Дар Анҷумани доираи иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистону Чехия, ки 10 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» доир гардид, хабарнигорамон бо чанд нафар аз меҳмонон ҳамсуҳбат шуда, андешаҳояшонро оид ба дурнамои ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик пурсон шуд.
Эриҷи Русак - директори иҷроияи ширкати «Vaqner pool»:
- Ширкати мо ба лоиҳакашӣ ва бунёди ҳавзҳои шиноварӣ машғул буда, на танҳо дар Аврупо, балки дар дигар қитъаҳо низ фаъолият менамояд. Чунончӣ, бунёди ҳавзҳои меҳмонхонаи маъруфи «Burj Al Arab» дар шаҳри Дубай аз ҷониби ширкати мо сурат гирифтааст.
Инчунин, дар самти поксозии об низ фаъолият мекунем. Қариб 16 сол мешавад, ки бо Гурҷистон дар ин самт ҳамкорӣ дорем. Дар муассисаҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусию меҳмонхонаҳои ин кишвар якчанд ҳавзи замонавию хуштарҳ сохтем. Дар Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон ва Молдова низ шарик дорем.
Арзиши ҳавз аз мавқеи ҷойгиршавии он вобастагӣ дорад. Албатта, арзиши ҳавзе, ки дар иншооти пўшида сохта мешавад, нисбат ба оне, ки дар ҳавои кушод бунёд меёбад, бештар аст.
Тоҷикистон чун кишвари зебоманзар имконияти бойи сайёҳӣ дорад. Изҳори умед менамоем, ки ширкатҳои туристию меҳмонхонаҳо бо мақсади таъмини хизматрасонии сатҳи баланд бо мо ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Фёдор Влачига - директори минтақавии ширкати «Vikov industry»:
- Қариб 130 сол мешавад, ки ширкати мо дар соҳаи мошинсозӣ фаъолият дорад. Таҷрибаи бойи аз наслҳо ба наслҳо меросмонда бо технологияи муосир, имконият медиҳад, ки маҳсулоти дорои нишондиҳандаҳои баланди техникӣ истеҳсол кунем.
Ширкати мо барои соҳаҳои гуногуни саноат, аз қабили сементбарорӣ, коркарди маъданҳои кўҳӣ, истихроҷу коркарди нафту ангиштсанг ва навъҳои гуногуни воситаҳои нақлиёт редуктор истеҳсол мекунад. Зиёда аз 70 фоизи маҳсулоти ширкат ба хориҷ содир мешавад. Мамолики Иттиҳоди Аврупо, Федератсияи Россия, Украина, Ўзбекистон, Туркия харидорони асосии редукторҳои истеҳсоли корхонаҳои мо ба шумор мераванд. Ширкати «Vikov industry» аз се корхонаи бузург иборат аст. Инчунин, барои неругоҳҳои ҳароратӣ ва неругоҳҳои хурди обӣ бо як ширкати шведӣ редуктор истеҳсол мекунем, ки иқтидорашон то ба 50 мегаватт мерасад.
Тоҷикистон ба ман писанд омад. Ман кўҳистонро дўст медорам. Мехоҳам чанд рўз ин ҷо монда, фарорасии баҳорро бубинам, вале афсўс, реҷаи корӣ имконият намедиҳад, ки ин ниятам амалӣ шавад. Боварӣ дорам, ки робитаҳои мо тавсеа меёбанду боз меҳмони тоҷикон мешавем.
Лукаш АдаМеТС - директори тиҷоратии ширкати Imcopharma»:
- Фаъолияти ширкати мо ба самти дорусозӣ нигаронида шудааст ва ҳадафаш ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ аст. Мо давоҳои инноватсиониро дастгирӣ мекунем, то ин ки бо истеҳсоли онҳо воридот кам шавад.
Ширкат бештар маҳсулоти истеҳсолкунандагони мамолики Аврупои Ғарбиро муаррифӣ мекунад ва фаъолияти миёнаравиро низ анҷом медиҳад. Қариб 20 сол аст, ки дар бозорҳои кишварҳои ИДМ фаъолият карда истодаем. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати дорусозии «Тиб барои шумо» ҳамкории хуб дорем.
Кўшиш мекунем, ки дар самти истеҳсоли доруҳои баландсифат дар Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монда, ба содироти он мусоидат намоем.
Вич Кабанек - директори ширкати «Carqo»:
- Мо техникаи логистикӣ, тиббӣ, химиявӣ, эвакуатор, автомобилҳои боркаш, стансияҳои телевизионии сайёр ва ғайра истеҳсол мекунем.
Солҳои 2010-2011 ба Тоҷикистон омада будам. Тибқи фармоиш барои Тоҷикистон студияи сайёр истеҳсол кардем, ки онро бомуваффақият истифода мебаранд. Барои таҳияи босифати гузоришҳо аз Олимпиадаи Сочӣ тибқи дархости Федератсияи Россия дар маҷмўъ 24 техникаи сайёри телевизонӣ истеҳсол намудем. Техникаҳои сайёри мо дар сардии 40- 45 дараҷа ҳам хуб кор мекунанд.
Ҳадафи ман ин аст, ки техникаи корхонаамонро барои мақомоти тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулода, геология ва ғайра муаррифӣ намоям. Ширкати мо истеҳсоли техникаи махсусро барои маммография, мошинҳои рентгенкунӣ, муоинаи гурда, ҷигар, дандонҳо ва ғайра ба роҳ мондааст. Умед дорам, ки маҳсулоти ширкати мо барои муассисаҳои давлатию хусусии Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ хоҳад гашт.
Мусоҳиб С. Сайфиддин, «Садои мардум».
Суратгир Н. Алиев