Субҳи содиқ. Касе дар атроф ба назар намерасид. Танҳо фаррошзане бо ҷорўби дурушт гирду атрофи бинои зебои Сирки давлатии Тоҷикистонро аз коғазу хасрўбаҳо покиза мекард. Ҷамол лаҳзае дар курсии байни буттаҳо нишаста, ба андеша рафт. Садои ҷорўб ба гўшаш чун навозиш мерасид…
Ҷамолиддин Садриддинов замони дар мактаби миёнаи №7-и шаҳри Душанбе таҳсил кардан, бо киностудияи «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ дошт. Дар саҳнаҳои умумии филмҳои ҳунарӣ ва дубляж иштирок карда, ҳаққи заҳмат ҳам мегирифт. Баъд ҳамкорияш бо кинои тоҷик ривоҷ ёфт ва тамошобинон ўро дар филмҳои ҳунарии «Гўштингирҳо» (муаллифи сенария Ф. Муҳаммадиев, режиссёрҳо А.Қуддусов ва В. Резников, соли 1973), «Паррандаҳои гилин» (муаллифи сенария В.Максименко, режиссёр Б.Содиқов, соли 1980), «Хобҳои апрелӣ» (муаллифи сенария А. Инин, режиссёр В. Аҳадов, соли 1980), «Ҷўра- шикорчӣ аз Минархар» (муаллифони сенария И. Имреков ва М. Имреков, режиссёрҳо В. Мирзоянс ва С. Қурбонов, соли 1985) диданд.
Режиссёри телевизиони Тоҷикистон Наим Латифов он солҳо барномаи телевизионии «Чароғаки солинавӣ»-ро таҳия мекард ва Ҷамол — хонандаи синфи 7-ум дар ин барнома нақши Афандии ситорашиносро бозӣ кард.
Дилбастагӣ ва меҳру муҳаббат ўро водор намуд, ки донишҷў шуда, ҳамроҳи шарикдарсон Назар Назаров, Муҳаммадӣ Мирзоалиев, Маъруфшо Мазҳабшоев, Мирзоватан Миров, Исо Абдурашидов, Муқбилшо Диловаршоев, Нурулло Абдуллоев, Адҳам Холиқов, Бобоҷон Ҳасанов, Асалбек Назриев ва Гулмурод Малиев дар факултети навтаъсиси санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ба таҳсил шурўъ намоянд. Вале хатми институт ба ҳама муяссар нашуд. Аз 22 донишҷў танҳо 12 нафар соҳиби диплом шуданду халос. Ҷамол ҳам ташкилшавии Сирки тоҷикро шунида, аз курси дуюм, соли 1969 таҳсилро қатъ намуд ва барои кор ба ин даргоҳи ҳунар омад. Омад ва тамоми умрашро дар саҳнаи муқаддаси он гузаронид.
Ташкилшавии Сирки тоҷик ба 100- солагии зодрўзи В.И. Ленин мувофиқ омад. Бинои пештараи он дар ҷойи имрўзаи Театри лўхтак воқеъ буд. Директори он Қурбон Сатторов кўшиш кард, ки ҷавонони маҳаллиро ба ин санъати нодир ҷалб намояд.
- Мебоист барои ҳайати нав чор масхарабоз тайёр мекарданд. Онҳо: банда, Марат Ҳасанов, Юрий Зубов, Ҷўра Олимов будем. Устодамон Рудолф Евгеневич Славский таҷрибаи зиёд ва шогирдони машҳур дошт. Ба масхарабози номӣ, Артисти халқии СССР Олег Попов, тахаллусаш Карандаш ҳам ҳаққи устодӣ дошт, — ба хотир меорад ў.
Моҳи январи соли 1969 Ҷамолиддин Садриддиновро барои такмили ихтисос ба шаҳри Кемеровои Федератсияи Россия фиристониданд. Он ҷо маҳораташро такмил дода, ба шаҳри Тошканд омад. Моҳҳои феврал-март дар Сирки давлатии Тошканд малакаи масхарабозиашро сайқал дода, ба шаҳри Душанбе баргашт.
Бояд қайд намуд, ки якумин коллективи Сирки тоҷикро соли 1969 маҳз Рудолф Евгеневич Славский ташкил ва устодони саҳнаи Сирки Москваро даъват кард, то ки ба бародарони тоҷик кумак расонанд. Масалан, барои тайёр намудани барномаи аспдавонҳо ромкунандаи машҳури советӣ Данил Борисович Барон, номераи «Бозиҳои миллии тоҷикӣ» Ван Си Ха, жонглёрҳои тоҷик Юрий Полукарин, акробатҳо ва намоиш бо маркабҳо тренери номӣ Шнайдер, дорбозҳо Типлитский, гимнастикаи ҳавоӣ Анна Борисовна Дашевский ва дигаронро даъват шуданд.
21 апрели соли 1970 аввалин намоиши барномаҳои мукаммали Сирки давлатии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он саҳми Ҷамол Садриддинов низ буд. Ин санаро Ҷамол ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунад.
Ҳамин тавр, барномаҳои Сирки тоҷик сол то сол такмил меёфтанд. Ҳунармандон ба 15 ҷумҳурии Иттифоқи Шўравӣ ва хориҷи кишвар ба сафари ҳунарӣ мебаромаданд.
Тирамоҳи соли 1977 ба бинои нав кўчиданд, ки ба онҳо рўҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ бахшид.
Ба хотир овардани он солҳо хеле гуворост. Сирки тоҷик дар як рўз се намоиш дошт: соатҳои 1030, 1330 ва 1930 ва ҳар дафъа толор пур буду мардум билет мепурсиданд. Афсўс, ки ҳоло ин тавр нест.
- Шояд боз он рўзҳо фаро расанд. Зеро роҳбари имрўзаи Сирки давлатии Тоҷикистон Ашўр Раҷабов ҳунарманди касбӣ аст ва ба қадри истеъдодҳо мерасад. Алҳол 14 нафар фиристодаи Тоҷикистон дар курси дуюми Омўзишгоҳи сирки шаҳри Москва таҳсил карда истодаанд. 10 нафар наврасу ҷавон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳунар меомўзанд.
Ашўр Раҷабов бинои сиркро, қариб ки пурра аз таъмири асосӣ баровард, — изҳор дошт Ҷамол.
Давоми 36 соли кор дар Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» рўзҳои фаромўшнашаванда ва хотирмон хеле зиёд буданд. Рўзҳои наҳс низ кам набуданд.
Масалан, моҳи январи соли 1978 ҳангоми намоиш масхарабоз Ҷамол зери пойи уштурон монд. Қабурғаҳояш шикастанд ва миёнаш сахт лат хўрд. Се моҳ дар беморхонаи Қарияи Боло хоб буд. Шифо ёфта, ба саҳна баргашт. Ба хотири санъат худро қурбон кард ва маъюбиашро пинҳон дошт, зеро он солҳо талабот ба санъаткорон хеле ҷиддӣ буд. Метавонистанд, ки дигар ўро ба саҳна роҳ надиҳанд.
Дафъаи дигар ҳангоми бозӣ тағояки пояш шикаст. Баъди табобату муолиҷаи дурудароз тамошобинон масхарабози дўстдоштаашонро аз нав дар саҳна диданд ва барои сиҳат шуданаш қарсақ заданд. Бехабар аз он ки дар кисааш ҳуҷҷати маҷрўҳи гурўҳи II пинҳон карда гаштааст. Духтурон иҷозат надоданд, ки ба саҳна баромада, ҳунарнамоӣ кунад. Аммо санъат қурбонӣ мехоҳад. Масхарабози сирки тоҷик Ҷамолиддин Садриддинов саломатии худро барои ривоҷи сирки миллии тоҷик дареғ надошт. Тамошобинонро дар саҳна механдонду паси саҳна аз шиддати дарди пой ва миён сахт азият мекашид. Ба қавле, дигаронро механдонаду худ мегирист.
Давоми солҳо ҳамкоронаш соҳиби унвонҳои фахрӣ, мошини сабукрав ва хонаву дар шуданд, аммо тақдир бо Ҷамол номеҳрубон буд. Худаш ҳам ба унвону мукофотҳои давлатӣ аҳамият намедод.
Он солҳо Сирки тоҷик дар тобеияти «Союзгосцирк» — и ИҶШС (СССР) буд ва ҳунармандонро аз як ҷумҳурӣ ба ҷумҳурии дигар барои кор мефиристониданд.
Бо фармоиши Иттиҳодияи умумииттифоқии «Союзгосцирк»-и СССР Ҷамолиддин Садриддинов даҳ соле, ки дар шаҳри Тошканд кор кард, ҳам аз навбати хона монду ҳам аз унвонҳои ифтихорӣ. Мебоист аз рўи навбат ба ў дар шаҳри Тошканд хона ҷудо мекарданд. Вале муҳлати кор ба охир расиду аз хона дараке набуд.
- Ҳеҷ гап не, ба шаҳри Душанбе, ки рафтам, ҳатман хона медиҳанд. Он солҳо дар шаҳр сохтмони хонаҳои баландошёна босуръат пеш мерафт.
Дар байн Иттифоқи Советӣ аз байн рафт ва Иттиҳодияи умумииттифоқии «Союзгосцирк» ҳам барҳам хўрд. Дар Тоҷикистон бархўрдҳои сиёсӣ оғоз ёфтанд. Дигар ба хотири касе на сирк омаду на масхарабоз Ҷамол.
Солҳои аввал нафақааш 230 сомонӣ буд. Пас маҷбур шуд, ки ҳуҷҷати маъюбии гурўҳи II барқарор карда, аз ин ҳисоб нафақаашро зиёд намояд. Ҳоло Ҷамол 652 сомонӣ нафақа мегирад.
Ҷамолиддин чор сол боз дар меҳмонхонаи «Фарҳанг» зиндагӣ дорад. Аввалҳо ҳар моҳ 100 сомонӣ месупорид. Илова бар ин, пули барқ ва дигар хизматрасонии коммуналиро ҳам мепардохт. Азбаски маҷрўҳи гурўҳи дуюм аст, чанд моҳи охир нисфи пули иҷораро месупораду халос.
Ҳамин тарз ў дар як хоначаи меҳмонхона меҳмон аст. Меҳмоне, ки чор сол боз «меҳмондорияш» мекунанд.
…Садои ҷорўби фаррошзан аз гўшҳо дур ва худи зан назди артисти солхўрда омада гуфт:
- Ҷамолака, боз ба хаёл ғўта задед. Давраи ҷавониро ба хотир овардед?
- Бале, хоҳар, ҷавониро. Афсўс, ки охираш он қадар гуворо набуд…
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»