Хоҷагии деҳқонии «Муродбек»-и ноҳияи Хуросон аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои истеҳсолӣ дар озмуни вилоятии «Беҳтаринҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилояти Хатлон дар соли 2012» ғолиб дониста шуд. Роҳбари хоҷагӣ Сулаймонқул Раҳмонқулов бо қарори раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо шаҳодатномаи ғолиби озмун ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардид.
Соли гузашта саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Муродбек» аз майдони 5 гектар хирмани 32- тоннагии «тиллои сафед» оростанд. Ҳосилнокиии ҳар гектар пахтазор 58 сентнериро ташкил дод, ки дар вилоят нишондиҳандаи беҳтарин ба ҳисоб меравад. Ғолиби озмуни вилоятӣ гардидани хоҷагӣ низ маҳз барои ба даст овардани чунин нишондиҳандаҳои меҳнатӣ буд. Суҳбати мо бо сардори хоҷагии деҳқонии «Муродбек» Сулаймонқул Раҳмонқулов дар назди қитъаи кишти ниҳолҳои наврустаи пахта, ки назаррабойӣ доштанд, сурат гирифт.
-Имсол бисёр қитъаҳои замини кишт аз борони сел зарар диданд. Коркард ва ғизои иловагӣ додем, то ин ки қафомонии нашъунамои ниҳолҳои пахта бартараф шавад. Умуман қариб ҳар сол як – ду маротиба мо бо офати табиат «даст ба гиребон» мешавем. Деҳқонӣ — таваккалӣ, — ме-гӯяд Сулаймонқул Раҳмонқулов. -Деҳқонон ба ин мушкилот одат карданд ва дар бартараф намудани душвориҳо донишу таҷрибаи худро муқобил мегузоранд. Аз ҷумла имсол ҳам бо истифода аз маҳорат ва таҷрибаи деҳқонӣ мақсади гирифтани ҳосили дилхоҳ доранд.
Сулаймонқул Раҳмонқулов деҳқонзодаи асил аст. Дар оилаи пахтакор ба воя расидаасту қадри обу замин, деҳқониро азиз медорад. Падараш Алиқул Раҳмонқулов устоди пахтаи ҷумҳурӣ буда, таҷрибаи солҳо дар ин соҳа андӯхтаашро ба писараш меомӯзонад.
Меҳнатдӯстӣ, кордонии Сулаймонқули ҷавон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки тарбияи падараш барабас нарафтааст.
Аз суҳбат бо ӯ маълум мешавад, ки нозукиҳои пахтакориро хуб аз худ кардааст. Доир ба технологияи парвариши пахта маълумоти кофӣ дорад. Медонад, ки кадом навъи пахта мутобиқи маҳал асту ҳосили бештар медиҳад.
Ба саволи мо дар ин хусус ҷавоб дод, ки кишти пахтаи навъи «Хуҷанд» барои минтақаи мо мувофиқи мақсад мебошад. Соли сеюм аст, ки деҳқонони хоҷагӣ ин навъи пахтаро кишт мекунанд. Аз ӯ хоҳиш намудем, ки бартарии навъи пахтаи «Хуҷанд»- ро шарҳ диҳад. Маълум гардид, ки ин навъ давоми 90 рӯз пухта мерасад. Оби зиёд талаб намекунад ва ба касалиҳо тобовар мебошад. Технологияи парвариши ин навъ талаботи худро дорад ва дар сурати онро риоя намудан ҳосили дилхоҳ ба даст овардан мумкин аст. Аз сабаби сершоху панҷа будан дар як метр шинонидани 5-6 ниҳол кифоя аст. Бо мақсади нигоҳ доштани ҳосил дар муҳлати муайян ниҳолҳо бояд сарчин шаванд. То пухта расидан ба пахтаи навъи «Хуҷанд» чор маротиба об ва се бор ғизо (пору ва нуриҳои минералӣ) додан зарур аст.
Дар хоҷагии деҳқонии «Муродбек» то ҳадди имкон ин талаботи фаровонҳосилиро риоя мекунанд ва баракати онро низ мебинанд. Натиҷаи меҳнаташон буд, ки аз ҷиҳати рӯёнидани ҳосили пахта хоҷагии деҳқонии «Муродбек» дар вилояти Хатлон ғолиб дониста шуд. Тавре роҳбари хоҷагӣ мегӯяд, имсол низ онҳо аз панҷ гектар пахтаи навъи «Хуҷанд» ҳосили фаровон мерӯёнанд.
Дар хоҷагӣ дигар намуди зироати кишоварзӣ низ парвариш меёбад. Онҳо мақсад доранд, ки дар татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди минбаъдаи соҳаҳои аграрӣ саҳм дошта бошанд. Бобати амалигардонии «Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2020» дар майдони як гектар замини санглох токзори нав бунёд намуданд.
Дар хоҷагии деҳқонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар қитъаи заминро самаранок истифода баранд. Дар заминҳои санглох боғҳои анор, ангур, ниҳоли тут бунёд мекунанд. Аз заминҳои обӣ ду ва аз он бештар ҳосил мегиранд.
Деҳқонон зироати серҳосилу хушсифати гандуми навъи эронӣ, пиёзи навъи испанӣ кишт мекунанд. Ҳосили онро ҳам ба бозори истеъмолӣ мебароранду ҳам ба саҳмдорон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷмандон тақсим менамоянд.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Муродбек» Сулаймонқул Раҳмонқулов дар як гӯшаи боғ 13 ниҳоли писта парвариш намуд. Таҷриба нишон дод, ки мавзеи Ҳалқаҷар ба парвариши ин навъи ниҳол мутобиқ аст. Аз ин рӯ, онҳо мақсад доранд, ки соли оянда дар майдони як гектар пистазор бунёд намоянд. Ниҳолҳои се навъ пистаи хандони эрониро аз хоҷагии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён дастрас мекунанд. Қаламчаи он дар замини обӣ нигоҳубин шуда, баъди чанд сол ҳосил медиҳад. Хоҷагии деҳқонии «Муродбек» серсоҳа аст. Бинобар ин, шумораи зиёди мардуми деҳот соҳиби ҷойи корӣ гардидаанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»