Барқияҳои табрикӣ

№14 (3651) 11.02.2017

10 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Сарфарозам ба муносибати фарорасии санаи хотирмон дар таърихи муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка – 25-умин солгарди  барпо намудани робитаҳои дипломатӣ ба  Шумо табрикоти самимии хешро бифиристам.

Тоҷикистон Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро, ки яке аз аввалинҳо шуда, соҳибихтиёрии давлати моро  эътироф намуд, шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.

Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории васеи кишварҳоямон, ки имрӯз фарогири соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятию низомӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем.

Омодаем, ки ҷиҳати густариши бемайлони муносиботи кишварҳоямон ва ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо минбаъд низ иқдомҳои амалии муштаракро ба роҳ андозем.

Бо ибрози таманниёти беҳтарин ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Америка пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

***

10 феврали соли 2017 Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп низ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Президент!

Ман Шумо ва тамоми халқи Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди Истиқлолият табрик менамоям. Штатҳои Муттаҳида соҳибистиқлолӣ ва якпорчагии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсояи он, инчунин кӯшишҳои Тоҷикис­тонро дар пешбурди корҳо баҳри гулгулшукуфӣ ва боз ҳам муттаҳидтар гардонидани Осиёи Марказӣ, пурра дастгирӣ менамояд.

Соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳида 25-солагии ҳамкории зичи дуҷонибаро қайд мегиранд. Чун маъмуриятам корро оғоз намуд, умед ба он дорам, ки эҳтироми тарафайн ва садоқат ба пешбурди мақсадҳои умумӣ дар соҳаи амнияту суботи минтақавӣ идома меёбад».

www.president.tj