Дар партави Паёми Президент

Маориф -соҳаи афзалиятнок

№74 (3059) 18.06.2013

Посухҳои сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғарибшо Ғарибшоев

M-Шумо иштирокчии бевоситаи Ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум будед, ки дар он Паёми Прензиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид. Хоҳишмандам таассуроти худро аз ин хусус иброз намоед.

-Ман бо як ҷаҳон таассурот ва андешаҳои наву ҷолиб аз мулоқоти хотирмон бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон баргаштам. Ҳанӯз ҳам як андешаи ҷолиби Сарвари давлат дар  гӯшам садо медиҳад: «Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф (ҳадафи панҷум дар назар аст) мо бояд, пеш аз ҳама, барои ҳар чӣ беҳтар  гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем.

Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру  таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар  оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрӯзаро идома  бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд».

Вобаста ба ҳадафҳо ва ҳафт  самти асосии марҳалаи имрӯзаи давлатдории ҷумҳурӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар муҳим будани рушди маориф, бахусус таълиму тарбияи насли наврас, тарбияи кадрҳои ҷавон дар мактабҳоро махсусан зикр намуд. Ҳамзамон иброз гардид, ки ҷиҳати бунёди муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам чораҷӯиӣ карда шавад.

Зинаи дигари ташаккулдиҳандаи шахсияти  кӯдакону наврасон муассисаҳои таҳсилоти умумии миёна мебошад, ки ҳам Ҳукумат ва ҳам маорифчиён дар ин самт бояд ҳама тадбирҳои заруриро  амалӣ намоем, то ин ки дар тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст,  дорои донишу ҷаҳонбинии муосир ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гардем, зеро раванди таълиму тарбия ба самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дохил гардидааст.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола  манзур мегарданд, ҳамчун дастури рушди беҳдошти ҷомеа, раҳнамо ва ҳидоятсози умеду орзуҳои  миллат маҳсуб мешаванд. Дар паёми имсола Президенти кишвар нахуст нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро дар ҳафт соли охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод. Сарвари давлат изҳор дошт, ки натиҷаҳои бадастомада ҳанӯз моро қаноатманд карда наметавонанд. Зикр гардид, ки бо маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то соли 2020 музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз дуюним то се баробар бояд зиёд карда шавад.  Баҳри татбиқи ин ҳадаф аз 1 сентябри соли 2013 музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии соҳаи маориф ба ҳисоби миёна ба андозаи 30 фоиз, кормандони дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Соҳаи маориф, ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҷомеа, ташаббускори навгониву навоварӣ, кашфиёту ихтироот, андешаи наву афкори созандаи ҷомеа дар ин самт аст. Таъсиси марказҳои инноватсионӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет, роҳандозӣ намудани олимпиадаҳои фосилавии байналмилалӣ, ба чунин марказҳо ҷалб намудани хонандагону донишҷӯён ва  омӯзгорони ҷавони лаёқатманду истеъдоднок талаби замон мебошад.

Иҷрои Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ дар Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон сад фоизро ташкил дода, 35 мактаб ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ба шабакаи интернет пайвастанд. Дар муассисаҳои таълимии вилоят 2228 компютер, 366 принтер ва 249 синфхонаи компютерӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Ҳамчунин 54 кабинети фаннӣ фаъолият мекунад, ки аз онҳо 7 кабинети физика, 6 кабинети химия, як кабинети биология, ду кабинети математика, 24 кабинети технологияи информатсионӣ ва 14 кабинети касбомӯзӣ мебошанд. Дар 12 мактаб «Гӯшаҳои муҷаҳҳази касбомӯзӣ» ташкил шудааст.

-Дар самти рушди соҳаи маорифи вилоят кадом корҳо роҳандозӣ шудаанд?

-Дар соли 2013 барои рушди соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 76 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Пеш аз ҳама, ин маблағ барои таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, таълимии муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ равона мешавад. Аз ҷумла дар ин сол  сохтмону таъмири асосии 15 муассисаи соҳа дар назар аст.

Барои ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ дохил намудани муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ ҷой барои «Маркази миллии тестӣ» ҷудо гардида, таъмир шуд. Моҳи майи соли 2013- ум 500 нафар хонандагони синфҳои даҳуми мактабҳои шаҳр ва қисме аз мактабҳои ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа дар «Маркази миллии тестӣ» аз озмоиши тестӣ гузаронида шуда, ба Имтиҳони ягонаи давлатӣ (ИЯД) тайёр шуда истодаанд. Аз соли 2014-ум ин навъи имтиҳон барои хатмкунандагони ҳамаи мактабҳои вилоят ҷорӣ мегардад.

Барои «Маркази миллии тестӣ» таҷҳизоти техникӣ дастрас гардид. Донишкадаи такмили маълумоти касбии омӯзгорон бо таҷҳизоти технологияи информатсионӣ пурра таъмин шуд.

Арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат мебошад. Дарвоқеъ, забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои ҳассоси таърихи халқамон ҳамеша нақши тақдирсоз бозида, аҷдоди бошарафу тамаддунсози моро аз гирдоби ҳаводиси пуртазоди асрҳои миёна то ба имрӯз эмин нигоҳ доштааст. Бинобар ин, ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он вазифаи имрӯзаи ҳар кадоми мост. Дар баробари ин, донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ, англисӣ ва ғайра барои ҷавонон зарур аст. Дар ин ҷода низ  моро лозим аст, ки дар ин самт бештар аз ҳама кору фаъолият намуда, дар амалӣ намудани ин нуктаи муҳими суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои худ расида тавонем, зеро ҷаҳони муосир аз мо шогирдони  лаёқатмандро тақозо менамояд.

-Дар Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд низ таъкид ёфт. Назари шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?

-Дар  Паёми навбатии Сарвари давлат таъкид  шуд, ки дар шароити ниҳоят печидаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоти босуръати он такмилу тақвият бахшидан ба фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа ҳадафи асосии миллӣ муайян шудааст. Вазифаи муҳимтарин баҳри татбиқи ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.

Дар ин Паём таъкид шуд, ки амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо падару модарро дар таълиму тарбия, балки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олӣ, омӯзгорон, ҷомеа ва давлатро низ вазифадор месозад, ки ба ин масъала диққати махсус диҳанд.

Дар партави ин андеша ба роҳ мондани шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои таълимии томактабӣ, аз қабили марказҳои инкишофи кӯдакон, боғчаҳои бачагонаи хонагӣ ва монанди инҳо пешбинӣ шудааст. Бунёди муассисаҳои томактабӣ ва фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо вазифаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини соҳаи маориф муайян гардид.

Ҳоло 20 муассисаи томактабии вилоят 1487 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтааст. Шумораи марказҳои ҷомеавии инкишофи кӯдакони синни томактабӣ ҳамасола зиёд шуда, ба 102 адад расид ва ҳоло бо фарогирии 2040 (1032 нафар духтарон) нафар кӯдакон фаъолият доранд. Барояшон 217 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд, 15 нафари онҳо аз ҷониби ЮНИСЕФ, боқимонда аз ҷониби волидайн ва Хазинаи Оғохон маблағгузорӣ мешаванд.

Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ватани азизамон аҳли маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми неруи хешро сафарбар менамоянд.

 

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»