Ташаккули касбияти ҷавонон омили муҳими рушди кишвар аст

№26 (3663) 07.03.2017

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон дошта, рӯҳияи ин қишри ҷомеаро болида гардониданд, зеро онҳо дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд. Дар Тоҷикистон, ки қариб 70 дарсади шаҳрвандонро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд, синни миёнаи аҳолӣ ба 25 сол баробар аст ва 35 дарсади захираи фаъоли инсониро маҳз ин неруи созанда — ҷавонон ташкил медиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат 23 майи соли 2013 чунин зикр намуданд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд».

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду такомули ҷавонон, зиндагии арзандаи онҳо дар ҷомеаи муосир, ташаккули заминаҳо ҷиҳати пойдории ояндаи кишвар ва ҷомеа аз тарафи Ҳукумат, бахусус ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Ба ин хотир, аз ҷумла санадҳои муҳими давлатӣ — «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикис­тон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2018», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» қабул гардиданд, ки дар маҷмӯъ, барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, мавқеи онҳоро дар ҷамъият боз ҳам устувор гардониданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиё­сати давлатии ҷавонон», ки ҳанӯз соли 1992 ва баъдтар, соли 2004 дар таҳрири нав — «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул шуд, собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа медонад.

Аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта бармеояд, ки ду ниҳоди иҷтимоӣ инсонро хушбахт карда метавонад: оила ва корхона.

Дар интихоби дурусти касб ба ҷавонон омилҳое, аз қабили мактаб, оила (волидайн) ва ғайра мавҷуданд, ки метавонанд таъсиргузор бошанд. Аммо омили муҳимтарин худи толибилм ба шумор меравад, чунки ба ҷуз худаш нафари дигаре майлу рағбат, қобилияту истеъдоди ӯро пурра кашф карда наметавонад. Аз ин рӯ, ҷавононро лозим меояд, ки касби ояндаи худро бо дарки масъулият интихоб кунанд, зеро агар инсон соҳибтахассус бошад, дар рушду нумӯи ҷомеа ва давлат саҳми босазо гузошта метавонад.

Бо дарназардошти он ки мо дар асри компютер, интернет ва раванди ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем, инсон бояд касбашро пайваста такмил диҳад, бозомӯзӣ кунад, аз ҷомеа қафо намонад. Аз ҷониби дигар, ҷавононро зарур аст, ки зимни интихоби касб ба талаботи бозори меҳнат аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Низоми омодасозии касбӣ, азнавтайёркунӣ, дар маҷмӯъ тарбияи мутахассисони ҷавону варзида, муҳимтарин масъалаи сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои рӯ ба рушд ба кадрҳои баландихтисос, донишманд ва навовар беш аз пеш ниёз дорад.

Ташаккули касбӣ равандест, ки дар ҷараёни кору зиндагии инсон ба вуҷуд меояд. Такмилдиҳии касб аз ҳар як шахс масъулияти омӯзиши фаъолро талаб менамояд. Ин намуди омӯзиш аз шаклҳои муқаррарӣ фарқ мекунад, зеро дар ин ҳолат худи шахс бояд муайян кунад, ки дар кадом самт инкишоф ёбад ва бо кадом роҳ донишҳои заруриро аз бар намояд. Албатта, ташкилоту идораҳо ба ҷалбу ташаккули касбии мутахассисони ҷавони қобилиятнок манфиатдор мебошанд. Онҳо бояд ҷавононро бо коре таъмин намоянд, ки донишу малака, кӯшишу ғайрат ва маҳорати касбиашонро нишон дода тавонанд. Мувофиқи мақсад аст, агар ҳангоми ба кор қабул кардани мутахассисони ҷавон муносибат ба онҳо на ҳамчун ба шахси заиф, камтаҷриба, балки ҳамчун ҳамкасб, ҳамкор ба роҳ монда шавад.

Инчунин, зарур аст, ки дар корхонаву ташкилот барои инкишоф, омӯзишу сайқали пайвас­таи донишу малакаи касбии ҷавонон имконияту шароити мусоид фароҳам оваранд, то ки ин қувваи бузурги ҷомеа тавонад дар пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҳиссаи сазовор гузорад ва шоистаи ифтихор бошад.

Шамсия ҲАЛИМОВА,

сармутахассиси котиботи роҳбарияти

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон