣ мебошад.
Дар бештари кишварҳои ҷаҳон шахсони тамокукаш талош меварзанд то як рӯзи зиндагии худро бе тамоку паси сар кунанд. Чанде пеш масъулини Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ эълон доштанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муборизаи зидди тамоку ва хатари он ба саломатии инсон ҷиддӣ муносибат карда намешавад. Ин ниҳоди тандурустӣ пешгӯйӣ мекунад, ки дар ҳоли беаҳамиятӣ ва канораҷӯйӣ намудан ва ё баргузор накардани маҳфилҳои зидди тамоку эҳтимол то соли 2020 бемории саратон байни аҳолии ин минтақа 60 фоиз афзояд.
Қобили зикр аст, ки аз 29 декабри соли 2010 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мавриди амал қарор дорад, ки аз ҷумла бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани беморшавии аҳолӣ, инчунин манъи кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, истироҳатгоҳҳо, фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳан қабул шудааст. Аз рӯзи аввали қабули қонун то имрӯз шахсони зиёд борҳо барои риоя накардани талаботи ин қонун ҷазо гирифтанд. Мардум тадриҷан одат кардаанд ва дигар наметавонанд, дар ҷойи дилхоҳи хеш тамоку кашанд. Дар қонуни мазкур манъ будани фурӯши сигарета, сигор, папирос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва назди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, варзишӣ низ пешбинӣ гардидааст. Ин қонун фурӯши маҳсулоти тамокуро ба ноболиғон пурра манъ кардааст. Мутобиқи қонуни мазкур, ҳамчунин фурӯши тамоку дар масофаи то 100 метр аз кӯдакистону мактаб ва беморхонаву дигар муассисаҳои тиббӣ низ манъ гардида, барои тамокукашон ҷойҳои махсус пешбинӣ шудааст. Ҳадафи асосии ин қонун пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳли ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон аст. Аммо, бо вуҷуди идомаи маъракаҳои таблиғотӣ барои пешгирии ин падида, мушоҳида мешавад, ки бархе аз наврасон ва ҷавонон аз ин одати бад даст накашидаанд ва шумораи тамокукашон рӯ ба афзоиш дорад. Онҳо ба қавле пинҳонӣ ва ё назди атрофиён кашидани тамоку (носу сигор)-ро далели камолоти худ медонанд. Илова бар ин, байни ашхоси калонсол низ баҳонае роиҷ аст, ки гӯё мардум аз мушкилоти зиндагӣ ва ғаму андӯҳ рӯй ба носу тамокукашӣ меоранд.
Масъулини Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ зимни яке аз таҳқиқотҳои гузаронидаашон ба хулоса расиданд, ки истифодаи тамоку яке аз барангезандагони бемории саратон мебошад. Дар ҷаҳон 90 фоизи гирифторони бемории саратон, 75 фоизи беморони роҳи нафас ва 25 фоизи гирифторони бемории қалб дар натиҷаи кашидани тамоку дучори ин беморӣ гардидаанд.
Бино ба маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, ҳамасола дар сайёра бар асари истеъмоли тамоку 6 миллион нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Созмони мазкур аз он нигарон аст, ки дар ҳоли мунтазам идома ёфтани ин падидаи номатлуб то соли 2030 ин нишондод аз 6 ба 8 миллион нафар афзоиш меёбад. Аз рӯйи нишондодҳои омории ин ташкилоти байналмилалӣ дар кишварҳои Аврупо, бахусус Австрия, Дания, Ирландия, Норвегия, Ҳоланд ва Шветсия сафи занони сигоркаш ҳар лаҳза меафзояд. Дар Булғористон, Лаҳистон, Словения ва Хорватия бошад, теъдоди сигоркашон дар қиёс ба писарбачаҳо миёни духтарон зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин радиф 17 апрели соли 2013 дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Конвенсияи қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку баррасӣ ва тасдиқ гардид. Зимни муҳокимаҳо муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова изҳор дошт, ки эътирофи Конвенсияи қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку, ки яке аз талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ ва кам намудани фавти одамон аз тамокукашӣ равона шудааст, аз манфиат холӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол 174 давлати дунё конвенсияи мазкурро қабул намуда, барои татбиқи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ҳамин ҷаласа узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдураҳмон Хонов зикр намуд, ки масъалаи мазкур дар шароити имрӯза тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва он мушкилоти кулли кишварҳои сайёра ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи мавсуф, ҳаҷми зараре, ки бар асари истифодаи тамоку ба вазъи саломатӣ ва молиявии сокинони сайёра мерасад, дар як сол бештар аз 200 млрд. долларро ташкил медиҳад.
Таҳқиқ ва баррасиҳои тибби муосир муйаян намудааст, ки сигор барои саломатии инсон хатари ҷиддӣ дошта, тарки он зарур мебошад, зеро ҳар як сигори кашида ба монанди сӯзан ба қалби шахси тамокукаш асари бад мегузорад. Пас аз истеъмоли ҳар як тамоку дар рагҳои хунгард аксуламали химиявӣ, ба монанди тангшавии роҳҳои хунгард, ба вуҷуд меояд, ки оқибат ба тунук шудани рагҳои дил оварда мерасонад. Шахси тамокукаш барои дарёфти тамоку на танҳо маблағ сарф намуда, ба буҷети оилавӣ зарар ворид мекунад, балки саломатии худ ва атрофиёнашро низ аз даст медиҳад. Дар хонаводае, ки калонсолон тамоку истеъмол мекунанд, хавфи бемор шудани кӯдакон зиёд мебошад, зеро аз дуди ғализи сигор ҷисми нозуки инкишофёбандаи кӯдак бештар осеб мебинад. Инчунин бар асоси таҳқиқотҳои охири табибон, агар дар хона зани ҳомила пайваста аз дуди сигор нафас гирад, эҳтимоли 56 фоиз сабаби марги тифл дар батни модар вуҷуд дорад. Дар ҳоли зинда таваллуд шудан низ баъзе нуқсҳоеро дар асаб ва шуши тифл метавон муйаян кард, ки солимии кӯдакро зери суол мебарад. Илова бар ин, барои баъзеҳо чунон маъмул шудааст, ки шарм надошта, дар ҳузури мардум ба истеъмоли тамоку мепардозанд, ки чунин рафтори эшон як навъ беэҳтиромӣ ба арзишҳои инсонӣ аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар ҷомеа ҳанӯз аксари ашхоси дур аз тамоку бидуни бархӯрд ба афроди сигоркаш «маҷбуран» ба бӯи ғализ ва нафасгиркунандаи дуди он ҳамроҳ шуда, таҳаммулро авло медонанд. Ҳарчанд табибон исбот намудаанд, ки зарари дуди сигор на танҳо ба худи шахси сигоркаш, балки ба тамоми афроде, ки ба ӯ наздикӣ доранд, мерасад. Масалан, агар шахсе, ки умуман бо тамоку сарукор надорад, вале дар манзил ва ё ҷойи кор тақрибан 3-4 соат шахсони сигоркашро ҳамроҳӣ намояд, баробари он аст, ки гӯё аз 8 то 10 дона сигор кашидааст.
Маврид ба ёдоварист, ки дар таркиби дуди тамоку зиёда аз 30 навъи моддаи заҳрнок, ба монанди никотин, аммиак, сулфид, гази карбон мавҷуд аст, ки ба бадани инсон таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаи олимон нишон додааст, ки никотин яке аз хавфноктарин заҳри растанӣ мебошад, ки аз таъсираш харгӯш аз чоряк, саг аз ним қатра ва асп аз як қатраи он мефавтанд. Як дона сигор дарбаргирандаи аз 8 то 20 миллиграмм никотин аст, ки таъсири як миллиграмми он ҳангоми кашидани сигор дар ҷисми инсон боқӣ мемонад.
Ҳаёт зудгузар аст. Мутаассифона, ҳанӯз башарият барои пешгирии ин падидаи номатлуб муваффақ нашудааст. Мутобиқи тадқиқоти гузаронидаи табибони амрикоӣ, шахсоне ки дар як рӯз 20 адад сигор мекашанд, дар як ҳафта як рӯз аз умри ширини онҳо кам мешавад. Воқеан, фарҷоми ин вабои аср маргест, ки бисёриҳо дар интизораш нестанд. Инсоне, ки дидаву дониста, худро ба чанголи марг ҳавола медиҳад ва ба қадри неъмати бузург — саломатӣ намерасад, пас ӯ дар ҳаёт аз фурсатҳои муносиб ва бебозгашт истифода накардааст. Худованд дар Қуръони карим (дар Сураи Бақара, ояти 195) мефармояд: «…Хештанро бо дастҳои худ ба вартаи ҳалокат маафканед…». Афроде, ки дорои ирода ва рӯҳияи қавианд, метавонанд бидуни мушкил бо як қарори қатъӣ аз истеъмоли тамоку даст кашанд, вале вой бар ҳоли ашхосе, ки қасди дурӣ аз сигор мекунанду бо гузашти чанд рӯз ба қавлашон устувор намемонанд…
Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»