Аз ибтидои солҳои 2000 –ум дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ислоҳоти ҷараёни таълим, аз ҷумла гузариш ба низоми кредитии таҳсилот, ҷараён дорад. Гузариш ба низоми нав зарур аст, чунки дар шароити ҷаҳонишавӣ пайвастани низоми таҳсилоти ҷумҳурӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ талаби замон мебошад.
Низоми таҳсилоти кредитӣ таҷрибаи пешқадами маорифи ҷаҳонист ва талаботи рўзафзуни ҷомеа, истеҳсолоти ҷамъиятӣ, иқтисоди бозориро ба мутахассисони донишманд, баландихтисос қонеъ мегардонад. Он на танҳо усулҳои самараноки таҳсилотро фаро мегирад, балки дар назди маориф, муаллимону шогирдон талаботи зиёди мушаххас мегузорад. Чунин низом агар аз Ҳукумату Вазорати маориф ва илм таъмини заминаҳои зарурии моддиву техникиро талаб намояд, аз устодон дониши амиқу мукаммали фаннӣ ва истифодаи усулу равишҳои наву самараноки таълим, ҷустуҷўйи доимӣ, навоварӣ ва аз толибилмон хонишу донишандўзии ҷиддӣ, пайваста ва масъулияти баландро тақозо дорад.
Бояд зикр кард, ки дар раванди гузариш ба низоми нав дар таълими фанҳо воситаҳои телекоммуникатсионӣ васеъ истифода мешаванд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омўзгорон ва донишҷўён аз синфхонаҳои компютерии ба шабакаи Интернет пайваст, тахтаҳои электронӣ, китобхонаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои техникӣ васеъ бархўрдоранд.
Бешубҳа, ин ҳама дастовардҳои низоми нав мебошад, вале низоми кредитӣ аз камбудӣ орӣ нест. Ҳар як низом бояд бо дарназардошти анъанаҳои раванди таълиму тарбия, ҳувияти миллӣ ва вазъи иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ба таври эҷодӣ татбиқ гардад. Вале имрўз дар раванди гузариш ба низоми нави таҳсилот беаҳамиятӣ нисбат ба баъзе суннатҳои миллии маориф ҷой дорад, аниқтараш, беэътиноӣ нисбат ба масъалаи таълими илмҳои инсоншиносӣ, ки дар ташаккули шахсияти мутахассиси оянда нақши калидӣ дорад. Ҳол он ки дар маорифи миллӣ таълим бояд дар партави тарбия сурат гирад ва илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ дар он мақоми муқаддам дошта бошанд.
Аз охири солҳои 80-ум ва давоми солҳои 90-уми асри ХХ як силсила илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, илми ахлоқ (этика), зебоишиносӣ (эстетика), идеологияи сиёсии замони муосир ва ғайра дар мактабҳои олии Тоҷикистон ҷорӣ шуд, ки ин падидаи бағоят хуб ва ҷавобгўйи талаби замон ба ҳисоб мерафт. Вале дар раванди инсонгароӣ (гуманитаризатсия)-и маориф бенизомӣ ва бесуботӣ зоҳир гардид. Чунончӣ, аз барномаи таълимии мактабҳои олӣ илмҳои этика ва эстетика, мантиқ истисно шуданд. Ҳол он ки инҳо аз илмҳои бунёдӣ буда, таълимашон дар мактабҳои олӣ зарур ва ҳатмист ва хусусан дар шароите, ки косташавии ахлоқи ҷомеа, хоса одоби ҷавонон, ба назар мерасад. Пас аз гузариш ба низоми кредитии таълим соатҳои таълимии илмҳои мазкур боз ихтисор шуданд. Барои хатмкунандагон имтиҳони давлатиро аз фанни фалсафа бекор карданд. Санҷишҳои фосилавӣ, имтиҳонҳои ниҳоӣ, ки асосан тавассути тест қабул мегарданд, барои ба таври зарурӣ муайян намудани сатҳи донишҳои касбӣ, ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва дигар фазилатҳои волои маънавӣ имкон намедиҳанд. .
Боиси нигаронист, ки як давра садоҳое низ ба гўш расиданд, ки илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ аз нақшаҳои таълимӣ умуман бардошта шаванд Афсўс, ки имрўз низ чунин садоҳо гоҳ-гоҳ ба гўш мерасанд ва таклиф мешавад, ки ба ҷойи онҳо миқдори соатҳои фанҳои тахассусӣ зиёд карда шавад. Ин корро ҳаргиз кардан мумкин нест, зеро мо «теша бар решаи худ мезанем».
Як фарқияти сифатии маорифи ниёгон таълим дар партави тарбия буд. Аз мантиқи раванди низоми кредитии таълим чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи асосии таҳсилот омода кардани мутахассисони варзида аст. Вале масъалаи тарбия, тарбияи инсони комил, ки ҳадафи аслии мактабу маориф аст, дар ҷойи ба назар ноаён қарор гирифтааст. Ҳол он ки ҳар як мутахассис қабл аз ҳама, бояд шахси бофарҳанг, дорои ҷаҳонбинии илмӣ, хирадманду фозил, хушодобу зебоиписанд бошад.
Вобаста ба ин мехостем оид ба як масъалаи муҳим ибрози ақида намоем: Бисёр мутасаддиёни корҳои тарбиявӣ доираи фаъолияти худро маҳдуд мебинанд. Онҳо фаъолияти хешро асосан дар ҷалби донишҷўён ба ин ё он маъракаи иҷтимоиву сиёсӣ ё гузаронидани соатҳои тарбиявӣ марбут медонанд. Шубҳа нест, ки ин ҷанбаи кор муҳим аст, вале кори тарбия хеле доманадор буда, муназзамӣ ва ба инобат гирифтани талаботи маънавии тарбиятгирандагонро талаб менамояд. Дар замони муосир бо мафкураи қолабӣ дар кори тарбия муваффақият ба даст овардан ғайриимкон аст. Масалан, дар бораи гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бегонапарастӣ ва дигар ҳаракатҳои номатлуб ҳама сухан мегўянд, вале дар бораи анталогияи тафаккури иртиҷоӣ, решаҳои бегонапарастии як идда ҷавонон мо ба онҳо ахбори кофӣ намедиҳем. Ҳадаф аз таъкиди ин нукта он аст, ки дар ин ҷо камбудии ҷиддии омўзгорони илмҳои ҷомеашиносӣ ба назар мерасад. Бо афсўс таъкид менамоем, ки то ҳол як қатор намояндагони илмҳои ҷомеашиносӣ мавқеи худро нисбат ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ — терроризм, бунёдгароӣ, сиёсигардонии ислом ва ғайра муайян накардаанд ва оид ба ин вабоҳои аср бо шогирдон баҳс намекунанд. Кори тарбия ҳамон вақт самаранок мегардад, ки ҳар як омўзгор, новобаста аз тахассусаш, намунаи ибрати ҷавонон бошад, ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтор.
Дар ҳалли ин муаммои пуртазод бояд нақши оила хеле назаррас бошад. Айни муддао ва саривақтист, ки бо ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Ин қонун барои рафъи камбудиҳои ҷиддие, ки дар таълиму тарбия мавҷуд аст, аҳамияти калон дорад. Қонуни зикршуда ба рушди маориф ва илмҳои инсоншиносӣ, тарбияи мутахассисон ва пешрафти ҷомеа такони бузург бахшид.
Зарурати вусъати тараққиёти илмҳои инсоншиносӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон боз як ҷанбаи муҳими дигар дорад. Ин ҷо сухан аз боби арзи вуҷуд намудани равандҳои эҳтимолии рушди ҳаёти иҷтимоӣ меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон хатари зиёд таҳдид менамояд. Аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма мубаллиғони гурўҳҳо ва ҳаракатҳои тундгаро ва иғвоангез, ба мисли «Салафия», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Ҳизб-ут-таҳрир» «Ҷамоати таблиғ», ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон тарғиботи ғаразнок мебаранд. Онҳо мекўшанд, ки ҷомеаро аз ҳолати мувозинатӣ бароварда, ба алангаи низоъҳои иҷтимоӣ кашанд. Таҳлилгарон таъкид менамоянд, ки аксари ҷавононе, ки зери таъсири ин мафкура ва ақидаҳои иртиҷоӣ қарор доранд, онҳое мебошанд, ки ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд ва саводи диниву дунявии кофӣ надоранд.
Зубдагони соҳаи идоракунии маориф, хоса роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо, бояд дар амал хуб дарк намоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ангезаҳои ташаккули ҷаҳонбинии ифротӣ марбут ва маҳдуд ба як давлат шуда наметавонад. Бархе аз абарқудратҳо гумон доштанд, ки паҳн гаштани мафкураи ифротгароӣ ва террористӣ фақат ба кишварҳои исломӣ таҳдид мекунад, вале амалияи муосир собит намуд, ки ин равандҳои сиёсию ифротгароӣ, ба ҳаёти осоиштаи Амрикою Аврупо ва Африқо низ таҳдид менамояд, онҳо ҳадду сарҳад надоранд.
Эрих Фромм, яке аз ҷомеашиносони маъруфи олмонӣ, ба саволи «Инсон кист?» ҷавоб гуфта, пеш аз ҳама, таъкид менамояд, ки «инсон чиз нест, балки мавҷуди зиндаест, ки доимо дар рушду камол аст. Ҳаёти ў ҷараёнест, ки зери таъсири омилҳои гуногун қарор дорад. Инсон дорои ақл мебошад, ки тавассути он ў ҳақиқатро дарк менамояд». Баробари ин, мутафаккир таъкид менамояд, ки «ашхоси алоҳида ва ҳатто миллатҳои том баъзан бидуни ақл рафтор менамоянд. Баъзе миллату халқҳо аз сабаби озод шуда натавонистан аз рафтори бетаҳаммулонаи хеш ба нестӣ рафтаанд».
Боиси хурсандист, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва инсондўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибат ба илмҳои ҷомеашиносӣ тағйир меёбад. Давраи фалсафаситезӣ тадриҷан паси сар ва оқибатҳои он дарк шуда истодааст. Аз ҷумла, соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 661 аз 31 декабр «Тадбирҳои дастгирии тараққиёти илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009- 2015» қабул гардид, ки дар он заминаи боэътимоди дастгирӣ ва тақвияти иқтидори илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ ҳамчун василаи асосии таъмини пойдевори мустаҳками маънавии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар муайян шудааст.
Дар партави иҷрои тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии рушди илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ Вазорати маориф ва илми кишвар дар ибтидои соли хониши 2016 — 2017 барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҷдид намуд, ки тибқи онҳо миқдори соатҳои таълимӣ ба фанҳои таърихи халқи тоҷик, фарҳангшиносӣ, сотсиология зиёд карда шудаанд. Ба барномаҳои таълимӣ фанни нав — диншиносӣ ворид карда шуд, ки тақозои замон аст.
Вобаста ба баланд бардоштани нақши илмҳои ҷомеашиносӣ ва инсоншиносӣ дар ташаккули шахсият ва маънавияти мутахассисони оянда чунин таклифҳоро барои баррасӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоем:
1. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ заминаи зарурии тараққиёти илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва инсоншиносӣ дар асоси арзишҳои умумибашарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ (давлатӣ) бояд фароҳам оварда шавад. Мушкили асосӣ кифоя набудани китобҳо, дастурҳои таълимӣ-методӣ бо забони давлатӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки тибқи талаботи низоми кредитии таҳсилот, имрўз бисёре аз омўзгорон аз фанҳои таълимии хеш комплексҳои таълимӣ-методӣ, дастуру васоити таълимӣ навишта, ба нашр расонида истодаанд ва ин ба яке аз талаботи аттестатсияи дохилидонишгоҳии омўзгорон табдил ёфтааст. Аммо бояд дар назар дошт, ки на ҳар омўзгори донишкадаву донишгоҳ аз нуқтаи назари донишҳои назариявӣ, методологӣ ва таҷрибаи омўзгорӣ қобилияти навиштани китоби дарсиро дорад. Аз ин рў, хуб мешуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисон Барномаи ягонаи таълимиро аз фанҳои ҷомеашиносӣ мураттаб намуда, дар асоси он барои навиштани китоби дарсӣ ва комплекси таълимӣ-методӣ озмун эълон намояд.
2. Ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони донишгоҳҳову донишкадаҳоро вазифадор намояд, ки ҳар панҷ сол такмили ихтисоси омўзгорони илмҳои инсоншиносиро ташкил кунанд, то ки онҳо аз равандҳои муосири сиёсиву иҷтимоии ҷомеа бархўрдор бошанд.
3. Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳҳои ғайриомўзгорӣ аттестатсияи давлатиро аз илмҳои инсоншиносӣ аз байн бурд. Мо бар он андешаем, ки бо дарназардошти ҳувияти миллӣ, ҷомеаи суннатии мо ва равандҳои муосири ҳаёти маънавӣ ин амал на он қадар дуруст буд. Шояд бозгашт ба тарзи пештараи аттестатсия номумкин бошад, вале хуб мешуд, агар дар охири соли дуюми таҳсил донишҷўёни ҳамаи ихтисосҳо аз илмҳои ҷомеашиносӣ (фалсафа, сотсиология,сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, диншиносӣ, (аз ҳар фан як савол) ба таври анъанавӣ имтиҳони шифоҳӣ супоранд. Натиҷаи он дар замимаи диплом ҳамчун баҳои аттестатсияи давлатӣ сабт карда шавад. Роҳандозӣ гаштани ин амал масъулияти ҳам омўзгор ва ҳам донишҷўро афзун мегардонад.
Дар маҷмўъ, барқарор намудани мақоми шоистаи илмҳои инсоншиносӣ, эътирофи муқаддамияти онҳо дар низоми таҳсилот талаби замон буда, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, мафкураи солим, ахлоқи ҳамида, фазилатҳои волои инсонӣ, одамият, ватандўстӣ ва созандагӣ нақши ҳалкунанда доранд.
Р. СОЛИҶОНОВ, доктори илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
М. МИРБОБОЕВ, профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон