Ҳар як инсон сармояи бузургест, ки дорои ҳуқуқ, шарофат ва каромат мебошад. Муҳтарам будан ва иззати инсон дар поймол нашудани ҳуқуқаш ошкор мегардад. Дар ин хусус Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар нишасти матбуотӣ 3 феврали соли 2017 сухан гуфт.
Номбурда афзуд, ки барои тавсеа додан ва ҷоннок кардани кори мақоми мазкур соли гузашта вазифаи муовини ВҲИ — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо илова гардидани чор воҳиди корӣ таъсис шуд. Ҳамчунин, дар заминаи қабулгоҳҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд таъсис додани намояндагиҳо, такмили қонунгузории соҳа ва аз нав таҳия намудани санадҳои дохилиидоравӣ аз ҷумлаи корҳои назаррас аст.
Амалисозии «Стратегияи фаъолияти мақомоти ВҲИ барои солҳои 2011-2015» ба анҷом расида, бо дарназардошти воқеият ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи ҳуқуқи инсон «Стратегияи нави фаъолияти мақомот барои солҳои 2016-2020» таҳия ва тасдиқ шуд. Афзалиятҳои ВҲИ барои панҷ соли минбаъда: мусоидат намудан ба озодӣ аз шиканҷа, таъмини дастрасӣ ба иттилоот, таълим, баробарии гендерӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва мониторинги риояи ҳуқуқи инсон мебошанд.
Соли 2016 ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 3558 нафар муроҷиат карданд. Дар се намояндагӣ ва шаш қабулгоҳи ВҲИ, ки дар ҷумҳурӣ фаъол ҳастанд, шаҳрвандон асосан бо мушкилоти ҳуқуқ ба манзил, замин, алимент, таъминоти иҷтимоӣ, ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ, муҳокимаи одилонаи судӣ ва амсоли инҳо шикоят намудаанд.
Зариф Ализода, ҳамчунин, таъкид кард, ки ВҲИ мақоми мусоидаткунанда аст ва барои поймол нашудани ҳуқуқи шаҳрвандони муроҷиаткунанда талош менамояд.
Уруни НАЗАР, «Садои мардум»