Сухан дар бораи китоби «Рисолати шоир ва шеър» (2009)-и Юсуфи Акбарзода меравад, ки муаллиф роҷеъ ба шеъри даврони шўравӣ изҳори назар намуда, хусусан аз Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода шадидан интиқод мекунад ва муваффақияти шеъри он давраро танҳо дар осори Лоиқ Шералӣ ба мушоҳида мегирад.
Ба қавли ў, «шеъри даврони шўравии тоҷикӣ ба сабаби дурафтодагӣ аз аслу решаҳои хеш, аз байн рафтани мактаби хоси омўзиши улуми адабӣ, аз қабили илмҳои маонӣ, бадеъ, арўзу қофия, балоғату иштиқоқ (калимасозӣ) ва дар макотиби миёнаву олӣ (бо сабаби набудани омўзгорону устодони босаводи варзидаву тағйири барномаҳои таълим) ба ҳадди аҳсан наомўхтани ин улум (дар муқоиса бо шеъри дариву форсии Афғонистону Эрон, ки рўи пояи анъанаҳои бузурги гузашта устувор буд) дар даврони шўравӣ он асолат, он истиқлолу покиву равонии сухан, он латофату назокату зебоӣ ва ғановату балоғати собиқаи хешро аз даст дод… Устод Лоиқ дар роҳи эҳёи бисёр анъанаву суннатҳо ва сабки шеъри классикӣ ва ба шеъри классикӣ наздик овардани шеъри нави форсии тоҷикӣ хеле талош варзида, ба натиҷаҳои дилхоҳ расид. Вале баъди сари ў гўё ин раванди талошу мубориза аз ҳаракату инкишоф бозмонд ва ба мушоҳидаи инҷониб ва баъзе ашхоси дигар, ки мешиносам, пас аз марги нобаҳангоми устод Лоиқ ҷўйҳои равони шеъри ноб, содаву равон ва дархўри ранҷу дард ва ниёзмандиҳои мардум ба хушк шудан оғозиданд».
Мақолаи аввали китоб, ки «Шеъри Турсунзода аз биниши имрўз» унвон дорад, саропо аз ситез, тавҳину таҳқир ва паст задани шахсияту осори ў, Инқилоби Октябр, Ленину халқи рус, ҳизби коммунист, коммунистон, болшевикон ва умуман дастовардҳои халқи тоҷик дар замони шўравӣ, инкори гуфтаҳои шоир дар ин мавзўъҳо иборат мебошад. Дил мехоҳад, ки онро пурра ин ҷо биёрем, то хонанда бидонад, ки чӣ гуна беҳурматӣ нисбат ба устод Турсунзода нишон дода шудааст. Аммо ин имкон надорад. Чанд пора аз он мақола:
«Ҳиссаи асосии шеъри ўро мафтунию шодмонӣ аз тантанаи сохти нав, васфи нақшу нуфузи коммунистону болшевикон, ҳизби коммунист ва сарвари он — Ленин дар ин ҷомеаи навзуҳур ташкил додааст. Шоир ҳар рўйдоди навро дар зиндагии мо аз ҳамин неруҳои навзуҳури ҷамъиятӣ дидаю донистааст… Ва гўё ягона дўсти халқҳои ҷаҳон коммунистон бошанду бас:
Халқҳоро ягона дўст шудӣ,
Ҷой дар мағз-мағзи пўст шудӣ.
Чаро ў аз ин бахти бузурги худу халқаш нанозаду наболад, ки гўё кишвараш ҳар дақиқа, ҳар соат «Ба фалак рост мекунад қомат» ва Ҷумҳурияти Тоҷикистон «Хурраму сабз, боғу бўстон»-и машъали Шарқ гардидааст:
Пур аз ганҷ аст ҳар як домани ту,
Зи тавсиф аст берун маъдани ту.
Дигар ганҷинаи қиматбаҳотар
Бувад озодии марду зани ту.
Туро руси тавоно чун мадад кард,
Ниҳоли умри ту сабзиду қад кард.
Диёрат- модарат бо меҳрубонӣ
Ҳаётатро дурахшон то абад кард.
Дар ин қитъа, ки муште аз хирвор аст, ҳамду сано, васфу тавсиф бар арши аъло расидааст, ки ба касе, ки шоҳиди он рўзгор набудааст, аз рўи ин гуфтаҳо ва андешаҳо гумон мекунад, ки гузаштагони нисбатан дуру насли калонсолу имрўза дар кишвари комилан ободу озод, дар ҷомеаи коммунизми воқеӣ, дар биҳишти адн умр ба сар бурдаанд ва гўё ҳизби коммунисту роҳбарону доҳиён ва алалхусус «доҳиёни халқҳо» Ленину Сталин аз шумули оқилтарину одилтарин сарварон буданд. Гўё ватани мо он солҳо ба кишвари шукуфону гулафшон табдил ёфта, инсони Шўравӣ аз саодатмандтарину хушбахттарин ва озодтарин мардуми рўи замин будаасту шабу рўз аз шавқу шодмонӣ суруди бахти баланду озодӣ месуруданд. Шоир ҳам мисли халқаш шоду мамнун буд ва бо ифтихори тамом мегуфт: «Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре» ва ин «халқи дигаре», ки дилаш моломоли ғаму андўҳ аст, халқи ҳиндуст. Маҳз ҳамин халқ «надорад қадру қимат мисли инсон» ва дасти ин одамони бадбахту сарсахт, дасти ин «мардуми мазлуми ношод» «ба сўи одами ин мулки аъзам», ба сўи одами озоди гетӣ-саодатманд фарзанди советӣ» дарозу чашмаш чору нигарон аст. Шоир сабаби ин ҳақирию вомондагиро меҷўяд ва худ ба худ савол медиҳад:
Аз чӣ ҷавонон ҳама қоматхаманд?
Аз чӣ надоранд сари худ баланд?
Аз чӣ бувад шаҳр пур аз кўру ланг?
Аз чӣ сари мардуми мискин гаранг?..
…Устод Турсунзода барои чунин шеърҳои сирф тавсифӣ, барои тавсифҳои ғолибан дурўғини сохти шўравию мазаммат кардани гузаштаву сохти давлатдории кишварҳои дигар дар Ватани мо, назди зимомдорони замон шуҳрати зиёд пайдо карда буд. Ба роҳбарону пешвоёни мо суханваре лозим буд, ки аз камбуду ҷиноятҳои азим, ноомаду шикастҳо чашм пўшида, сохти воқеан истибдодӣ ва зиндагии пуразобро тавсиф карда, аз зикру ифшои ҳақиқати воқеӣ, аз камбуду нокомиҳо чашм бипўшанд… Зиндагӣ, сохти истибдодии ҷомеаи тоталитарӣ ва бисёр вақт ваҳшиёнаи коммунистӣ шоирро аз гўши шунавою чашми биною тафаккури таҳлилӣ ва ҷасорати шаҳрвандии асли гапро гуфтан маҳрум карда буд».
Акбарзода дар идома даст ба русситезӣ мезанад, озодӣ ва истиқлоли моро, ки ҳадяи Инқилоби Октябр буд ва мо баъд аз 1000 сол соҳиби кишвару пойтахту Парчаму Суруди миллӣ гардидем, зери суол мебарад ва мехоҳад бигўяд, ки инқилоб моро «порча-порча» кард, аз ташкилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ба давлат ва ниҳоят, ба истиқлол расидан изҳори нохушнудӣ менамояд ва гила мекунад, ки чаро моро озод карданд, мо дар ҳамон давлати туркию муғулии амир Олимхон, ки аморати Бухоро ном дошт, дар дасти амир Олимхони манғитӣ хушбахту озодона зиндагӣ мекардем, русҳо моро ғулому бадбахт намуданд. Амир Олимхон, агарчи турку муғул буд, ҳамдину ҳамкеши мо буд, русҳо ҳамдини мо нестанд, ба мо ҳеҷ гуна иртибот надоранд, онҳо дар муқобили дину оини мо қарор доранд ва ғайра. Ў ба ин тартиб ҳамчун муҳаққиқи иртиҷоӣ мухолифи равобити дўстона ва озодию истиқлоли халқи тоҷик ва ҳамчун мутаассиби гузарои мазҳабию динию нажодӣ чеҳранамоӣ мекунад. Ў фаромўш кардааст, ки мо ба ҳеҷ халқу миллат душманӣ намеварзем ва дар ҳақашон бад намегўем. Хусусан, халқи рус, ки бо халқи мо хешӣ дорад, яъне мову онҳо ҳиндуурупоием. Имрўз низ Россия шарики стратегии мо мебошад, гарчи дину мазҳабаш аз мо ҷудост.
Пас маълум мешавад, ки Акбарзода дўсту душмани моро аз ҳам фарқ намекунад ва ҳанўз ҳам дар орзуи аморату ҳукумати манғитиён аст. Бинобар ин, менависад: «Агар манфиатҳои ҷоҳталабию сарватғундорӣ ва кишвари моро ба маркази моли хом табдил додану халқи тоҷикро ғуломи манфиатҳои хеш гардонидан намебуд, ба Русия чӣ зарурати моро «озод» кардану тамоми сарватҳои моддию маънавиро ба ғорат бурдану нест кардану ҳатто алифбоямонро тағйир додан монда буд? Магар Русия кори дигар надошт? Як халқе, ки аз нигоҳи забону урфу одату одобу ахлоқ, таъриху суннату дину мазҳаб комилан муқобили мост, чӣ тавр мехоҳад ва метавонад озодкунандаю ёрирасону дўсту ҳомии мо бишавад? Ин ҳама танҳо сиёсати авомфиребонае буд, ки шабу рўз тавассути васоити ахбори омма ба гўши мардум расонида мешуд…
Ман тасаввур мекунам, ки устод Турсунзода аз аксари ин бедодиҳо огоҳ буд, вале чун забони озоду истиқлоли комили ибрози андеша надошт, аз ибрози онҳо забон барбаста буд. Баъдан дар суҳбатҳои шахсию хоса аз ин бедодиҳо дарди дил мекард, оҳу афсўс мехўрд, вале аз маҷлисҳои азиму минбарҳои баланд он чиро мегуфт, ки ҳизбаш талаб мекарду супориш медод, яъне ҳизбаш, ки дурўғгў буд, ў ҳам иҷборан дурўғгў шуда буд. Аз ин ҷост, ки аксари қитъаҳои фавқуззикр дурўғ ё муҳоботи маҳзанд ва ба ҳақиқати воқеӣ мувофиқу мутобиқ нестанд… Устод Турсунзода шоири рўзгорону сиёсату режими тоталитарӣ буд ва имрўз, ки сиёсат тағйир ёфт, он гуфтаву пиндоштҳо бебозгашт аз ёдҳо рафтаанд».
Рў меорем ба мақолаи дигари китоб-«Чу гуфтед, далелаш ҳам биёред, муҳтарам Саидзода!». Дар он низ, ки ба устод Мирзо Турсунзода ихтисос мегирад, муаллиф кўшидааст, ки беш аз пеш ўро сиёҳ ва бартарияти устод Лоиқро бар ў «исбот» ва таъкид кунад. Дар оғози мақола менигорад: «Устод Мирзо Турсунзода бори нахуст дар шеъри «Водии Ҳисор» (1940) аз модар ба сурати зайл ёдовар шуд:
Модарам буд тирарўю карахт,
Мисли бебаргу бор шохи дарахт.
Нолаву оҳашон ҳисоб надошт,
Зиндагишон ба ҷуз азоб надошт.
Чун устод ба тақозои замону талаботи айём ситоишгару вассофи замони нави пас аз Инқилоби Октябр буду аксар гузаштаро бо ранги сиёҳ ва ҳазину пурдард тасвир кардан лозим буд, дар ин пораи шеър рўзгори пешазинқилобии модарро сахт мазаммату накўҳиш кардааст. Пас аз як сол устод дар шеъри «Хайр, модари азиз!» (1941) модари хушбахти даврони шўравӣ ва фарзанди ўро бо рангҳои сафеду сурхи пурҷило ва оҳанги мутантану даъваткунандаи саршор аз суруру фараҳмандӣ ва на муҳаббати фарзанду модар ба ҳамдигар, балки ба ватану нафрати бепоён ба душманони инсоният-Германияи фашистӣ ба қалам оварда:
Модарам, меравам аз пеши ту ман
Ба дифои шарафу шаъни Ватан.
Меравам, то ки зиреҳ пўшам ман,
Дар раҳи фатҳу зафар кўшам ман…
Сангаму оҳанаму пўлодам,
Сипари мамлакати озодам…
Кӣ тавонад, ки маро банда кунад,
Халқро аз ватанаш канда кунад?!..
Аксуламал ва вокуниши модар аз амалу рафтори ватанпарастонаи фарзанд чунин аст:
Модар аз чеҳраи гулгуни писар
Нарм бўсиду гирифташ дар бар.
Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун,
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди вафодори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар…
Дар ин шеър устод назар ба талабу дархости замону ҳизби коммунист воқеаи ба ҷанг рафтани ҷавононро чунон ба қалам овардааст, ки гўё ў ба ягон тўю тантана ва ё ягон мусобиқаи варзишӣ ё сайру саёҳат рафтанисту модар аз фараҳу шодӣ дар пироҳани хеш намеғунҷад. Баъдтар дар рўзгори осудаву ороми баъди бист соли хатми ин ҷанги хонумонсўз соли 1965 устод Турсунзода дар шеъри «Се нозанини Шарқ» сарнавишт ва аъмоли зани тоҷик ва Шарқро боз ҳам бо ранги сиёҳ тасвир кард:
Бандаи дирўза зани Шарқ буд
Дар сари он зан кафани Шарқ буд.
Рўи зани Шарқ, ки дар парда буд,
Ҳусни варо парда панаҳ карда буд…
Вале ба андешаи шоир, рўи зани Шарқ аз шафақу нури Инқилоби Октябр дурахшону шукуфону муҷалло шуд ва дар натиҷа, қисмати ў ба тамом тағйир ёфт:
Шарқ музайян шуда аз рўи зан,
Шаъну шараф омада дар кўи зан.
Зан ба сари курсии иззат нишаст,
Одати деринаи моро шикаст…
Воқеан, Инқилоби Октябр дар шинохту эътибору мартаба ва арҷ гузоштан ба зан ва қоил шудани нақшу нуфузи ў дар ҳаёти ҷамъияту мақомоти ҳизбиву давлатӣ дар ҷаҳон назир надорад. Вале, дар айни замон, зани Шарқ ва тоҷикро ночизу нотавон ва ҳамеша зери ҳиҷобу парда пиндоштан аз рўи адлу инсоф нест…».
Акбарзода магар тирарўзии зан ва модари тоҷикро дар замони мардсолорию бедавлатӣ ва таассуби диниву мазҳабӣ, асорати арабу турку муғул намедонад, ки боз ба Турсунзода эрод мегирад ва гузаштаро «бо ранги сиёҳ ва ҳазину пурдард тасвир кардан лозим буд» мегўяд? Магар ў дастдарозии ҳокимони аъробу турку муғулро баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён бар занони тоҷик ва ҳоли зору табоҳи модари тоҷикро фаромўш кардааст, ки мехоҳад бо ранги сафеду пур аз шодию нишот нишон бидиҳад. Магар қиссаи «Одина», «Дохунда», «Ғуломон» ва «Ёддоштҳо»-и устод Айниро нахондааст ва аз тақдири Гулбибию Гулнору дигар қурбоншудагони ҷаҳолату таассубу хурофот бехабар аст? Акбарзода бояд бидонад, ки маҳз Инқилоби Октябр буд, ки зани тоҷикро аз даруни фаранҷию пардаю чодари сиёҳи арабиву туркию муғулӣ берун овард ва ўро иҷтимоӣ кард, аз беҳуқуқӣ ва канизи мардон будан раҳо намуд ва шароити таълиму тарбия ва кору фаъолият карданро муҳайё сохт.
Акбарзода гўё намедонад, ки дар замони шўравӣ мардум фарзандони худро бо тантанаву шодӣ ба хизмати аскарӣ гусел мекарданд. Хусусан, дар замони ҷанг мардум ихтиёрӣ ба фронт мерафтанд. Ў магар филмҳоро дар ин боб тамошо накардааст, ки халқи советӣ, аз ҷумла тоҷикон, рақсидаву сурудхонон ба хизмати Модар-Ватан мерафтанд, зеро «Родина — Мать зовет» шиори мардуми шўравӣ буд. Падару модарон қабл аз гусел маърака меоростанд, чорво мекуштанд, дар ҷамъомадгоҳ рақсу шодӣ мекарданд. Дар ҳар тараф намояндагони ноҳияҳо бо рубобу танбўру гитару доира сурудхонӣ ва рақсу бозӣ менамуданд. Ҳама кўшиш мекарданд, ки аз хизмат қафо намонанд ва ҳатто дар ҷойҳои дур (берун аз Тоҷикистон) хидмат намоянд. Намедонам, ҷаноби Акбарзода хизмат кардаанд ё на, аммо вақте ки мо ба хизмат рафтем, ҳамин суннати бо тантанаву шодӣ гусел кардани фарзандон ҷорӣ буд.
Воқеан, мо садоқати мардумро ба давлат, ба ватани сотсиалистӣ, халқи ў аз мактуби Ҳабиб Юсуфӣ, ки аз фронт ирсол карда буд, дида метавонем. Ў дар ин мактуб ба онҳое, ки мехостанд ўро аз хизмат ба ақибгоҳ, яъне ба хона биёранд, чунин ҷавоб менависад: «Ба ман хабар расид, ки баъзе рафиқон хостанд, ки маро аз пешгоҳ ба ақиб (яъне ба хона) кашанд. Ман аз онҳо бисёр мамнун, вале аз шумо хоҳиш мекунам ба онҳо расонед, ки роҳи ман ба сўйи Ватан фақат аз тариқи Берлин аст».
Дар ҳақиқат, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим ва дигар адибон ихтиёрӣ ба ҷанг рафта буданд ва мегуфтанд, ки то душманро дар лонааш торумор нанамоем, ба Ватан барнамегарданд.
Акбарзода дар ҷойи дигар чунин менигорад: «Вале, дар айни замон, зани Шарқ ва тоҷикро ночизу нотавон ва ҳамеша зери ҳиҷобу парда пиндоштан аз рўи адлу инсоф нест. Агар воқеан чунин аст, пас матонату бузургии занони «Шоҳнома»-ро чӣ навъ арзёбӣ кунем?»
Аввалан, зани Шарқ пас аз омадани ислом то асри ХХ дар зери ҳиҷоби арабӣ, яъне сиёҳпўш буд, фақат дар асри гузашта дар Осиёи Миёна бо пирўзии Инқилоб ҳиҷобро аз сар бадар кард. Дар Эрону Афғонистон бо пирўзии Инқилоби исломии Эрон ва ҳукумати муҷоҳиддин дар Афғонистон зан аз нав ба зери парда рафт.
Гузашта аз ин, Акбарзода бояд бидонад, ки занони тасвиркардаи Фирдавсӣ занони қабл аз исломанд. Ниҳоят, мо намедонем, ки ў барои чӣ зўр мезанад то устод Турсунзодаро пайрави устод Лоиқ нишон бидиҳад ва шеъри «Модарам»-и ўро баргирифта ва маъхуз (бо кадом далел, бо кадом мақсад?..) аз шеъри «Ба модарам» -и устод Лоиқ медонад. Ҳол он ки вақте устод Турсунзода ба мавзўи зан ва Модар пардохт, устод Лоиқ таваллуд нашуда ва ҳанўз ба майдони эҷод қадам намонда буд. Ба ғайр аз ин, на худи Турсунзода, на устод Лоиқ ва на ягон муҳаққиқи дигари онҳо ишора ба ин қазия накардаанд. Баръакс, тавре борҳо зикр кардем ва аз гуфтаҳову шеърҳои устод Лоиқ мисол овардем, ў худро пайрави устод Турсунзода хондааст. Чунончи, ў дар шеъри «Чу Турсунзода бо боли замона» чунин гуфтааст:
Ман аз ашъори ў хондам, ки дунёст
Кашокашхонаи мағлубу фирўз,
Ки дунё нест танҳо хўрду хобе
Ва ё як рангбозии шабу рўз.
Аҳли илму адаб солҳои пеш ба ин гуна олимони «навандеш», ки аз рўи ғаразу таассуб ба устод Турсунзода ҳуҷум карда, ба бадном намудану паст задани осораш пардохта буданд, ҷавоби шоиста дода буданд. Масалан, нависандаи маъруфи тоҷик Абдулҳамиди Самад навишта буд: «Табиист, ки андешаву мафкураи шахсияте чун устод Мирзо Турсунзода шабеҳи уқобони кўҳсорон дар фазои баланд маъво дошт. Вай ҳаргиз худро ба доираи танги назар ва ё ҳиссиёти чиркину бадбўйи маҳалгароӣ намеафканд, зеро ҳадафу мафкураи ў ва ҳаммаслаконаш эҳёгарӣ, ҳамбастагӣ, миллатсозӣ, пайвандгарӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани маърифати халқ буд, на ҷудоиангезӣ, низоъангезӣ. Солҳои охир аз ҷониби ҳар касу нокас ба осор ва шахсияти устод Мирзо Турсунзода ҳукму баҳоҳои дурушт ва ғаразноке дар матбуот нашр шуданд. Ин носипосӣ низ як ҷинбоди даврони гузариш буд, ки ба ришханду нафрат дучор гардид. Ва ба таъбири халқ ин амал ба ҷуз ҳуҷуми пашша ба … фил чизе набуд. Агар аз сари ҳақ нагзарему ба ёд биёрем, ки маҳз ҷуръату талошҳои устод Турсунзода ва ёронаш боис шуданд, ки ҷашнҳои бузургтарин шоиронамон дар миқёси мамлакати шўравӣ таҷлил ёбад ва пайкараҳои муҳташами чанде аз эшон дар Душанбе қомат афрозанд ва боз иқрор бикунем, ки маҳз ў тавонист Симпозуми шеъри форсиро дар пойтахт гузаронад ва беҳтарин истеъдодҳои олами форсро ба ин кунгура ба шаҳри Душанбе биорад, қимат ва шаҳомати шахсияти устод дучанд меафзояд».
Дар ин бора сухани донишманди маъруфи тоҷик Асадулло Саъдуллоев ҳам қобили хондан аст: «Солҳо мегузаранд. Қофилаҳо дигар мешаванд, сипаҳсолорони нави адабиёт ба майдон меоянд, вале касе аз инҳо ҷойи якдигарро гирифта наметавонанд. Бахусус устод Турсунзода, ки барои ман як одамият, самимият, садоқат ва дардошнои яктои ҷаҳон буданду ҳастанд. Имрўз ман устодро дигаргуна мешиносам. Вай, ба қавли Николай Тихонов, «Одами оҳанрабо» аст. Ў дар дили миллионҳо ҷо дорад, агар гоҳҳо ин ҷою он ҷо бадгўе аз ў маддоҳ ё хитобагў сохтанист, чунин шахс бадкор аст, умри кўтоҳ дорад, амалаш ҳуҷуми кучук ба филро мемонад. Миллати тоҷик бояд номи чунин ашхосро тоҷи ифтихори хеш донад».
Акбарзода на танҳо Турсунзода, балки Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Соҳиб Табаров ва ғайраро дар китоби зикршуда паст мезанад, танҳо устод Лоиқро шоири ягона, комилу бенуқс медонад. Ба қавли ў, устод Лоиқ зинда буд, шеър зинда буд, адабиёт зинда буд, устод Лоиқ мурд, шеър мурд, адабиёт мурд, яъне ҳеҷ шоири дигаре ҳамвазну ҳамтои Лоиқ вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт…
Ҳамин тариқ, «Рисолати шоир ва шеър» аз рўи таассуб ва ғараз навишта шудааст, ки ҳеҷ гоҳ ба суди адабиёт ва нақди асил нест.
Шояд ў аз ин дастури шоир хабар надорад:
Табъат даме ки моили айби касон шавад,
Оина гир, к-аз сари инсоф нагзарӣ!
Ҷамолиддин САИДЗОДА