Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа

№74 (3059) 18.06.2013

Кумар Ча

Чордаҳуми июни соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

 Дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти ташхиси лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз татбиқи лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, рушди деҳот, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзи сипос кард.

Вобаста ба имконсанҷии иқтисодию техникӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳори боварӣ карда шуд. Ин кор таҳти васоёи Бонки Умумиҷаҳонӣ босифат, шаффоф ва ба таври мустақил дар ояндаи наздик ба поён мерасад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба таҳияи стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки Умумиҷаҳонӣ барои чор соли оянда, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии хати барқи CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва дигар мавзуъҳо сурат гирифт.

www.prezident.tj