Мо чаро ба театр намеравем? Театр чӣ надорад, ки таваҷҷуҳи моро ҷалб намесозад? Шояд нархи тамошои намоишҳои театрӣ гарон аст? Чаро ҳунарпешаҳо аз бетаваҷҷуҳӣ ба театр гила мекунанд? Оё дар театрҳои мо симо ва зиндагии инсони муосир ба намоиш гузошта мешавад?..
Дар муқобил: Чаро бозори фурўши филмҳои туркӣ серхаридор аст? Филмҳои туркӣ чӣ хосияте доранд, ки таваҷҷуҳи моро ба худ мекашанд? Мо аз тамошои онҳо чӣ манфиат мебинем? Оё ба тафаккури занони мо, ки аз тамошои филмҳои туркӣ на ташнагиашон мешиканаду на хуморашон, манфиате мерасад ё зарар мебинанд?
Рафиқе, ки телевизиори нав ба хонааш мебурд, аз занаш гила кард:
- Аз ҷабри занам ҳатто барномаи ахбори телевизионро тамошо карда наметавонам.
- Чаро? – пурсидам.
- Фақат филмҳои туркӣ тамошо мекунад, ҳамеша фикру ёдаш ба ҳамон филмҳо банд аст. Маҷбур шудам барои худам телевизори нав харам.
Имрўз ин ҳолат дар зиндагии мо ба ҳақиқати бебаҳс табдил ёфтааст. Яке филмҳои туркиро тиҷорат мекунаду дигарон аз тамошои он нохудогоҳ оҳиста-оҳиста мағз ва зеҳнияташонро тағйир медиҳанд.
Хиёнат ба шавҳар, ишқварзӣ бо номаҳрам, роҳу воситаҳои фиребгарӣ, дурўғгўиву вақтхушгузаронӣ ва ҳазор баду балои дигар то охири як сериали тамомнашаванда ба мағзи тамошогар мерезаду хонаи ақлро ғорат мекунад.
Занону духтарон ба қаҳрамонони филмҳо пайравӣ карда, худро шабеҳи онҳо месозанд ва баъзан низову моҷароҳои хонаводагиро ба вуҷуд меоранд.
Телевизионҳои «ҶЭМ» шабонарўзӣ сериалҳои «Дасти сарнавишт», «Гузал», «Окиё», «Моҳпайкар» ва даҳҳо филми бисёрсериягиро намоиш медиҳанд, ки ба тафаккури миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои мо зиёнборанд.
Нуқтаи заъфи мо дар филмсозии мост. Агар филми хубе сохтем, онро манзури тамошобин гардонида натавонистем. Филмҳои заифе ҳам, ки таҳия кардаем, ба дардамон даво намешаванд. Ин нукта ҳам яқин аст, ки ҳоло дар филмсозӣ ва аз худ кардани бозори дохилӣ бо касе рақобат карда наметавонем.
Даврони мо замони тиҷорат аст. Дар ин дунё ҳама чизро мехаранду мефурўшанд, аммо виҷдон, имон, таърих, суннат, фарҳанг, дарахти тановари шуури миллиамонро ҳаққи фурўхтан, ба он зиён расонидан надорем. Инҳо муқаддасоте ҳастанд, ки дар ҳастии миллат шакл мегиранд ва моро зиндаву ҷовид нигоҳ медоранд.
Дар Италия ва Юнон мардум ба санъати рассомиву пайкаратарошӣ таваҷҷуҳ доранд. Аз хурдӣ дар фазои шинохти ин ҳунарҳо тарбия меёбанду бузург мешаванд. Онҳо аз тамошои пайкараҳову расмҳои кашидаи рассомон лаззат мебаранд, ифтихор мекунанд.
Мо дар кадом рўҳия тарбия меёбем? Оё театри миллӣ метавонад дар ташаккули зеҳнияти насли наврас саҳм бигирад? Дар онҳо ҳисси одамият ва маърифатпарвариро бедор намояд? Мо ба ин саволҳо дар мисоли театри бачагонаи «Афсона» посух мегўем.
Наврасон мехоҳанд ба театри «Афсона» рафта, намоишеро тамошо карда, лаззати маънавӣ бардоранд. Ин шўру шавқи бачаҳоро ман дар мактаб ҳис кардам. Сарвари театри «Афсона» Бег Асомиддинов ба мактаб омадааст.
- Моро ба театр баред! Мо ба театр рафтан мехоҳем! – ба якдигар навбат надода, мағал мекарданд бачаҳо.
Аммо… Зани ҳамсоя ба шикоят даромад:
- Чӣ хел пул ҷамъ карданашонро намедонанд! Аз ҳамон театр чӣ фоида! Телевизор рўзи дароз кино намоиш медиҳад, ба ҷои театр рафтан шинанду кино тамошо кунанд!
Ин аст муносибати мо ба театр. Бачаҳои мо намоиши театриро дидан, дар ҳамин рўҳия тарбия ёфтан мехоҳанд, аммо баъзан монеъ мешавем. Фикр намекунем, ки шавқи бачаро куштан, ўро аз ҳосил кардани маърифати театрӣ маҳрум кардан хуб нест. Вақте дар дили наврасон ишқи театр пайдо мешавад, ин муҳаббат дар оянда низ онҳоро ба даргоҳи театр меорад. Ҳамин тавр, насле ташаккул меёбад, ки арзиши театрро мешиносад ва толорҳои онро пур менамояд.
Театр оинаи зиндагист, оинаи зиндае, ки дарси ҳаёт меомўзад. Инсоне, ки ба театр меравад, театрро дўст медорад, арзишҳои маънавиро қадр мекунад, даричаҳои маърифатро ба рўяш боз менамояд.
ВОРИС, «Садои мардум»