«Бо кафолати давлатӣ дорусозӣ рушд мекунад» ном мақоларо, ки 21 феврали соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» (№19-20) чоп шудааст, хондам. Боиси ифтихор аст, ки ҳамватани мо аз гулу гиёҳҳои Тоҷикистон 47 номгӯй даво ихтироъ кардаанд. Ман ба директори ҶДММ «Авитсенна» Сайидвалӣ Ҳикматов барои чунин ташаббуси наҷиб арзи сипос мекунам. Зеро ӯ на дар сухан, балки дар амал исбот кард, ки воқеан Тоҷикистони офтобию кӯҳистон мулки зархез ва гиёҳҳояш шифобахш аст. Боварӣ дорам, ки Сайидвалӣ Ҳикматов бо ин иктифо накарда, корҳои илмию истеҳсолиашро идома хоҳад дод.
Ҳар яки моро лозим аст, ки чунин истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намоем. Чӣ хел? Масалан, дар бисёр кишварҳои пешрафта асосан маҳсулоти ватаниро мехаранд. Ин як навъ дастгирии истеҳсолкунандагон ба шумор меравад. Дар мо чӣ? Ҳанӯз аз даврони шӯравӣ бисёриҳо бар чунин ақидаанд, ки «моли хориҷӣ басифаттар аст». Ҳол он ки имрӯз бисёр маҳсулоти ватаниамон метавонад бо маҳсулоти хориҷӣ рақобат намояд.
Тавре дар мақола омадааст, «ин давоҳо (давоҳои аз сиёҳдона тайёршуда) барои муолиҷаи зукому назла, сулфа, нафастангӣ ва зардпарвин низ муфид буда, кирмҳоро аз меъда берун мекунанд». Бо дарназардошти ин, духтурон бояд ба беморон доруҳои истеҳсоли Тоҷикистонро тавсия диҳанд.
Сониян, барои нуқтаҳои тиббии қисмҳои низомӣ, ки дар таъминоти давлат ҳастанд, доруҳои истеҳсоли Тоҷикистонро харидорӣ кунанд. Ин ҳам як нишонаи ватандӯстӣ мешавад.
Хуб мешуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон низ ҳангоми хариди доруворӣ ба доруҳои истеҳсоли ватанӣ арҷ гузорад.
Ҳар сол дар ҳайати гурӯҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи табибон ба маросими ҳаҷ мераванд. Хуб мешуд, ки гурӯҳи корӣ ҳангоми захира кардани доруҳо ба доруҳои истеҳсоли Тоҷикистон бартарӣ диҳад.
Омӯзгоронро ҳам зарур аст, ки вақте ба хонандагон дар бораи баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ сухан меронанд, харидани маҳсулоти ватаниро низ як ҷузъи он муаррифӣ кунанд.
Олмон, Хитой, Япония ва дигар кишварҳои пешрафта бо ҳамин роҳ истеҳсолоти ватаниро рушд доданд. Мо ҳам, агар аз сухан ба амал гузашта, ҳангоми харид бо ҳисси ифтихор маҳсулоти ватаниро нисбат ба хориҷӣ болотар гузорем, нуран алонур хоҳад шуд.
Абдураҳмон ОЙМИРЗОЕВ, сокини деҳаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Хуросон