Аз 4 то 6 июни соли ҷорӣ дар заминаи филиали Хуҷандии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо ибтикори Шӯрои ҳамоҳангсозии «Евразия» Озмуни байналмилалии муназзимони идораи ҳаракати ҳавоии (ИҲҲ) аъзои Шӯро баргузор гардид.
Тавре дар ифтитоҳи озмун раиси Шӯрои номбурда, директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Махсудов ёдовар шуд, муассисон Шӯрои ҳамоҳангсозии «Евразия»- ро соли 1999 ташкил карданд, ки имрӯз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Озарбойҷон ва Арманистон, ҳамчунин бузургтарин истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионии Федератсияи Россия, Латвия, Чехия, Испания, Австрия, Олмон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ҳам мепайвандад. Озмун бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи маҳорати касбии муназзимони идораи ҳаракати ҳавойӣ, вусъат бахшидан ба бехатарии ҳаракати ҳавойӣ, баланд бардоштани мақому манзалат ва тарғиби дастовардҳои кори муназзими ИҲҲ ва густариши равобити мустақиму бевосита дар байни муназзимони кишварҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии «Евразия» доир карда шуд.
- Озмун, ки беҳтарин намояндагони корхонаҳои аэронавигатсиониро ба ҳам оварда буд, басо шавқовару пурҳаяҷон гузашт. Ҳайати доварон таҳти раёсати С.М.Бороншоев, ки ҳамзамон сарвари Кумитаи тадорукотии озмун маҳсуб меёфт, хеле нуктасанҷонаву бодиққат аз рафти мусобиқот натиҷагирӣ карданд. Аз рӯйи ҷамъбасти озмун ҷойи якум ба тими Федератсияи Россия, ҷойи дуюм ба тими ҶумҳурииТоҷикистон ва ҷойи сеюм ба тими Ҷумҳурии Озарбойҷон муносиб дониста шуд. Бо ҷоизаи «Беҳтарин муназзими ИҲҲ» намояндаи Федератсияи Россия Фенюк Юрий Сергеевич сарфароз гардид.
Зимни маросими мукофотонӣ Ю.С.Фенюк маълумоти ҷолибро манзури ҳозирин гардонид. Маълум шуд, ки падари вай пас аз хатми омӯзишгоҳи ҳавонавардӣ маҳз ба Хуҷанд равона карда шуда, дар ин ҷо қадамҳои аввалини фаъолияти хешро ба сифати штурман оғоз карда, то ба зинаи сарвари штурманҳои эскадрилия расида будааст,- гуфт ба хабарнигорамон сардори Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Аббос Афсаҳов.
К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»