Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ян Ҳамачек

№14 (3651) 11.02.2017

32695507391_df67406aa7_o10 феврали соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачекро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Чехия ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Чехия, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Чехия, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия дар ибтидои моҳи декабри соли гузашта имзошуда, муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чехия изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва сайёҳӣ пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷиноятҳои фаромарзӣ ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиёсию низомии Афғонистон низ табодули афкор сурат гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда самтҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

 www.president.tj