Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 чунин таъкид намуданд: «Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд.»
Табиист, ки таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои рушди иҷтимою иқтисодӣ ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат намуда, симои шаҳраку навоҳии кишвари азизамонро дигаргун месозанд. Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2013-2017» дар бахши кишоварзӣ татбиқи 11 лоиҳа ба маблағи 19 миллиону 980 ҳазор сомонӣ, соҳибкории хурду миёна 15 лоиҳа ба маблағи 12 миллиону 368 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 13 лоиҳа ба маблағи 1 миллиону 629 ҳазор сомонӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ 16 лоиҳа ба маблағи 30 миллиону 480 ҳазор сомонӣ, дар назар аст.
Бино ба гуфти мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Мирсаид Хоҷаев, солҳои 2013-2016 аз 186 лоиҳаи пешбинишуда, 52 лоиҳа ба маблағи 63 миллиону 581 ҳазор сомонӣ татбиқ гардидааст, ки дар маҷмӯъ 31,2 фоизро ташкил медиҳад.
То анҷоми барномаи дар боло зикршуда, 11 моҳ мондааст. Аз таҳлили иҷрои он бармеояд, ки ҳанӯз корҳои зиёдро ба анҷом расонидан зарур аст. Сарфи назар аз ин, сокинони ноҳия бовар доранд, ки масъулин дар ин самт чораҳои саривақтӣ андешида, иҷрои онро пурра таъмин менамоянд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»