Ман кистам?

Зиндагӣ бо Ватан хулоса мешавад

№16 (3653) 16.02.2017

Дар вуҷуди ҳар инсон муборизае ҷараён дорад, ки ба ҷангу пархоши ду гург шабеҳ аст. Гурги аввал саропо бадӣ, ҳасад, кибр, дурўғ… Гурги дигар саропо некӣ, ишқ, отифа, вафодорӣ, ҳақпарастӣ… Аммо ниҳоят кадом гург ғолиб меояд?!

Ҳамеша ҳамон гурге ғолиб меояд, ки ту онро парвариш мекунӣ.

Оре, ҷав корӣ, ҷав мегирӣ, гандум корӣ, гандум. Яъне, мо худро чӣ гуна месозем ва дар ин замонаи бошиддат дигаргуншаванда то чӣ ҳад мавқеъ меёбем? Даҳони гурги ҷаҳл низ ҳамеша боз аст. Чӣ бояд кард? Чӣ тавр аз чанголу даҳони он гург худро раҳо созем?

Ин суолҳо тўли таърих ҳамеша зеҳни гузаштагони моро машғул медошт. Онҳоро маҷбур мекард бияндешанд, рисолати инсонии худро дарк ва фаъол созанд. Ҳамин пурсиш аз худ боис гардид, ки илму ирфон ривоҷ ёбад ва фарзандони тоҷик дар дунё машҳур гарданд. Онҳо бо илм ва тафаккури ҳакимона, бо осори гаронбаҳои хеш рўҳи тозае дар пайкари ҷомеаҳои башарӣ бахшиданд. Ба халқиятҳое устодӣ карданду раҳнамояшон шуданд.

 МАН

- Ту кистӣ? – пурсид шере аз шербачае, ки бо барраҳои гўсфандон бозӣ мекард.

- Ман барраам! – посух дод вай.

- Ту барра нестӣ, шерӣ!

- Не, ман барраам! – исрор кард он бехабар.

Шер вайро гирифта, назди чашмаи мусаффое оварду амр кард:

- Ба чашма нигоҳ кун!

Шербача ба оинаи чашма назар афканд ва сурати шеронаи худро дида, наърае зад. Яъне, ў худро дар оина диду шинохт.

Ман кистам, муҳимтарин суол аст, ки ҳар инсон бояд аз худ бипурсад. Огоҳӣ, бедорӣ, ҳушёрии фитрӣ асли хештандорист. Ҳар инсоне оинаи худ аст, бояд ба он назар кунаду худро бубинад ва бишносад. Нафас кашидан, хўрдану гаштан, пир шудану аз олам гузаштан зиндагӣ нест. Зиндагӣ сайре ба сўи булуғ, талоше барои рушд кардан аст.

Дар ҷомеа андешаҳои кушандае вуҷуд дорад, ки инсонро аз такомул бозмедорад, роҳро ба мани инсон мебандад. «Падарам дар хаскаппа зиндагӣ мекард, беҳуда ҷон накоҳон, оқибати ҳама нестӣ аст», — насиҳатомез мегўянд баъзеҳо. Аммо дар хаскаппа зиндагӣ кардан ҳунар нест, ба хаскаппа фикр кардан айб аст. Ин андешаи ноумед­кунанда даричаҳои тафаккурро мебандад, инсонро аз авҷ гирифтан ба сўи камолот бозмедорад.

«Дил ба дунё мабанд, ки беҳудааст,

Ҳеҷ кас дар ҷаҳон наёсудааст».

Бале, дунё ҷои осудан нест, аммо ҷои сохтан, худро чун шамъ афрўхтан аст. То нафас боқист, худро, зиндагиямонро бояд сару сомон диҳем, беҳтар кунем, илм омўзем, ҳамқадами башари рушдёфта даричаҳои фардоро бикшоем. «Дунё вафо надорад», — гўён даст болои даст шиштан коҳилист. Ин «ҳикмат»-и кушанда асрҳост мағзҳоро заҳролуд карда, имрўз низ чун мори газанда ба мағзи мо заҳр мезанад.

«Гардани хамро шамшер намебурад», — таъкид мекунад мақоле. Вале шамшер аввал гардани хамро мебурад, чунки гарданхамӣ нишонаи заъиф будан, ҷуръат надоштан, аз худ дифоъ карда натавонистанро дорад. Тарғиб кардани гарданхамӣ тарғиби шоиста набудан, қадру қимат надоштан буда, инсонро аз мақоми одамият мефарорад.

«Беҳуда ҷон накан, аз ин дунё насибат як газ кафан мешавад», — насиҳат мекунанд моро. Вой бар мо, агар тибқи ин насиҳат амал кунем, чунки оқибат аз ҳамон кафан ҳам маҳрум мешавем ё бо кафани гадоӣ гўрамон мекунанд.

Имрўз андешаи мақолмонанди дигар миёни мардум пайдо гаштааст: «Хондагиҳо чӣ шуданд, ки ту шавӣ»! Сарчашмаи рўидани ин андеша маълум аст, аммо ин афкор низ реша дар умқи тафаккур дорад, тафаккуре, ки заҳрпечаки бехабариву ноогоҳӣ ба он печидаву хушкаш кардан мехоҳад.

Пас ман кистам? Ҳамоне ҳастам, ки ба хаскаппае қаноат карда, гарданро хам намуда мегардад ё оне ҳастам, ки барои сохтани зиндагии хубтар, ояндаи беҳтар талош мекунам?!

 

МО

Уқобе ба офтоб гуфт:

- Магар неку бадро намешиносӣ, ки ба болои чаману сабзаву гул ҳам нур мепошиву ба болои тўдаи ахлот ҳам.

Офтоб дасташро дароз карду уқобро ба авҷи осмон бардошт ва гуфт:

- Ба замин нигоҳ кун, чӣ мебинӣ?

- Курае мисли моҳтоб нуронӣ, — посух дод уқоб.

- Чашмонатро бишў ва ба зиндагӣ нигоҳи офтобӣ дошта бош! – хитоб кард хуршед.

Нигоҳи офтобӣ, яъне нигоҳи равшан, нуронӣ, нигоҳи меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, нигоҳи пок аст. Ин гуна нигоҳ аз замири огоҳ, бедор ва равшан маншаъ мегирад ва боиси сохтани чунин формула мешавад: «Ман + Ту = Ишқ». Агар инсон ба зиндагӣ назари худхоҳона ва ҷаҳломез дошта бошад, аз ман ва ту ин гуна формула ба вуҷуд меояд: «Ман + Ту = Ҷанг».

Инсон офаридаи иҷтимоист, дар иҷтимоъ рушд меёбаду ба булуғ мерасад. Вақте ў ҳис мекунад, ки як ҷузъе аз пайкари одамият аст ва нисбат ба дигарон эҳтиром қоил мешаваду бо назари ишқу отифа ба атрофиён назар месозад, формулаи ман ва ту ин гуна зоҳир мегардад: «Ман + Ту = Мо».

Ман — и хому худхоҳ ва побанди эҳсосот дар ҷавонӣ зуд гирифтори васвос мегардад. Бетаҷрибагӣ, камандешӣ, содагӣ, эҳсосӣ будан ўро ба доми онҳое мекашад, ки андешаҳои ифротӣ доранд. Ба ҷавон «лолазор»-ро, яъне биҳиштеро нишон медиҳанд, ки худашон дар он будан намехоҳанд. Ҷавон хунгарм аст ва хунгармӣ то ҷаҳл ҳатто сари мўе фосила надорад.

Касе, ки бо ман ҳамақида нест, душмани ман аст. Ман ҳаққам ту ноҳақ! Ман покам ту нопок!.. Ин гуна тассаввурот доштан ҳамон формулаи «Ман+Ту=Ҷанг»-ро ба вуҷуд меорад. Аммо худро шинохтан, аз ҳастии миллат огоҳ гаштан, таъриху фарҳанги онро донистан ба Мо расидан, Мо шудан аст. Инсон вақте арзишманд мешавад, ки афкори пурарзиш дорад, ҷойгоҳ ва мақоми худро медонад.

Амният ва якпорчагии кишвар ҷои баҳс надорад. Амнияти ман амнияти Ватани ман аст ва шириниҳои зиндагӣ бо Ватан хулоса мешавад.

Ворис, «Садои мардум»