10 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мансурзода Наим бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан» ва мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ», «Дар бораи пешниҳод намудани Саидзода Маҳмадисо Мурод, Мирзозода Исроил Шоҳимардон ва Қамарзода Рошиддин ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намуданд.
www.president.tj