Дирӯз (1 март) як гурӯҳ сокинони деҳаи Навбаҳори деҳоти «Дӯстӣ»- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» омада, бо изтироб хабар доданд, ки қариб 1 моҳ боз ба сӯи манзили истиқоматиашон ҳаҷми зиёди лоиқа ҳаракат карда истодааст. Ҳарчанд раиси ҷамоати деҳоту раиси ноҳия ба ҷойи ҳодиса омада бошанд ҳам, то ҳол бинобар набудани техникаи муқтадир барои пешгирии он чораҷӯйӣ накардаанд.
Мегӯянд, ки «Моргазида аз ресмони ало метарсад». Соли 1997 дар натиҷаи чунин ҳодиса 10 хона зери лоиқа монд. Чор фарзанди Равшан Тағойқулов, сокини деҳаи мазкур, ба ҳалокат расид. Ҳатто ҷасадҳои онҳо ёфт нашуд.
Сокинони деҳаи Навбаҳор Саидакбар Маматқулов, Исроил Тӯрақулов, Муҳаммадӣ Ӯрозов, Носир Кавраков, Маҳмуд Ҷабборов ва дигарон хавф аз он доранд, ки бо шиддат ёфтани боронҳои баҳорӣ хатари зиёдшавии ҳаҷми лойқа бештар мегардад.
- Мо аз тарс шабона ором хобида наметавонем,- мегӯянд онҳо.
Моҳи январи соли 1989 айнан чунин ҳодиса дар деҳаи Оқулии ноҳияи Ҳисор рух дод, ки боиси зери лойқа мондани чандин нафар сокинони деҳа гашт.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геология ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро зарур аст, ки вобаста ба вазъи бавуқуъомада чораҳои фаврӣ андешанд, то фалокате рӯй надиҳад.
Шайх Саъдӣ барҳақ фармудааст:
Сари чашма шояд гирифтан ба бел,
Чу пур шуд натвон гузаштан ба фил.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»