Барқияи табрикӣ

№74 (3059) 18.06.2013

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, Сарфарозам пирӯзии комили Шуморо дар интихоботи Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик ва таҳният гӯям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи давраи рушди кишвари худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсту бародари Эрон чун самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намудааст ва баҳри рушду нумуи онҳо пайваста талош меварзад.

Мо таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳар ду ҷониб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар замони раёсати Ҷаноби Олӣ низ рушду густариши тоза пайдо намуда, дар заминаҳои гуногуни ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи ҷадид ғанӣ хоҳанд гашт.

Ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирӯзиҳои тоза ба тоза, ба мардуми бародари Эрон сулҳу субот ва пешрафту рифоҳ таманно дорам».

www.prezident.tj