Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ санъаткорони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов ба навоҳии водии Рашт сафари ҳунарӣ доштанд.
Дар бозгашт хабарнигори рӯзнома бо роҳбари гурӯҳ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ҳамсуҳбат шуд, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони рӯзнома менамоем.
- Барномаи консертии «Корвони Ваҳдат»-ро кадом санъаткорони театр ҳамроҳӣ карданд?
- Бояд гӯям, ки гурӯҳи ҳунарии мо аз ҳунармандони маъруф – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, овозхони нозукадо Меҳринисо Ҳоҷибоева, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон овозхони номӣ Маҳмадалӣ Аюбов, раққосу устоди рақс Муҳаммадӣ Шарипов, овозхонон ва оҳангсозон Хушвахт Гулов, Усмон Исмоилов, Ҷамила Юсупова, Оймо Каримова, ровӣ — ҷоизадори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 Отахон Саидов, навозандагон Умед Соқиев, Абдураҳим Абдураҳмонов, Рустам Киборов дохил буданд.
Мо, ҳайати эҷодии театр, барномаи консертиро таҳти унвони «Корвони Ваҳдат» мураттаб намуда, ба навоҳии водии Рашт, ба сафари ҳунарӣ баромадем. Барномаи таҳиянамудаи аҳли эҷоди театр аз суруду таронаҳо бахшида ба Ваҳдат, Ватан ва қисмати мазҳака иборат буд. Барномаи консертии дастаи мо зиёда аз ду соат идома меёфт. Баромади Маҳмадалӣ Аюбовро дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, хусусан дар минтақаи Раштонзамин хеле хуб меписанданд. Тамошобинон ӯро гаштаву баргашта ба саҳна даъват мекарданд.
Услуби омехтаи классикии Меҳринисо Ҳоҷибоева низ тамошобинонро ба ваҷд овард, хусусан дар он маҳалҳое, ки гӯши тамошобинонаш ба навозиши оҳангҳои эҷодкардаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Акашариф Ҷӯраев ва услуби сурудхонии ӯ одат кардаанд. Ҳунарнамоии Усмон Исмоилов, Хушвахт Гулов, рақсҳои ба саҳна гузоштаи Муҳаммадӣ Шарипов, ровигии Отахон Саидов ва ҳунарнамоии ӯ бо Оймо Каримова, сурудхониву рақсҳои Ҷамила Юсуповаро низ тамошобинон дар ҳама ҷо хуш қабул намуданд.
- Бо кадом дастовез ба сафари ҳунарӣ рафтед?
- Сафари ҳунарӣ дар нақшаи солонаи театр буд. Ин сафарро махсус ба барномаи «Корвони Ваҳдат» дохил кардем ва пеш аз Рӯзи Ваҳдат ба мардум шодию фараҳ бахшидем. Охир, Ваҳдат дар ҷумҳуриамон сулҳу салоҳ, осудагию оромӣ овард. Бо сафари ҳунарии худ мо мардуми гуногунзабону гуногунақидаро чанд соат бо ҳам оварда, бар паҳлуи ҳам шинондем ва бо суруду рақсу саҳначаҳо фаҳмондем, ки ба ҳам омаданҳо натиҷаи оштии миллию ваҳдат аст.
Ҳамин мақсад буд, ки дар барномаи ҳунарӣ сурудҳои «Ваҳдат» (шеърҳои Х.Сафар, Ҷ.Қувват), «Ватан» (Г. Сафар), «Ватан» (М.Зокирова), «Тоҷикистон» (А.Хатлонӣ), «Ваҳдат» (Ҳ.Ғоиб), «Соҳилҳо» (Лоиқ), рақсҳои «Навои Бадахшон», «Шодиёна», дигар суруду рақсҳо ва саҳначаҳои «Лутфи латифа»-и ширинкор Аловуддин Абдуллоев ҷо дода шуда буд. Ҳама суруду рақсу саҳначаҳо мазмуни бо ҳам будану меҳру муҳаббат доштан ба якдигар, ба сарзамину халқи худро доранд ва онҳо шунавандаву бинандагонро ба ягонагиву сулҳу салоҳ, тарғиб менамоянд.
- Аз ин сафар чӣ хотираҳои неке дар ёдҳо боқӣ монд?
-Медонед, як меҳрубонии беғаразонаи мӯйсафеде маро ниҳоят мутаассир сохт. Вақте аз роҳи Тоҷикобод ба ноҳияи Тавилдара мегузаштем, мошини ман вайрон шуд. Мошинро ба назди устои мошинҳо бурдам. Дар ноҳияи Тоҷикобод ягона устохона будааст. Мошинҳои таъмирталаб бисёр. Навбат дароз. Нохост мӯйсафеде, ки ман умуман ӯро боре ҳам дидагӣ нестам, ба сӯйи ман нигариста, ба рӯйи кушоду бо овози баланд гуфт:
- Ай ,Аловуддини ҷунӣ! Биё, биё! Мошинта пеш биёр.
Мошинро пеш бурдам. Саломи гарму аҳволпурсӣ кард ва маро нишон дода:
-Ана, бинен, ин ҳамон «Ҷентелмен»- гӯён муаррифӣ намуд.
Мӯйсафед соҳиби устохона будааст, ки ба устояш фармуд, мошинамро таъмир карданд. Даст ба ҷайбам даровардам, ки ҳаққи усторо барорам. Мӯйсафед гуфт:
- Дастота холӣ барор. Ҳаму мна хандонданот ҳаққи мо.
Аз он хурсанд шудам, ки маро ба воситаи оинаи нилгун одамони ношинос медонанд.
Вақти баромади ҳар як ҳунарпеша ба тамошобинон бо чашми таҳқиқ менигаристам. Дар рӯйи онҳо кушодагию гармӣ, дар дидаи онҳо ташнагию шавқу ҳавас ба санъату ҳунар, шодию хушҳолиро медидам. Ба ҳунарнамоиҳои мо ҳамин хел менигаристанд, ки гӯё артисту сурудхониву рақсу бозиро бори аввал медиданд.
- Дар куҷоҳо баромад кардед?
-Дар марказу ҷамоатҳои ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод, шаҳри Роғун, шаҳраки Оби Гарм. Дар назди чорводорони хоҷагии Лахши ноҳияи Ҷиргатол ҳунарнамоӣ намудем. Ба хизматчиёни марзбони қисми ҳарбӣ, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷо гирифтааст, ройгон консерт додем. Сарбозон бо оҳангҳои мо дар майдон рақсу бозиву хурсандӣ карданд.
Дар шаҳри Роғун низ дар майдони марказӣ ройгон баромад кардем. Атрофи майдон пур аз хурду калони аҳолии шаҳр гардид. Онҳое, ки дар дил шавқу ҳаваси сурудхониву рақсу бозӣ доштанд, бо овозхонҳо ҳамовозӣ ва бо раққосаҳо ба майдон даромаданд. Сулҳу салоҳу осоиштагии кишвар тантана мекард.
Дар шаҳри Роғун ба сарбозони қисми ҳарбии мансуб ба Гвардияи миллӣ хидмати мадании ройгон намудем.
- Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ба ҳунарнамоии дастаи шумо чӣ хел муносибат карданд?
-Хеле хайрхоҳона муносибат карданд. Раиси ноҳияи Тавилдара Ҳимматшо Ғайратов, раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхӯҷаи Зоир, раиси ноҳияи Рашт Саидумрон Абдураҳмонов, раиси шаҳри Роғун Шариф Шарипов, раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов, дар ташкил ва гузаронидани барномаи консертӣ ёрии ҳаматарафа расониданд. Субҳ ва бегоҳиҳо аз ҳоли мо хабар мегирифтанд ва барои мо шароити фароғат муҳайё намуда, ҳар замон дастурхон мекушоданд.
Дар аксар навоҳие, ки мо ҳузур доштем, ҷойҳои таърихӣ ва зебоманзарро низ ба мо тамошо доданд. Мо аз роҳбарияти шаҳру навоҳии минтақаи Рашт ва мардуми санъатдӯсти он хеле миннатдор ҳастем.
Роҳбарият ва аҳолии шаҳру навоҳие, ки он ҷо ҳунарнамойӣ кардем, аз ҳунармандони театри мо миннатдоранд. Командири қисми ҳарбии ноҳияи Ҷиргатол, полковник А.Шарипов ва командири қисми ҳарбии Гвардияи миллӣ полковники гвардия С.Абдуллоев ба номи раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов сипоснома ирсол карданд. Дар он омадааст, ки гурӯҳи ҳунарпешагони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов ба сарбозони Ватан хидмати фарҳангии ройгон расониданд.
Як чизи дигарро бояд махсус таъкид кунам. Дар ҳама ҷо мушоҳида кардам, ки мардуми мо ташнаи суруду таронаҳои нав, дидори ҳунармандон ва меҳмонон ҳастанд. Ҷавонон дар навоҳиву деҳот ба ҳам меҳру муҳаббат доранд, дӯсту бародаранд ва ҳомии сулҳу салоҳанд, нигоҳдорандаи ваҳдати миллӣ мебошанд. Ин бошад, дар шароити кунунӣ хеле муҳим аст.
- Ташаккур барои суҳбат.
Тиллои НЕКҚАДАМ, Давлати Султон, «Садои мардум»