Ду бародар модари пиру беморе доштанд. Онҳо байни худ маслиҳат карда, ба хулосае омаданд, ки яке хидмати Худоро кунаду дигаре дар хидмати модар бошад. Бинобар ин, яке ба масҷид рафту ба ибодат машғул шуд, дигаре дар хона монду модарашро парасторӣ кард.
Дар як муддати кӯтоҳ бародаре, ки ба ибодат машғул буд, байни мардум машҳур гашту мағрур ва ба худ андешид, ки хидматаш аз кори бародараш бузургтар аст, чаро ки ӯ дар хидмати махлуқу вай дар ибодати Парвардигор. Ҳамон шаб ба хобаш фариштае даромаду гуфт:
- Ба ҳурмати бародарат Худо туро бахшид!
Вай аз хоб бедор шуд ва бо ашки шашқатор рӯ ба даргоҳи Худо овард:
- Парвардигоро, ман дар хидмати ту будаму бародарам дар хидмати модар. Чӣ гуна маро ба хотири ӯ мебахшӣ, оё он чӣ кардаам мояи ризои ту нест?!
Нидое ба гӯшаш омад:
- Он чӣ ту мекунӣ ман аз он бениёзам, вале модарат ба хидмати бародарат ниёзманд аст!