Номаҳои шодбошӣ

№32 (3669) 22.03.2017

17 марти соли 2017 ба муносибати фарорасии ҷашни эҳёи табиат ва эътидоли баҳорӣ – Наврӯзи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишварҳои ҳавзаи фарҳангии ин иди бостонӣ, аз ҷумла ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Сарвазири ин кишвар Муҳаммад Навоз Шариф, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамедов номаҳои табрикӣ ирсол намуд.

Дар ин барқияҳо зикр гардидааст, ки Наврӯз – яке аз идҳои писандидатарини Машриқзамин бо анъанаҳои башардӯстонаву созандаи худ – некиву накукорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, покдиливу ҳусни ният ва эҳтироми ҳамдигар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодири тамаддуни умумиинсонӣ пазируфта шуда, машҳури олам шудааст. Зимнан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед кардаанд, ки кишварҳои мо, бо такя ба ғояҳои фарозандаву арзишманди он, минбаъд низ робитаҳои дӯстӣ ва муносибату ҳамкориҳои судмандашонро боз ҳам тақвият бахшида, густариш хоҳанд дод.

Дар арафаи ҷашни хуҷастаи Наврӯзи ҷаҳонӣ аз номи як қатор роҳбарони кишварҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ табрикоти идона ирсол гардидаанд.

 Аз ҷумла, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омадааст: 

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ва мардуми Қазоқистонро ба муносибати ҷашни барои халқҳоямон умумӣ-Наврӯз қабул фармоед.

Бигзор ҷашни ба динҳову забонҳо тақсимнашавандаи Наврӯз, ки ба ваҳдату шукуфоӣ даъват намуда, ба тамоми одамон рафоҳат мебахшад, ба халқи бародари мо фараҳу иқбол орад.

Мутмаинам, ки муносибатҳои мавҷудаи миёни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар ҳамдигарфаҳмию шарикии созгор асос ёфтаанд, минбаъд ҳам ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар густариш ва рушд меёбанд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Эмомалӣ Раҳмон, дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

 Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат ­Мирзиёев омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Боиси ифтихори бузург аст, ки ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро ба муносибати фарорасии иди зебои баҳор, офариниш ва эҳё – Наврӯз ирсол медорам.

Наврӯз, ки бо куҳанбунёдӣ ва зебоии аҷиби худ фарқ мекунад, аз азал асолат ва қаринии тафаккур, анъана ва марому мақсадҳои неки мардумони Ӯзбекистону Тоҷикистонро таҷассум менамояд.

Фалсафаи амиқи Наврӯз моро ҳамеша ба таъмини некуаҳволии мардумони минтақа, ҳифзи сулҳу субот ва инчунин ба эҳтироми рӯҳияи дӯстиву ҳамбастагӣ ҳидоят мекунад.

Ин ҷашн, ҳамчунин рамзи ҳавасмандии мо ҷиҳати ҳаматарафа баланд бардоштани ҳамгироии Ӯзбекистону Тоҷикистон дар асоси принсипҳои қавии дастгирии ҳамдигар бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн мебошад. Мутмаинам, ки муносиботи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи дарозмуддат миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ пайваста таҳким хоҳанд ёфт.

Дар ин рӯзҳои идона, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба аъзои оилаатон хушбахтиву саодатмандӣ, саломатии бардавом ва комёбиҳои нав ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон – сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъда орзу менамоям».

 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев дар барқияи худ гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми халқи тоҷикро ба муносибати иди баҳор – Наврӯз аз самими қалб табрик менамоям!

Бо ин иди таърихӣ аз қадимулайём халқҳои мо ба оянда бо умедҳои нек ва дурахшон менигаристанд. Бигзор Наврӯз, ки рамзи эҳё ва садоқат ба анъанаҳои аҷдодони хирадманд маҳсуб мешавад, ба таҳкими минбаъдаи рӯҳияи умумӣ ва дӯстии байни халқҳои мо боис гардад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон – сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам».

 Дар барқияи табрикии Президенти Турк­манистон Гурбонгули Бердимуҳамедов омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Бо шарафмандӣ ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми мардуми бародари Тоҷикис­тон ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрикоти самимӣ ва таманниёти некуаҳволӣ ва шукуфоиро ирсол медорам.

Анъанаҳои неки Наврӯз, ки онҳоро халқҳои мо дар тӯли асрҳои зиёд гиромӣ медоштанд, имрӯз эътирофи байналмилалӣ гирифтанд. Шомил шудани ­Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО тасдиқи дигари беназирӣ ва аҳамияти умумибашарӣ доштани ин ҷашн гардид. Ҳамчунин, Наврӯз аз ҳавас­мандии пойдори мардумони кишварҳои мо ба принсипҳои олии инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ, ки ба дӯстӣ, ҳусни таваҷҷуҳ ва ҳамзистии осоишта даъват менамоянд, шаҳодат медиҳад.

Бигзор ин ҷашни зебои баҳор ва эҳё барои Шумо ва мардуми кишваратон шодӣ, шукуфоӣ ва пешрафт орад».

Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар барқияи табрикии худ фармудааст:

«Бо масаррати фаровон беҳтарин ва самимонатарин маротиби табрикоти қалбии хеш, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба муносибати фарорасии соли 1396 хуршедӣ ба Ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим дошта, мақдами пуртаровати баҳорро бароятон табрик мегӯям.

Таҷлили ҳамагонӣ аз Наврӯз ин амонати баҳорӣ, баёнгари суннатҳои писандида ва фарҳанги бостонии мардуми кишварҳои узви ҳавзаи Наврӯз буда, гиромидошти он мазҳари ҳамбастагӣ ва ваҳдати бештар миёни кишварҳо ва мардуми ин ҳавза мебошад. Аз даргоҳи Худованди бузург талабгорам то соле, ки дар пеши рӯ аст, паёмовари беҳрӯзӣ, рифоҳ ва шукуфоии бештари тамоми мардуми кишварҳои узви ҳавзаи Наврӯз ва ба вежа, мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Орзумандам дар соли пеши рӯ равобити нек ва дӯстонаи мавҷуд миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама арсаҳо таъмиқ ва густариши бештар ёбад.

Дар фарҷом афзун бар таҳнияти муҷаддади соли нав сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шуморо тавъам бо рифоҳ ва тараққии рӯзафзуни мардуми бародар ва дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргоҳи Худои маннон талаб менамоям».

Дар табрикоту таманниёти Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Руҳонӣ, чунин омадааст:

«Фаро расидани иди Наврӯзро ба Ҷаноби Олӣ, давлат, мардуми шариф ва мусалмони Тоҷикис­тон самимона табрик мегӯям. Наврӯз зеботарин ҷашни табиат аст, ки бо гузар аз зимистон ба баҳор, умеду сарсабзиро ба армуғон меоварад. Ин чашн намоди эътидол, оромиш, гармӣ, рӯшноӣ, фаровонӣ ва тароват аст, ки Худованди бузург ба инсон арзонӣ медорад. Эътидоле, ки реша дар таҳаввулоти табиат, боварҳои дин ва аҳкоми исломи раҳмонӣ дорад.

Сулҳу иттиҳод дар минтақаи бостонии Наврӯз бар пояи хостаҳои миллатҳои муътадили ин минтақа а­ст. Ҷаҳони имрӯз беш аз ҳар замони дигар ба умеде ниёз дорад, ки дар партави он муҳаббат, ишқу самимиятро арҷ ниҳода, кишварҳоро ба ҷойи муқобилат ба дӯстӣ даъват намояд, чаро ки миллатҳо бо доштани умед ва сулҳу оромиш метавонанд дар партави иттиҳоду дӯстӣ бо якдигар бо чеҳраи зишт ва нописанди баромада аз каҷфаҳмӣ аз дину ифротгароии қабилаӣ, ки ҳосили он терроризм аст, муқобилат намоянд.

Аз Худованди мутаол соле саршор аз шодкомӣ, саломатӣ ва муваффақият барои он Ҷаноб ва мардуми дӯсту бародари Точикистон орзу мекунам».

www.president.tj