22 феврали соли 2017 дар арафаи 24- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказ толори маҷлису чорабиниҳои фарҳангӣ, бинои наву муосири таълимӣ, таълимгоҳи радиотехникии идоракунии сарҳад ва коргоҳи дӯзандагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароиту имконияти таълимию бозомӯзии сарҳадбонони мамлакат аз наздик шинос шуданд.
Маркази таълимии «Пойтахт» пойгоҳи асосии таълимию бозомӯзии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки то имрӯз дар он шумораи зиёди сарбозони навдаъват, мутахассисони ҳарбии махсус, аз қабили минаҷӯён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо ва тирандозон ба бозомӯзию таълим фаро гирифта шудаанд ва барои идома додани хизмат ба қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ сафарбар гардидаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои таълимӣ, таълимгоҳи радиотехникӣ, толори маҷлису чорабиниҳои фарҳангӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака, омодагии ҳарбӣ ва ҳисси худшиносию ватанпарастии муҳофизони сарҳад бунёд гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти таълимию хизмати марзбонӣ таъмин мебошанд.
Бинои таълимӣ ва толори маҷлис бо 500 ҷойи нишаст аз ҷониби ҶДММ «Сарманзил-2014» ба маблағи умумии 2 800 000 сомонӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмону васлкунии таълимгоҳи муосири радиотехникии идоракунии сарҳадро ҶДММ «Мурод-2010» ба сомон расондааст. Коргоҳи дӯзандагӣ низ дар муҳлати кӯтоҳ бунёд ва бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили мошинаҳои дӯзандагӣ ва дастгоҳи пахтазанӣ, таъмин карда шудааст.
Бинои таълимӣ аз бист толори бозомӯзию такмили маҳорати низомӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосиру электронии ҳарбӣ-таълимӣ таъмин мебошад. Дар он аз рӯи 18 ихтисос, кадрҳои низомӣ ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва барои бевосита гузаронидани машқҳои таълимии низомӣ ва бозомӯзӣ бо истифода аз амалиёти электронӣ ниҳоят мувофиқ аст. Бартарияти таълимгоҳи навбунёд дар он мебошад, ки машқҳои таълимии низомӣ ва таҷрибаҳои бозомӯзӣ бо истифода аз техникаю муҳимоти ҷангии электронӣ гузаронида шуда, хароҷот ва масрафи зиёдатии яроқу дигар лавозимоти низомиро ҳангоми машқҳо ба маротиб коҳиш медиҳад.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти таълимгоҳи низомӣ, ки дар минтақа бемисл аст, баҳои баланд дода, барои такмилу тақвияти маҳорату малакаи хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар гардонидани шароиту имконияти хизмати марзбонӣ ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ҳамин гуна марказҳои таълимӣ ба роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар бинои таълимии радиотехникии идоракунии сарҳад ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии сарҳадбонон ҷиҳати ташкил ва гузаронидани амалиёти ошкору дастгирсозӣ, безарар гардонидани гурӯҳи қочоқбарон ва марзшиканон пешкаш гардонида шуд.
Барои гузаронидани чунин намоиш нақшаи яке аз минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон сохта шуда, ҳайати шахсӣ ва техникаю сагҳои хизматии қӯшунҳои сарҳадӣ ҷалб гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори навбунёди «Кохи Шараф» бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакат вохӯрӣ ва ҳайати шахсии сохторҳои низомиро бори дигар даъват намуданд, ки ба Ватан хизмати содиқонаю софдилона карда, дар ҳифзи дастоварду музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми муносиб гузоранд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки маҳз дар доираи талабот ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шудааст.