Як фатвои муфтиёт — шикасти Тилисмот

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

Маъракаи чили писари ҷавонмаргамро медодам. Хешу табор ҷамъ омада буданд. Аз хонаҳои ҳамҷавар ҳамсояҳо низ омаданд. Як гурӯҳ дӯстони афғон, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ доштанд, ҳузур ба ҳам расониданд. Онҳо нишаста, як каф дуо карда, зуд бархоста рафтанӣ шуданд. Ба онҳо бо камоли эҳтиром гуфтем: хӯрок тайёр аст, биншинед, сарфи таом кунед. Онҳо ба як овоз гуфтанд: дар мо расм нест, ки дар маъракаи азодорӣ ба касе хӯрок диҳем…

Замони шӯравӣ, солҳои 1970 — дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, дар корхонаи Куду барқ бо мутахассисони рус ба ҳайси тарҷумон кор мекардам. Яке аз ҳамкорони афғонамонро бародараш фавтид. Моро ба оши чили бародараш даъват намуд. Барои изҳори тасаллият рафтам. Ба меҳмонхонаи тозаю озодае, ки 40-50 нафарро мебурд, ворид шудам. Дар миёнҷои меҳмонхона суфраи дарозеро густурда буданд. Дар болои суфра ба ҷуз ду-се чойник чой ва лаъличаҳои қанди сафед дигар чизе набуд. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ омада, дуо хонда, баромада мерафтанд…

Дар маъракаҳои азодорӣ хӯрок додан на дар Эрону Афғонистон ва на дар Арабистон расм нест. Пурсида мешавад: ҳамаи мо як «Қуръон» дорем, пас чаро фармудаи онро накарда, ба бидъату хурофотпарастӣ роҳ медиҳем?

Бо вуҷуди саъю талоши Комиссияи танзими расму оин ва маросимҳои миллӣ ҳеҷ не ки пеши роҳи исрофкориҳо гирифта шавад. Имрӯзҳо боз дар тарабхонаҳо додани оши чил ва соли фавтидагон мӯд шудааст, ки хароҷоти он аз 4 то 6 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар суфра нӯшу неъматро фароҳам меоваранд. Меваҳои гаронбаҳои ватанию хориҷиро чида мемонанд. Шоколад ва мағзу мавиз ҳисобаш гум. Ҳозирин ба меваҳо даст дароз намекунанд, фақат ош мехӯранд. Хулоса, суфраи азодорӣ аз суфраи тӯй фарқ намекунад.

Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид мекунанд, ки ба исрофкорӣ роҳ надиҳем, вале мо бошем, ҳамоно гӯши ношунаво дорем.

Суоле ба миён меояд, ки оё пеши роҳи ин қабил бидъату хурофотпарас­тиҳоро  гирифтан мумкин аст? Оё беҳтар нест, ки он 6 ҳазор маблағеро, ки ба тарабхона медиҳем, ба ягон ятимхона бурда диҳем?

Булаҷабиро бубинед, ки дар чунин маъракаҳо фақат ишкамсеронро сер мекунему гушнагонро фаромӯш.

Шикастани тилисми бидъату хурофотпарастӣ хеле осон аст. Онро як фатвои муфтиёт метавонад бишканад.

Муфтиёт бояд фатвои зайл диҳад: Минбаъд маъракаҳои оши чил ва соли фавтидагон дар ҳар куҷое, ки баргузор гардад, хоҳ дар манзил ва хоҳ дар тарабхона бидуни додани хӯрок сурат бигирад.

Ана ҳамин як фатвои муфтиёт тилисми чандинсоларо шикаста, бори гаронро аз дӯши мардум раҳо хоҳад кард ва ин амр боис хоҳад шуд, ки фармудаи «Қуръон»-и азимушшаън ба ҷо оварда шавад.

Салоҳиддин Фатҳуллоев, номзади илмҳои филологӣ