Ҳабдаҳуми июни соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносойӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва оғози сохтмони иншооти зиёди дигар ба вилояти Суғд сафар кард. Тайи боздиди корӣ Сарвари давлат ба чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ташриф оварда, бо мардуми касбу кори гуногун мулоқоту суҳбатҳо анҷом медиҳад.
Боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент оғоз ёфт. Дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат коргоҳи холисгардонии тилло дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Корхонаи муштараки Зарафшон» ифтитоҳ ёфт.
Таъкид гардид, ки ин нахустин коргоҳи холисгардонии тилло то дараҷаи 99,99 фоиз аст. Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба нахустин рехтаи 3 килограммаи тиллои холис рақами 1 гузошта шуд.
Тавре зикр гардид, ин коргоҳ бо иқтидори ҳозирааш метавонад дар як сол то 7 ҳазор килограмм тиллои холиси дараҷаи 99,99 фоиз истеҳсол намояд. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар оянда иқтидори он ба истеҳсоли то 10 ҳазор килограмм тиллои холис дар як сол расонида мешавад.
Дар коргоҳи мазкур ҳоло наздики 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар назди ҶДММ «Корхонаи муштараки Зарафшон» ҳамчунин сохтмони коргоҳи нави маъдантозакунӣ бо иқтидори шабонарӯзии коркарди 10 ҳазор тонна маъдан оғоз ёфт. Тибқи нақша, ин корхона то семоҳаи сеюми соли 2014 бояд ба истифода дода шавад. Дар ин корхона беш аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки то охири соли 2013 асосноккунии иқтисодию техникии сохтмони коргоҳи коркарди миси холис аз ҷониби ҶДММ «Корхонаи муштараки Зарафшон» ба итмом расонида мешавад. Ҳоло дар ҶДММ «Корхонаи муштараки Зарафшон» дар маҷмуъ наздики 2300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 39 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият доранд.
Тавре таъкид гардид, то соли 2015 барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолии ҶДММ «Корхонаи муштараки Зарафшон» иловатан зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад. То ин вақт тайи шаш соли кор дар кони Зарафшон» Ширкати саноати кӯҳкории «Зиҷин» беш аз 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Истеҳсоли солонаи тилло ҳоло ба як тонна расидааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда, то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба се ҳазор нафар расонида шавад.
Таваҷҷуҳ ба вазъи корҳои
кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Барги гул ташриф оварда, бо кори намунавии аҳли заҳмати он шинос шуд.
Аз иттилои роҳбари хоҷагӣ Абдураҳмон Суюнов маълум шуд, ки хоҷагӣ дорои 43 гектар замини корам, аз ҷумла 12 гектар обӣ ва 64 саҳмдор буда, асосан бо парвариши ғалладона ва картошкаю дигар сабзавот машғул аст. Аҳли заҳмати хоҷагӣ умед доранд аз замини картошкаи барвақтӣ 400 сентнерӣ ва гандум 60 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он такроран дигар зироатҳо кишт намоянд. Деҳқонони хоҷагӣ талош доранд, ки аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода баранд, аз ҷумла тавассути васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бахши картошкапарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид дошт, ки аз имкону захираҳои фаровон барои зиёд намудани майдони кишти ин зироат, афзун намудани ҳосилнокӣ ва истеҳсоли картошка бояд васеъ истифода карда шавад. Иттилоъ дода шуд, ки аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент барои иҷрои супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд ва умедворанд, ки имсол зиёда аз 100 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ менамоянд.
Шиносойӣ бо рафти навсозии
роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент
Тавре зикр гардид, яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент шиносойӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ- Панҷакент аст.
Дар километри 98-уми роҳ, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чинор қарор дорад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии ин роҳ бевосита шинос шуд.
Чуноне маълум шуд, корҳо барои омодасозии қабати поёнии роҳ оғоз ёфта, кандани рӯйпӯши кӯҳнаи роҳ, васеъ намудани бари он ва мутобиқ гардонидан ба нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ идома дорад.
Дар марҳилаи кунунӣ ба ин кор 120 адад техникаю механизми гуногун, аз ҷумла мошинҳои боркаш, мошинҳои обпошӣ, булдозеру экскаватор ва ғелак сафарбар шуда, 30 адад техникаи нави дигар рӯзҳои наздик ба ин ҷо расонида мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки барои ислоҳи ин ҳолат кор якбора дар зиёда аз даҳ қитъаи роҳ ташкил карда шавад. Таъкид гардид, ки то охири соли равон бояд 40 фоизи корҳо анҷом дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки 90 фоиз мутахассисону коргарон бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ бошанд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки тамоми корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд, то ки ин роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ гардида, солиёни дароз хизмат кунад.
Хотиррасон гардид, ки дарозии ин роҳ 113 км буда, 10 км-и дохили шаҳри Панҷакент иборат аз 4 хати ҳаракат ва боқимондаи роҳ аз 2 хати ҳаракат иборат буда, паҳноии роҳи духата 7 метр хоҳад буд.
Боздид аз қисми низомии 05170-и
Вазорати мудофиаи кишвар дар шаҳри Панҷакент
Зимни боздид аз қисми низомии 05170-и Вазорати мудофиаи кишвар дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои афсарону сарбозон муҳайёгардида бевосита шинос шуда, ба вазъи омодагии касбӣ ва ҳарбии онҳо мароқ зоҳир намуд.
Чунонки иттилоъ доданд, солҳои охир дар ин қисми низомӣ ба корҳои сохтмонию ободонӣ, омода намудани шароити будубоши афсарону сарбозон диққати зарурӣ дода шудааст. Ин аст, ки ҳоло қисми низомӣ дорои хобгоҳҳои муҷаҳҳаз, ошхона, ҳаммом, майдони машқ ва захираҳои зарурии маводи хӯрока мебошад.
Барои дастгирии афсарону сарбозон, таъмини онҳо бо маводи хӯрока ва сабзавоти худӣ ба ин қисми низомӣ ҳамчунин 1,5 гектар замин барои ташкили хоҷагии ёрирасон ҷудо шудааст.
Зимни суҳбат бо ҳайати шахсии қисми низомӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю садоқатмандона, баланд бардоштани омодагии ҷисмонию ҳарбӣ ва аз худ намудани нозукиҳои муҳофизат аз марзу буми Ватани азиз ҳидоят намуд.
Кӯмаки моддии Президент
ба 55 ятими бепадару модари шаҳри Панҷакент
Дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар писару духтарони ятим, ки аз падар ва модар маҳрум мондаанд, мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳоли рӯзгорашон пурсон шуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз бар кардани илмҳои замона ҳидоят намуд.
Ба роҳбарияти сохторҳои масъули маҳаллию вилоятӣ дастур дода шуд, ки вазъи зиндагӣ, мактабхонӣ ва таъмини ояндаи хуби онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
www.prezident.tj